Пайвандҳои дастрасӣ

Шӯрои Амният: "Ифротиён дар сар ҳавои вуруд ба Осиёи Марказиро доранд"


Лаҳзаи таслими чанд ҷангҷӯи гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" дар Ҷузҷони Афғонистон. Акс аз бойгонӣ
Лаҳзаи таслими чанд ҷангҷӯи гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" дар Ҷузҷони Афғонистон. Акс аз бойгонӣ

Шӯрои Амнияти Созмони Милал ҳушдор додааст, ки гуруҳи ба ном “Давлати исломӣ” дар пайи васеъ кардани доманаи фаъолияташ дар Осиёи Марказӣ аст ва борҳо аз тарафдоронаш хостааст, ҷойҳои ҷамъомади мардумро ҳадаф бигиранд.

  • Дар гузориши солонаи Шӯрои Амният дар бораи хатари ДОИШ, ки ба тозагӣ нашр шуд, омадааст, ҷангҷӯён аз худи кишварҳои минтақа барои расидан ба аҳдофашон қаламрави Қазоқистонро ба ҳайси минтақаи транзитӣ барои убуру мурур истифода мекунанд.
Намояндагони кишварҳои узви Созмони Милал хабар додаанд, ки гуруҳи ба ном “Давлати исломӣ” дар ихтиёраш аз 50 то 300 миллион доллар дорад

АЗ ТОҶИКИСТОН, ҚИРҒИЗИСТОН ВА УЗБЕКИСТОН

Инҳо шаҳрвандони Тоҷикистону Узбекистону Қирғизистон будаанд ва ба гуфтаи муаллифони гузориш танҳо дар соли 2018 панҷоҳ нафари онҳо боздошт шудаанд.

“Сӣ нафари онҳо бо иттиҳомоти вобаста ба терроризм дастгир шудаанд”, – омадааст дар гузориш. Шӯрои Амният дар гузориши имсолааш ҳамлаи террористӣ ба дучархасаворон дар Тоҷикистонро мисол овардааст.

Дар ин ҳамла дар рӯзи 29-уми июли соли 2018 чаҳор сайёҳи хориҷӣ, аз ҷумла аз Амрикову Ҳолланд ва Швейтсария кушта шуданд ва ду нафари дигар осеб диданд.

Яке аз нишастҳои Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид
Яке аз нишастҳои Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид

Дар гузориши Шӯрои Амнияти Созмони Милал, ки рӯзи 11-уми феврали имсол нашр шуд, омадааст, “Давлати исломӣ” дар Ироқу Сурия аз 14 то 18 ҳазор ҷангҷӯ дорад ва дар байни онҳо 1000 нафарашон хориҷӣ ҳастанд.

ГУРӮҲҲОИ "ХАТИБА" ВА "КАТИБАТ"

Дар Сурия, ба гуфтаи муаллифон, гуруҳҳое бо номи Хатиба ал-Бухорӣ ва Катибат-ал-Тавҳид ҳастанд, ки аз зодагони Осиёи Марказӣ ва бахусус шаҳрвандони Узбекистон иборатанд ва аз 200 то 300 ҷангҷӯ доранд.

Бо вуҷуди шикасти сахт, ба гуфтаи муаллифони гузориш, ин гуруҳи террористӣ, аз ҳадафи худ барои таъсиси “хилофати исломӣ” даст накашидааст ва барои ин кор ба ҳамлаву бомбгузорӣ ва харобкорӣ идома медиҳад.

Кишварҳои узви Созмони Милал хабар додаанд, ки гуруҳи ба ном “Давлати исломӣ” дар ихтиёраш аз 50 то 300 миллион доллар дорад ва қодир аст, бо вуҷуди саркӯб шудан, ҳамлаҳои васеъмиқёсу хатарноке анҷом бидиҳад.

Таҳлилу таҳқиқи коршиносон нишон додааст, ки кишварҳои ҷаҳон ва бахусус кишварҳои Африқо ва Осиёи Марказӣ ба хатарҳои ҷиддие аз тарафи ДОИШ рӯ ба рӯ ҳастанд. Урдугоҳҳои онҳо дар Афғонистон ҳамчунон мондаанд ва ин гуруҳи ифротӣ ҳарчӣ бештар аз занону кӯдакон барои фаъолиятҳои террористиаш истифода мекунад.

"БОЗГАШТИ ҶАНГҶӮЁН МУНОҚИШАРО БА МИНТАҚАҲОИ НАВ МЕКАШАД"

Раиси Кумитаи зиддитерористии Созмони Милал рӯзи 22-юми феврал дар як нишасте гуфт, бозгашти ҷангҷӯёни хориҷӣ ба зодгоҳҳояшон метавонад, як омили густариши фаъолияти гуруҳи “Давлати исломӣ” бошад.

“Бозгашти ҷангҷӯён, муноқишаро ба минтақаҳои нав мекашад. Озод шудани ҷангҷӯёни хориҷӣ аз зиндонҳо, ҳамчунин, барои кишварҳо мушкилоти дарозмуддат меофарад”, – гуфт раиси кумита Густаво Меза-Куадра.

