Сабти ном дар замимаи RuID ва гирифтани рамзи электронӣ пеш аз сафари Русия, ки дар аввал ҳатмӣ буд, ҳоло ихтиёрӣ унвон шудааст. Дар ин бора сафорати Русия дар Тоҷикистон хабар додааст. Айни ин хабарро дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон низ тасдиқ карданд. Хабари ҷорӣ шудани низоми нави вуруд ба Русия нигаронии муҳоҷирони тоҷикро ба миён овард ва боиси баланд шудани нархи билети ҳавопаймо шуд.
Сафорати Русия дар Тоҷикистон дар саҳифаи Телеграммаш навиштааст, надоштани рамзи QR ҳангоми убури марзи Русия мушкил эҷод нахоҳад кард ва асос барои рад кардани вуруд ба Русия намешавад.
Сафорат танҳо гуфтааст, сабти ном дар замимаи RuID ҳарчанд ихтиёрӣ аст, вале баъзе бартариҳо дорад. Аз ҷумла, шаҳрванди хориҷӣ мефаҳмад, ки ҳаққи вуруд ба Русияро дорад ё не. Инчунин сабти ном дар ин барнома, гирифтани симкорти ширкатҳои Русияро барои муҳоҷирон осон мекунад. Дар сафорати Русия гуфтанд, озмоиши шеваи нав то моҳи июни соли 2026 идома мекунад.
Рӯзи 1-уми июл дар вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ҳам чанд нуқтаи билетфурӯшӣ дар Душанбе тасдиқ карданд, ки гирифтани рамзи QR пеш аз сафари Русия ҳатмӣ нест.
Ин рамз моҳи гузашта эълон шуд ва сарусадои зиёд ба бор овард. Бар пояи он хориҷиён бояд 72 соат пеш аз вуруд ба Русия худро дар пойгоҳи “Госулуги RuID” сабти ном кунанд ва рамзи махсус бигиранд.
Дар аввал гуфта мешуд, ки бе ин рамз касе ба Русия роҳ дода намешавад. Русия гуфтааст, ки ин тадбир барои пешгирӣ аз муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва назорати муҳоҷирон дар қаламраваш зарур аст.
Ин хабар нигаронии муҳоҷиронро ба миён оварда, боиси то 7 ва 8 ҳазор сомонӣ қимат шудани билетҳо гашт. Муҳоҷирони тоҷик аз он тарс доштанд, ки баъди 30-юми июн бо баҳонаи надоштани рамзи QR онҳоро ба Русия роҳ намедиҳанд. Аммо билетфурӯшҳои Душанбе мегӯянд, ин нигаронӣ бартараф шуда, нархи билет ба шаҳрҳои Русия то 2800 сомонӣ паст шудааст.
Наргис Розиқова, корманди яке аз нуқтаҳои билетфурӯшӣ дар Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳатмӣ набудани сабтином дар замимаи RuID, барои муҳоҷирон хабари хуб аст.
Қоидаи нави сафари муҳоҷирон ба Русия ва талаби рамзи хос аз онҳоро як талоши мақомоти интизомии Русия барои назорати муҳоҷирон медонанд. Русия давоми як соли ахир наздик ба 40 қонуни нави назорат бар муҳоҷиронро қабул кард. Аз ҷумла пулиси Русия метавонанд муҳоҷиронро бидуни қарори додгоҳ ихроҷ кунад. Даҳҳо муҳоҷир аз Тоҷикистон шикоят карданд, ки бидуни сабаби рушан онҳоро аз фурудгоҳи Русия пас мегардонанд.
Гуфтугӯ