Мухолифони ҳукумати Тоҷикистон дар номаҳои ҷудогона аз Дабири СММ хоста буданд, ки дар сафараш ба Душанбе масоили зиндониёни сиёсӣ, боздоштҳои худсарона ва фишору азияти наздикони фаъолони сиёсиро матраҳ кунад. Маълум нест, ки Антониу Гутерриш дар ин бора гап задааст ё не.
Расонаҳои давлатии Тоҷикистон танҳо суҳбатҳоеро аз Гуттериш нашр кардаанд, ки дар бораи ҷилавгирӣ аз обшавиии пиряхҳо ва пешниҳоди Тоҷикистон дар бораи даҳсолаи оби тоза гап мезанад.
Антониу Гутерриш гуфтааст, ки Тоҷикистон дар ҳамсоягии Афғонистон дар минтақаи хатарноки дунё қарор дорад ва вазъи кишвари ҳамсоя ба зиндагии мардуми тоҷик бетаъсир нест.
Сомонаи президенти Тоҷикистон навиштааст, ки Эмомалӣ Раҳмон бо Антонио Гутерриш дар бораи “таҳдидҳои рӯзафзуни терроризм, ифротгароӣ ва ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир” суҳбат кардаанд.
Абдусаттор Бобоев, раиси Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон, қароргоҳаш дар Полша 1-уми июл ва дар остонаи сафари дабири кулли СММ ба Душанбе аз ӯ хоста буд, дар суҳбат бо Эмомалӣ Раҳмон мавзӯи поймолшавии ҳуқуқи инсонро дар кишвар матраҳ кунад.
Бобоев дар номааш куштор, таҳдид, фишор, дуздидану гум шудани мунтақидону мухолифин, саркӯби эътирозҳо дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, боздошти даҳҳо зодаи ҷамоати Язгуломи Ванҷ ва фишор ба хонаводаҳои мухолифин дар дохили Тоҷикистонро зикр кардааст.
Дабири куллии СММ дар ҷараёни сафари минтақавиаш ба Осиёи Марказӣ шоми 4-уми июл вориди Душанбе шуд. Антониу Гутерриш пеш аз ин дар Узбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон буд. Ӯ дар шаҳри Остона дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой ширкат кард.
Раҳбари феълии СММ бори охир ба Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ соли 2017 сафар карда буд.
Гуфтугӯ