Бино ба тахмини Гуруҳи байналмилалии пажуҳиши буҳронҳо беш аз 4000 нафар аз шаҳрвандони Осиёи Марказӣ ба Сурияву Ироқ рафта, ба сафи гуруҳҳои ифротиву террористӣ ба мисли “Давлати исломӣ” пайвастаанд. Танҳо аз Тоҷикистон ба гуфтаи мақомот беш аз 1900 нафар ба Ховари Миёна рафта, садҳо нафар ҳалок шудаанд ва тақрибан сад нафар ба кишвар баргаштаанд.

Дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ бахусус Тоҷикистон дар баробари хатарҳои гуруҳи “Давлати исломӣ” осебпазир аст, чун дар марзи Афғонистон қарор дорад.

“Айни замон такягоҳҳои “Давлати исломӣ” дар Афғонистон дар вилоятҳои шарқии Нангарҳор, Кунар, Нуристон ва Лағмон мавҷуданд. Тахмин мешавад, ки ин созмон дар Афғонистон аз 2500 то 4000 аъзо дорад”, - омадааст дар гузориш.

НИГАРОНИИ АСЛӢ АЗ ЧИСТ?

Ба қавли муаллифон, баъзе аз аъзои “Давлати исломӣ” ва дигар гуруҳҳои ифротӣ ба мисли Ҳаракати исломии Узбекистон, гуруҳи “Ҷиҳоди исломӣ” ва гуруҳи “Ансоруллоҳ”, “дар сар ҳавои вуруд ба кишварҳои Осиёи Марказиро доранд, аммо бо амри Толибон ба ҳамлаҳо ба ҳукумати Афғонистон тамаркуз кардаанд.”

Дар гузориш омадааст, кишварҳои узв ба Созмони Милал хабар додаанд, ки дар вилояти Бадахшони Афғонистон 500 террористи хориҷӣ аз Узбекистону Тоҷикистону Қирғизистон, Қафқоз ва Покистон паноҳгоҳ ёфтаанд. Ҳарчанд то кунун ҳеҷ дар бораи талош барои вуруди гуруҳҳои ифротӣ аз Афғонистон ба Тоҷикистон гузориш нашудааст, дар дохил даҳҳо нафар аз аъзои гуруҳи “Давлати исломӣ” бо гуноҳи талош барои ҳамлаи террористӣ ба зиндон маҳкум шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, таҳдиди ифротгароӣ ва бахусус гуруҳи “Давлати исломӣ”-ро ҷиддӣ мегиранд ва барои муқобила бо он ҳама чораҳои заруриро меандешанд. Як манбаъ дар Шӯрои амнияти миллии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, нигаронии аслии онҳо ҷангҷӯёне аст, ки бозгашта ва ба зиндон маҳкум шудаанд ва ба осонӣ тағйир намеёбанд.

“Бо ғояҳои ифротиашон метавонанд, афкори дигар зиндониёнро заҳролуд кунанд"- афзуд мусоҳиби мо.

КАШФИ "ҲАЛҚАҲОИ ХУФТА"

Ба қавли мусоҳиби Радиои Озодӣ, ҳарчанд тақвияти марзҳо харҷи бештарро талаб мекунад ва ба буҷа фишор меорад, ҳифзи амнияту субот ва ҷилавгирӣ аз ҳамлаҳои террористӣ ба мисли ҳамла ба дучархасаворон авлавияти кор аст.

Мусоҳиби Радиои Озодӣ ҳамчунин афзуд, ахиран мақомоти интизомии Тоҷикистон бо ҳамтоёни худ аз кишварҳои муштаракулманофеъ шеваҳои кашфи “ҳалқаҳои хуфта”-и гуруҳҳои ифротиро тамрин кардаанд. “Ҳадаф ин буд, ки роҳҳои шиносоии тарафдорони гуруҳи “Давлати исломӣ” ва пешгирӣ аз ҳамлаҳои онҳоро дурусттар омӯзанд”, - афзуд ӯ.

Мақомот гуфтанд, баъзе аз ҷангҷӯёни гуруҳи "Давлати исломӣ" бо ибрози пушаймонӣ ба ватан баргаштанд
Мақомот гуфтанд, баъзе аз ҷангҷӯёни гуруҳи "Давлати исломӣ" бо ибрози пушаймонӣ ба ватан баргаштанд

Дар бораи таҳдид ва хатарҳои афзондаи гуруҳи “Давлати исломӣ” ба кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳлилу гузоришҳои зиёде нашр шудаанд ва баъзе аз таҳлилгарон мегуянд, ки дар ин таҳлилҳо муболиға зиёд аст.

Дар як таҳқиқе, ки як таҳлилгари рус ва ду пажӯҳишгари ғарбӣ се моҳ пеш дар ин бора нашр карданд, гуфта мешавад, “аломатҳо нишон медиҳад, ҷангҷӯён аз тарси ҳукуматҳои сахтгири Осиёи Марказӣ ба ватанҳояшон барнамегарданд ва онҳое ҳам, ки баргаштаанд, аксаран аъзои хонаводаҳои ҷангҷӯён ҳастанд, на худи онҳо.”

XS
SM
MD
LG