Қатъи дурӯзаи интернет дар ҳафтаи ҷорӣ дар саросари Афғонистон, ташвишу нигарониҳои муҳоҷирони афғонистонии муқими Тоҷикистонро бештар кард. Шафеъ Умарзода, як муҳоҷири афғонистонии сокини Тоҷикистон мегӯяд, аз ҳолати пешомада эҳсоси баде ӯро фаро гирифт, чун роҳи иртибот бо наздиконаш дар Афғонистон қатъ гардид.
“Эҳсоси хеле бад доштем, - гуфт ӯ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ. - Бо касе дар тамос шуда наметавонистем. Додар, падар, модар, ҳама дар он ҷо буд. Дирӯз баъд аз намози дигар фаъол шуд. Ба ҳама хонавода ягон робита надоштем. Ҳама чиз қатъ шуда буд. Хеле дар ташвиш шудем, ки шояд ягон кор шуда бошад, ҷанг аст. Ҳеҷ маълум набуд, ки чӣ гап буд. Онҳо ҳам вазъи харобе доштаанд. Зиндагӣ набуд. Ҳамаи корашон банд буд. Кору бор набуд, ҳама чиз қатъ буд. Ҳама дар хона шишта буданд».
Аҳмадзиё Кӯшон, муҳоҷири дигари афғонистонӣ, ки дар шаҳри Ваҳдати Тоҷикистон ба сар мебарад, мегӯяд, интизор надошт, пас аз ду рӯз интернет дигарбора дар Афғонистон барқарор мешавад. Мегӯяд, қатъи интернет дар кишвараш, агар тулонӣ давом мекард, мушкилашон бештар мешуд.
“Хуб овоза буд, ки интернет дар саросари Афғонистон имкон дорад қатъ бишавад. Баъди ин соатҳои 17:00 буд, ки қатъ шуд ва куллӣ дар як хомушӣ барқарор шудааст дар Афғонистон, ки ҳама ҷигархун буданд, ки равобити бизнес, тиҷорат, равобити иҷтимоӣ, фомилҳо бо тамоми ҷаҳон қатъ шуд. Аз он хотир бисёр ҳам мардум ҷигархун буданд, хуш набуданд”.
Тибқи гузоришҳо, шомгоҳи 29 сентябр дастрасӣ ба интернет дар саросари Афғонистон қатъ шуд ва боиси халалдор шудани хадамоти шабакаҳои мухобиротӣ, парвозҳои ҳавопаймо ва кори бонкҳо гардид. Мақомоти Толибон қаблан қатъи интернетро ба пешгирӣ аз ончи онҳо онро "беахлоқӣ" меноманд, рабт дода буданд.
Ин иқдоми ҳукумати Толибон мавҷе аз нигарониҳоро дар миёни шаҳрвандон, коршиносон ва ниҳодҳои расонаӣ барангехт ва паноҳҷӯёни афғон ҳам аз зумраи онҳоеянд, ки дар ташвиш будаанд.
Бар асоси омори ниҳодҳои кор бо муҳоҷирон, ҳудуди 13 ҳазор паноҳҷӯи афғон дар Тоҷикистон сабт шудаанд, ки бештарашон дар интизори интиқол ба кишварҳои севум ҳастанд.
Гуфтугӯ