Владимир Путин дар паёме ба қонунгузорони Русия дар Қрим – як минтақаи Украина, ки Русия онро дар моҳи март ба худ ҳамроҳ кард, гуфт, Украина “ба ҳарҷу марҷи хунин ва як низои бародаркуш ғарқ шудааст”. Ӯ афзуд, ки вазъ дар ин ҷо рӯз ба рӯз бадтар мешавад, вале нагуфт, ки Русия чӣ гуна барои қатъи низоъ дар шарқи Украина ёрӣ хоҳад кард.
Путин ҳамчунин гуфт, Русия набояд байни худ ва ҷаҳони берун девор гузорад ва робитаро аз коршариконаш канад. Ӯ дар идомаи сӯҳбаташ гуфт: “Вале мо набояд ба онҳо иҷоза диҳем, ки бо таҳқир бо мо рафтор кунан.” Раисиҷумҳури Русия гуфт, русҳо бояд муттаҳид ва сарҷамъ шаванд, аммо на ба хотири рӯёрӯӣ, балки барои кор ба хотири номи Русия.
Баъди онки Русия Қримро ба қаламраваш ҳамроҳ кард ва пуштибонии аз ҷудоихоҳони тарафдори худ дар шарқи Украина даст накашид, кишварҳои ғарбӣ алайҳи Маскав чандин бастаи таҳримҳоро ҷорӣ карданд. Русия ин иддаоҳоро рад кардааст, ки гӯё ҷудоихоҳонро бо силоҳ таъмин мекунад ва омӯзиш медиҳад ва дар посухи таҳримҳо воридоти маводи ғизоӣ аз кишварҳои ғарбиро боздошт.
Путин дар мулоқот бо қонунгузорони Русия дар Ялта гуфт, вай маҷбур буд, ба хотири дифоъ аз манофеи миллии Русия ва мадад ба рушди кишоварзии кишвари худ воридоти маҳсулоти кишварҳои Ғарбро манъ кунад. Вай ҳамчунин гуфт, ин қарор ба ҳампаймонҳои нави Русия дар Амрикои Лотин ва кишварҳое мисли Туркия имкон медиҳад, соҳиби саҳми бузургтаре дар бозори Русия шаванд.
Путин тарҳи Вазорати дифоъро ба таъсиси гурӯҳи фаврии нерӯҳои мусаллаҳи Русия дар Қрим дуруст шуморид ва гуфт, ҳузури он зиёдаравона ва гаронқимат нахоҳад буд.
Ин сафари дуввуми Путин ба Қрим баъд аз илҳоқи он ба Русия аст ва ду рӯз давом мекунад. Украина ин сафарро шадидан танқид кард, вале Путин эътирозҳои Киевро нодида гирифта, гуфт, Қрим бояд рамзи давлати тавоно ва воҳиди Русия шавад.