Пайвандҳои дастрасӣ

"Модели сиёсии Қазоқистон модели Тоҷикистон низ аст". Вокунишҳо ба истеъфои Назарбоев. ВИДЕО


Нурсултон Назарбоев
Нурсултон Назарбоев

Истеъфои Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури Қазоқистон, ки 30 сол қудратро дар ин кишвари ғанӣ аз нафту газ дар даст дошт, вокунишҳоеро ба бор овард. Аксаран ба хидматҳои ӯ барои Қазоқистон ва ҳамчунин "тасмими дурусташ барои рафтан аз қудрат" таъкид мекунанд.

На фақат мухолифон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, балки доираҳои муайяни ҳукуматӣ низ метавонанд ба натиҷа расанд, ки бояд модели авторитарӣ як сӯ гузошта шавад

Ҳокими дарозумри минтақа як сол пеш аз хатми давраи панҷуми президентиаш дар як фурсати замонии хеле рамзӣ истеъфояшро эълон кард. Изҳороти телевизионии Назарбоев соати 19:00-и рӯзи 19-уми марти соли 2019 пахш шуд.

Бо ин ки Назарбоев сабаби аз мақом рафтанашро нагуфт, таъкид кард, ки ҳамчунон дар мақоми раиси Шӯрои амнияти Қазоқистон ва раҳбари ҳизби “Нур Отан” хоҳад монд.

Назарбоев гуфт, аз мақомаш меравад, вале бо мардум мемонад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:37 0:00

То ҳол вокуниши раҳбарони кишварҳои Шӯравии собиқ, ки бархе якҷо бо Нурсултон Назарбоев ба қудрат расида буданд ва бархе ҳам баъдтар ба гуруҳи раҳбарони дарозумр ҳамроҳ шуданд, маълум нест. Аммо баъзе аз коршиносон гуфтанд, эҳтимол дорад, Назарбоев аз ин тасмимаш дастикам Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русияро огоҳ кардааст.

Ҳукумати Қазоқистон то замони баргузории интихобот дар дасти Қосимҷомарт Тоқаеви 65-сола, раиси порлумони он кишвар мемонад. Аммо аз ҳоло коршиносон чандин нафарро ҳамчун ҷойгузинҳои эҳтимолии Назарбоев пешбинӣ мекунанд.

Назарбоев: Аз расидан ба қудрат то эълони истеъфо
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:12 0:00

Аскар Оқоев: "Аз мақом рафтани Назарбоев барои дигарон дар минтақа намуна мешавад"

Аскар Оқоев, раиси ҷумҳури собиқи Қирғизистон ва замоне қудои Нурсултон Назарбоев, тасмими аз мақоми президентӣ канор рафтани ӯро “оқилона” хонд.

Оқоев, ки соли 2005 дар пайи эътирозҳои мардумӣ аз мақомаш барканор шуд, дар Маскав зиндагӣ мекунад ва бештар бо корҳои илмӣ машғул аст. Ӯ рӯзи 19-уми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт:

Соли 1993. Президентони Қирғизистон Аскар Оқоев, Узбекистон - Ислом Каримов ва Қазоқистон - Нурсултон Назарбоев
Соли 1993. Президентони Қирғизистон Аскар Оқоев, Узбекистон - Ислом Каримов ва Қазоқистон - Нурсултон Назарбоев

“Як ҳодисаи табиӣ ва ҳам қарори хеле оқилона аст. Нурсултон Абишевич аллакай солхӯрда аст, тахминан 30 сол раҳбарии Қазоқистонро ба ӯҳда дошт. Агар инро ҳам ҳисоб кунем, ки пеш аз ин панҷ сол раҳбари Шӯрои вазирон буд, ӯ 35 сол дар маҷмӯъ раҳбари Қазоқистон буд. Давраи раёсати ҷумҳуриаш хеле пурмаҳсул буд. Дар давраи раҳбарии ӯ марҳилаи давлати Қазоқистон ташаккул ёфт, кишвар соҳибистиқлол шуд, дар арсаи байналмилалӣ ҳам обрӯ касб кард. Назарбоев ҳамеша бо ташаббусҳои минтақавӣ фарқ мекард, тарафдори ҳамгироии минтақавӣ буд. Яке аз ташаббускорони таъсиси кишварҳои Муштаракулманофеъ ва Иттиҳоди АвруОсиё буд”.

Ба суоли Радиои Озодӣ дар бораи ин ки то куҷо истеъфои ихтиёрии Назарбоев аз мақоми президентӣ метавонад дар минтақаи Осиёи Марказӣ ҳам таъсиргузор шавад, гуфт: “Бешубҳа, ин як намунаи хуб аст. Барои пешрафт тағйири қудрат хеле муҳим аст. Мо инро дар мисоли Чин мебинем, ки ҳар даҳ сол раҳбар иваз мешавад. Ин сирри муҳими “мӯъҷизаи Чин” аст”.

Оқоев афзуд, ҳоло давраи фанновариҳои иттилоотӣ расидааст ва ҷавонон бояд ҷилави раҳбарӣ дар минтақаро ба ӯҳда бигиранд.

"Модели сиёсии Қазоқистон - модели Тоҷикистон низ аст"

Дар Тоҷикистон ҳам баъзеҳо аз тасмими ғайриинтизори Нурсултон Назарбоев тавсиф карданд. Саидҷаъфар Усмонозода, раиси Ҳизби демократ ва узви порлумони Тоҷикистон гуфт, ин ки Назарбоев баъди истеъфо мувофиқ ба Конститутсияи кишвар амал кард ва раиси Маҷлисро раҳбари кишвар гузошт, на яке аз наздиконашро, “аломати хуб аст”.

