Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия бо дархости Тоҷикистон 400 нафарро боздошт кардааст


Владимир Колоколсев, вазири корҳои дохилии Русия ва Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон
Владимир Колоколсев, вазири корҳои дохилии Русия ва Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон

Вазорати корҳои дохилии Русия гуфтааст, ки бо дархости Тоҷикистон дар ҳашт моҳи имсол 400 нафари таҳти ҷустуҷӯро боздошт кардааст.

Ин омор дар ҷалассаи муштараки Владимир Колоколсев, вазири корҳои дохилии Русия ва Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 22-юми сентябр дар Душанбе садо додааст. Маълум нест, ки ҳамаи афроди боздоштшуда ба Тоҷикистон истирдод шудаанд ё на.

Сомонаи ВКД-и Русия навиштааст, ки соли гузашта бо дархости Тоҷикистон 260 нафар боздошт шуда буд, вале имсол ин омор боло рафтааст.

Маълум нест, ки Тоҷикистон аз Русия боздошти чӣ касонеро дархост кардааст.

Сомонаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон низ аз мулоқоти вазирони ду кишвар дар Душанбе хабар нашр карда, гуфтааст, ки дар ин дидор “мубориза бар зидди ҷиноятҳои фаромиллӣ, мубодилаи иттилоот ва дигар масъалаҳо” баҳс шудааст.

ВКД-и Тоҷикистон ҷузъиёт надодааст, вале таъкид кардааст, ки бо Русия “дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ҳамкории зич” доранд.

Дар гузашта созмонҳои ҳомии ҳуқуқ Русияро танқид карда буданд, ки бо дархости Душанбе паноҳҷӯён, мунтақидони давлат ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандиро боздошт мекунад.

Даҳҳо фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла онҳое, ки зидди тасмимҳои Тоҷикистон дар ин ё он масъала дар шабакаҳои иҷтимоӣ эътироз карда буданд, дар чанд соли ахир боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шудаанд. Дар миёни афроди истирдодшуда даҳҳо фаъоли зодаи вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, мисли Амриддин Аловатов, Оразу Рамзӣ Вазирбековҳо ва афроде мисли Иззат Амон, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон буданд, ки дар Тоҷикистон ба солҳои тӯлонӣ зиндонӣ шуданд.

Русия дар гузашта чеҳраҳои маъруфи сиёсӣ, мисли Маҳмадрӯзӣ Искандаров, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон ва Ёқуб Салимов, вазири собиқи ВКД-ро боздошт ва ба Тоҷикистон супурда буд.

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, Русия ҳеч гоҳ макони амн барои фаъолони сиёсии тоҷик набуд, вале пас аз ҷанг дар Украина вазъи ҳуқуқи инсон дар ин кишвар бадтар шудааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG