Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сабаби марги ду нафарро дар ноҳияи Восеъ гуфтанд


Сабаби марги ду нафарро дар ноҳияи Восеъ гуфтанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:16 0:00

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед

Мақомоти расмӣ дар ноҳияи Восеъ сабаби марги як кӯдаки 5-сола ва як навраси 11-соларо маълум кардаанд.

Ҷамшед Шарифзода, раиси ноҳия, дар оғози моҳи август ва дар нишасти хабарӣ гуфт, марги фоҷиавии Иброҳимҷон Қосимӣ ва Абӯбакр Аламшоҳ аз моддаҳои кимиёвии кушанда буд.

Ба иттилои ӯ, ба пизишкон муяссар шудааст, панҷ нафари дигарро, ки аксаран наврас ҳастанд, аз чанголи марг раҳо кунанд.

Сокинони деҳаи Қайнар дар ноҳияи Восеъ мегӯянд, аҳволи ин бачаҳо баъд аз оббозӣ дар як наҳре, ки поёноби киштзорҳои пахта ба он ҷорӣ мешавад, бад шуд. Ҳодиса рӯзи 12-уми июли имсол иттифоқ уфтодааст.

Баъзе аз хабарнигорон дар нишасти матбуотии раиси ноҳияи Восеъ, табибонро танқид карданд, ки саривақт натавонистаанд беморонро маълум кардаву барои муолиҷа баранд.

Хабарнигор Билоли Шамс гуфт: “Ду кас фавтид, панҷ кас бистарӣ шуд. Дар ҳар деҳа марказҳои саломатӣ ҳаст. Ба 50-100 хона ҳамшира вобаста шудааст. Наход огоҳ нашаванд? Баъди се рӯз огоҳ шудаанд.”

Раиси ноҳияи Восеъ иқрор шуд, ки дар ин ҳодиса табибон ҳам то ҳадде гуноҳ доранд, вале хонаводаҳои заҳролудшудагонро танқид кард, ки саривақт ба табибон муроҷиат накардаанд.

Дар Тоҷикистон заҳролудшавӣ аз истеъмоли ғизои олуда ва ё кӯҳнашуда ва марг аз он ҳар тобистон сабт мешавад, аммо ҷон бохтани кӯдакон баъди заҳролуд шудан дар оби олуда ба моддаҳои кимиёвӣ ва ё нуриҳои минералӣ бисёр ҳодисаи нодир аст.

XS
SM
MD
LG