Усмонзода бовар дорад, ки истеъфои Назарбоев дар ҳаёти кишварҳои минтақа ягон таъсири манфӣ нахоҳад дошт. “Раҳбари нав метавонад, афроди наздик ва боэътимоди Назарбоевро аз мақом бигирад ва одамони дигарро гузорад. Раиси ҷумҳури Қазоқистон дар даврони раҳбарии худ ба ин одамон ва хешутабораш бовар дошт ва шояд онҳоро натавониста буд, аз мақом дур кунад. Роҳбари нав метавонад рӯи хотир набинад. Фикр мекунам, рушди ин кишвар дар сатҳи беҳтар хоҳад шуд.

Иброҳим Усмонов, таърихнигор ва мушовири пешини раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳам гуфт, “агар истеъфои Нурсултон Назарбоев баъди ҳодисаҳои Алҷазоир сурат гирифта, ба хотири роҳ додан ба кадрҳои шоистаи дигар аст, иқдоми нек аст.”

Сайфулло Сафаров, муовини собиқи раиси Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон, гуфт, модели сиёсие, ки Қазоқистон дорад, модели Тоҷикистон низ аст. “Дар мо низ Пешвои миллат метавонад, пас аз истеъфо роҳбари давлат боқӣ монад ва бо маслиҳатҳои худ ба сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар таъсир гузорад. Дар Қазоқистон ҳам айни чунин модел аст. Нурсултон Абишевич баъди ба истеъфо рафтан низ пешво, лидери миллӣ ва ё “Элбосӣ” мемонад."

Акбаршоҳ Искандаров, сафири пешини Тоҷикистон дар Қазоқистон гуфт, солҳои охир вазъи саломатии Нурсултон Назарбоев хуб набуд ва “кори сангин дар якҷо низ инсонро хаста мекунад”.

“Оқилу донишманд буданаш ба ин тасмим овард, ки истеъфо диҳад. Дигар ин ки бисёр доираҳои сиёсӣ ӯро танқид мекарданд, ҷойро барои дигарон намегузорад. Ва акнун бо рафтани худ роҳро барои курсии президентӣ ба ҷавонони боистеъдод мегузорад”, - афзуд ӯ.

Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири собиқи умури хориҷии Тоҷикистон, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ аз Нурсултон Назарбоев ба ҳайси “сиёсатмадори варзида дар минтақа ва ҷаҳон” ном бурд ва гуфт, “тамоми дастовардҳои Қазоқистон дар давоми истиқлол ва даврони Шӯравӣ ба номи Назарбоев ҳамчун роҳбари аввали ин кишвар рабт дорад.”

“Саҳми босазои ӯро дар роҳи сулҳ ва поин овардани муноқишаҳои байналмилалӣ, аз байн бурдани силоҳи ҳастаӣ ёдовар шудан зарур аст. Ҳамчунон нақши Назарбоев дар рушди муносибатҳои сиёсӣ ва иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ беназир аст”, - афзуд ӯ.

"Ин истеъфо метавонад ҳукуматҳои минтақаро барои ислоҳот омода кунад"

Абдумалик Қодиров, таҳлилгари тоҷик, гуфт, ба назари ӯ, истеъфои Нурсултон Назарбоев “як навъ аз пеш тарҳрезӣ шудааст”. “Ин истеъфоро сабқати лидерӣ дар минтақа медонам. Чуноне қаблан миёни Назарбоев ва Ислом Каримов мусобиқа буд ва дар он Назарбоев бартарӣ дошт. Лекин, тавре ба назар мерасад, баъди ба қудрат омадани Шавкат Мирзиёев дар Узбекистон нақши Назарбоев ҳамчун лидери минтақа камранг шуд ва аз ин рӯ хост, ки зудтар канор равад. Чунки Мирзиёев сиёсати дарҳои бозро эълон кард ва имкони ҷалби бештари сармояро ба даст овард ва ҳар қадар ба Узбекистон сармоя бештар ворид мешуд, ба Қазоқистон камтар мешуд”.

Ҳафиз Бобоёров, таҳлилгари тоҷик дар посухи хаттӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, истеъфои ихтиёрии Нурсултон Назарбоев аз мақоми президентӣ метавонад дар тамоми минтақа таъсиргузор бошад ва фазои сиёсии онро тадриҷан, вале куллан тағйир диҳад, ба шарте ки ӯ аз баҳри имтиёзҳои сиёсӣ ва ҳуқуқии худ ҳамчун “Элбосӣ” даст кашад ва дар сари қудрат ҳамбастагону пайравони худро нигоҳ надорад.

Ӯ афзуд, “дар ин сурат, истеъфои ӯ метавонад, дар навбати аввал, ҳукуматҳои Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбекистонро барои ислоҳоти усулӣ ва ниҳодӣ дар муносибатҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ омода кунад. Дар навбати дуюм, Тоҷикистон низ метавонад аз чунин таҳаввулот таъсир пазирад. На фақат мухолифон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, балки доираҳои муайяни ҳукуматӣ низ метавонанд ба натиҷа расанд, ки бояд модели авторитарӣ як сӯ гузошта шавад. Дар акси ҳол, хатарҳои зиёде чун бекорӣ, фасод ва ифротгароӣ, ки Тоҷикистон бо онҳо рӯ ба рӯ шудааст ва роҳи ҳал пайдо намекунад, метавонанд норизоятӣ ва эътирозҳои ғайримаданӣ аз тарафи шумори бештари аҳолӣ ва фишору саркӯбӣ аз тарафи ҳукуматро афзоиш диҳанд.”​

XS
SM
MD
LG