Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзноманигори зиндониро ҷарроҳӣ накарданд ва ба “критий” бурданд


Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, рӯзноманигори зиндонии тоҷик
Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, рӯзноманигори зиндонии тоҷик

Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, рӯзноманигори зиндонии тоҷикро, ки дар пайи бад шудани вазъи саломатияш ба бемористони шаҳри Ваҳдат интиқол дода буданд, дубора ба маҳбаси низомаш сахти Душанбе ё “критий” бурдаанд.

Дар ин бора як манбаи боварибахши наздик ба идораи зиндонҳои Тоҷикистон хабар дод.

Даҳ рӯз пеш наздикони Пирмуҳаммадзода ба Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки вазъи саломатии ӯ бисёр бад аст ва фавран бояд ҷарроҳӣ шавад. Наздикони Пирмуҳаммадзода гуфта буданд, ки ба Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Тоҷикистон муроҷиат кардаанд, то иҷоза диҳанд, ӯро дар берун аз зиндон бо усули лазерӣ ҷарроҳӣ кунанд. Вале манбаи Радиои Озодӣ мегӯяд, наздиконаш чунин иҷозаро дарёфт карда натавонистанд ва худи Пирмуҳаммадзода барои ҷарроҳӣ дар бемористони зиндон розӣ нашудааст.

Идораи зиндонҳои Тоҷикистон то кунун дар мавриди ин қазия ва ҳамчунин вазъи саломатии рӯзноманигори зиндонӣ изҳори назар накардааст. Ҳоло наздикони Пирмуҳаммадзода мегӯянд, аз вазъи саломатӣ ва аҳволи ӯ дигар хабар надоранд, зеро зиндони “критий” режими шадид ва шароити сахте барои мулоқоту дидорбинӣ дорад.

Ҳафтаи дувуми сентябр, бародари Пирмуҳаммадзода гуфта буд, ки аҳволи бародараш “бениҳоят вазнин” шудааст ва духтур гуфтааст, ки “талхааш пусидаст, аҳволаш бад, дар ҳолати лоғарӣ аст ва гурдаҳояшро ҳам беҳад дарди вазнин доранд.”

Дар пайи нашри ин хабар Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон (CPJ) аз ҳукумати Тоҷикистон дархост кардааст, ки ба Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, рӯзноманигори зиндонии тоҷик кумаки фаврӣ ва муносиби тиббӣ расонда шавад. Ин ниҳод, ҳамчунин рӯзи 12-уми сентябр дар шабакаи X навишт, ки шаш моҳ нигаҳ доштани рӯзноманигор дар утоқи якнафарии зиндон ва бад шудани саломатии ӯ нигаронкунанда аст.

Абдусаттор Пирмуҳаммадзодаро, ки дар зиндони шаҳри Хуҷанд адои ҷазо мекард, муддате пеш ба маҳбаси низомаш шадиди Душанбе интиқол дода буданд, вале наздиконаш танҳо пас аз бемор шудану ба бемористони зиндони Ваҳдат афтоданаш хабардор шудаанд, ки ӯро аз Хуҷанд ба Душанбе овардаанд. Мақомот сабаби ин интиқолро низ то ҳанӯз шаҳр надодаанд. Ба гуфтаи пайвандонаш, вазъи саломатии ӯ дар зиндони низомаш шадиди Душанбе бад мешавад ва мамъмурони зиндон тасмим мегиранд, ки ӯро ба бемористони зиндони шаҳри Ваҳдат бибаранд.

Пирмуҳаммадзодаро дубора ба зиндони низомаш шадиди Душанбе дар ҳоле бурдаанд, ки наздиконаш мегуфтанд, ӯ бояд ҷарроҳӣ шавад, вале худаш розӣ нест, ки амалиёти ҷарроҳӣ дар дохили зиндон бо усули кӯҳна бигузарад.

То ба бемористони зиндони шаҳри Ваҳдат овардани Пирмуҳаммадзода, наздиконаш гуфта буданд, ки 6 моҳ аз сарнавишт ва вазъи ӯ хабаре надоштанд. Ду моҳ пеш наздикони Пирмуҳаммадзода шикоят карда буданд, ки аз моҳи март ба ин сӯ аз аҳволаш хабар надоранд, дар зиндони Хуҷанд ба онҳо иҷозаи мулоқот надодаанд. Аммо дар бемористони зиндони Ваҳдат огаҳӣ ёфтаанд, ки ӯ 6 моҳ дар ҳуҷраи камераи ҷаримавӣ (ШИЗО) будааст ва пас аз 6 моҳ ба маҳбаси “критий” интиқол дода шудааст.

Пирмуҳаммадзода моҳи декабри соли 2022 бо иттиҳоми узвият дар созмонҳои мамнуъ ба 7 сол зиндон маҳкум шуд. Аммо худаш ва наздиконаш айбномаро борҳо рад кардаанд. Ин рӯзноманигор баъди боздошт дар номае аз боздоштгоҳ навишт, аз рӯзи аввал зери фишори равонӣ ва шиканҷа буд, то иттиҳоми ба қавлаш "бофтаву сохта"-и мақомоти милисаро ба дӯш бигирад. Дар Додситонии кулли Тоҷикистон инро тасдиқ накарданд.

Мақомоти Тоҷикистон баъди соли 2022 беш аз даҳ хабарнигор ва блогерро боздошт ва дар мурофиаҳои пӯшида, умдатан бо иттиҳоми ифротгаройӣ, ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум карданд. Ҳамчунин аз марги дастикам 7 зиндонӣ хабар дода шудааст, ки сабаби асосии ин маргумир сари вақт нарасондани кумаки тиббӣ будааст. Талаби созмонҳои ҳомии ҳуқуқ барои таҳқиқи ин ҳодисаҳо ва озодии хабарнигорон то ин дам нодида гирифта шудааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG