Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикасти мунтахаби наврасони Тоҷикистон аз Кореяи Шимолӣ


Дастаи мунтахаби футболи наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар бозии дувумаш дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2025 аз тими Кореяи Шимолӣ бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрд.

Бозии даври дувуми гурӯҳи «D» миёни дастаҳои мунтахаби наврасони Тоҷикистону Кореяи Шимолӣ шаби сешанбеи 8-уми апрел дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ, дар варзишгоҳи “Шоҳзода Абдуллоҳ Спортс Сити Холл”, доир шуд.

Бозӣ бо бартарии комили футболбозони навраси кореягӣ сурат гирифт. Онҳо ҳарсе голро дар нимаи дувуми дидор ба самар расонданд. Ду голро Пак Кванг – Сонг дар дақиқаҳои 50-ум ва 58-ум зад. Голи сеюмро Ри Канг - Рим дар дақиқаи 82-юм ба дарвозаи мунтахаби Тоҷикистон ворид кард.

Бозии дигари даври дуюм дар гурӯҳи “D” байни дастаҳои мунтахаби наврасони Уммону Эрон бо ҳисоби 3:2 ба суди уммониҳо хотима ёфт.

Ба ин тартиб, ҳарчор дастаи гурӯҳи “D” шонси ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфта, соҳиби роҳхат ба қаҳрамонии ҷаҳон-2025 миёни наврасон шуданро нигоҳ доштаанд. Бозиҳои даври сеюми мусобиқот дар ин гурӯҳ ду дастаи беҳтаринро муайян мекунанд.

Футболбозони навраси тоҷик бозии севумашонро дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2025 рӯзи ҷумъаи 11-уми апрел дар Ҷидда, дар варзишгоҳи “Шоҳзода Абдуллоҳ Ал-Файсал”, бо ҳамсолони худ аз Эрон анҷом медиҳанд.

Дар бозии дигари даври ниҳоӣ дар ин гурӯҳ 11-уми апрел дар Ҷидда, дар варзишгоҳи Шоҳ Абдуллоҳ Спортс Сити Холл”, дастаҳои наврасони Уммону Кореяи Шимолӣ рӯбарӯ хоҳанд шуд. Ҳарду бозии даври сеюм соати 22:15 бо вақти Душанбе оғоз меёбад.

Мутахассиси итолиёӣ Марко Раҷини, сармураббии дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17), гуфт, “тими Эрон барои мо ба хубӣ ошност, чунки дар мусобиқаҳои Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ чандин маротиба бо ҳам вохӯрдаем ва бозиҳои мо ҳамеша душвор мегузаштанд.”

Бар асоси қуръакашӣ, шонздаҳ даста ба чаҳор гурӯҳ тақсим шудаанд:

гурӯҳи «А» - Арабистони Саудӣ, Узбекистон, Тайланд, Чин;

гурӯҳи «В» - Ҷопон, Австралия, Ветнам, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ;

гурӯҳи «С» - Кореяи Ҷанубӣ, Яман, Афғонистон, Индонезия;

гурӯҳи «D» - Эрон, Тоҷикистон, Уммон, Кореяи Шимолӣ.

Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба чорякфинали Ҷоми Осиё-2025 роҳ меёбанд. Ҳамаи иштироккунандагони даври чорякниҳоӣ соҳиби роҳхат ба қаҳрамонии ҷаҳон-2025 миёни наврасон мешаванд, ки аз 5-ум то 27-уми ноябр дар Қатар доир мегардад.

То ҳоло се даста - Узбекистон, Арабистони Саудӣ (гурӯҳи “А”), Индонезия (гурӯҳи “С”) – пешакӣ ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфта, соҳиби роҳхат ба қаҳрамонии ҷаҳон-2025 миёни наврасон шудаанд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи “D”:

ҶДАСТАҲОИ МУНТАХАББҒМБТ/ТИ
1Кореяи Шимолӣ21104-14
2Тоҷикистон21012-43
3Уммон21014-43
4Эрон20113-41

Даври 3-юм

Оғози бозӣ – соати 22:15 бо вақти Душанбе

Эрон - Тоҷикистон

Ҷидда, варзишгоҳи “Шоҳзода Абдуллоҳ Ал-Файсал”

11-уми апрел (шанбе)

Оғози бозӣ – соати 22:15 бо вақти Душанбе

Уммон – Кореяи Шимолӣ

Ҷидда, варзишгоҳи “Шоҳ Абдуллоҳ Спортс Сити Холл”

XS
SM
MD
LG