Пайвандҳои дастрасӣ

"Саркӯб дар зиндонҳо илоҷи ҳалли мушкил нест"


Ошӯб дар зиндони рақами сеи шаҳри Хуҷанд мушкили ҷиддии низоми зиндонҳои Тоҷикистонро бармало кард. Коршиносон мегӯянд, мақомот бояд усулҳои муосири ҳалли масъаларо пайдо кунанд, ки ба беҳбуди вазъ равона шуда бошад, на ба саркӯби он.

“Гузаронидани корҳои тарбиявӣ бо онҳо зарур аст, вале бояд донист, ки ин гуруҳи одамон барои тағйироти созанда мувофиқ нестанд

Бештари мусоҳибони Радиои Озодӣ бовар доранд, теъдоди зиёди маҳбусони муътақид ба идеяҳои тундгароии динӣ вазъи муассисаҳои бастаро бадтар хоҳад кард. Бар асоси иттилои мақомот, ошӯб дар зиндони шаҳри Хуҷанд (шаби 7 ба 8-уми ноябр) аз ҷониби гуруҳи маҳбусоне, ки асосан барои узвият дар созмонҳои дар Тоҷикистон мамнӯи ДИИШ, “Ансоруллоҳ”, Ҳаракати исломии Узбекистон ва “Ҷундуллоҳ” маҳкум шуда буданд, барангехта шуд. Ҳодисае, ки дар натиҷаи он тибқи иттилои расмӣ 23 маҳбус ва ду корманди зиндон кушта шуд.

Чанде баъд аз ин ҳодиса гуруҳи террористии ДИИШ изҳорот дод, ки ошӯб дар зиндони Тоҷикистон аз ҷониби “яке аз размандагони ин созмон” ташкил шудааст. Муҳаррири маҷаллаи таҳлилии “Дипломат” Кетрин Путз бар ин назар аст, ки агар чунин ҳам набошад, ҳузури теъдоди зиёди аъзои собиқи ДИИШ ва ё онҳое, ки бо ин иттиҳом маҳкум шудаанд, “нишон медиҳад ҳангоми таҳти назорат гирифтани вазъ дар зиндонҳо, мақомот ба ҷуз истифодаи нерӯ, усулҳои дигарро барои коҳиши таниш надорад”.

Муаллиф муътақид аст, ки чунин равишҳо “вазъро бадтар мекунанд” ва теъдоди чунин ҳаводисро дар оянда “дар ҳеч сурат кам нахоханд кард”.

Абдураҳим Абдулҳасаниён, намояндаи Додситонии кулл, дар оғози моҳи ноябр ҳангоми суханронӣ дар порлумон иттилоъ дод, ки дар солҳои охир барои узвият дар ДИИШ ва пайравӣ аз ҷараёни мамнӯи “Салафия” 1200 нафар ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шудаанд.

Баъд аз 16 рӯзи рух додани яке аз ҷиддитарин ҳаводис дар таърихи зиндонҳои Тоҷикистон, ҳукумат раҳбарияти низоми зиндонҳоро барканор, роҳбар ва кормандони дигари ин зиндонро боздошт кард ва тафтишот то кунун давом дорад. Дар ҳамин ҳол, ба назари мусоҳибони Радиои Озодӣ то ҳол норӯшан аст, ки мақомот чӣ қадар дар мавриди тағйироти қотеъ ҷиҳати бархӯрд бо шароити нигаҳдошт ва рафтори маҳбусон дар зиндо фикр мекунанд.

Сайфулло Сафаров.
Сайфулло Сафаров.

​Муовини аввали раиси Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон Сайфулло Сафаров гуфт, мақомот дарки вазъиятро дорад ва дар ин самт чораҳои лозим алакай андешида шудааст. “Раҳбарони зиндонҳо барканор шуданд, муовини вазири адлия иваз шуд ва ин нафар вазъро хеле хуб медонад. Аз ин хотир, тамоми низоми зиндонҳо дар қаламрави кишвар бар асоси стандартҳои байналмилалӣ тағйир меёбад”,-таъкид мекунад Сафаров.

“Хатари зиндонҳо воқеият аст”

Коршиноси варзидаи Маркази омӯзиши Афғонистони муосир дар Русия Андрей Серенко, ки фаъолиятҳои ДИИШ-ро пайгирӣ мекунад, бар ин бовар аст, ки дар пушти ошӯби зиндони Хуҷанд маҳз ҳамин гуруҳ қарор дошт.

“Ин ошӯбро бояд паёмади тавсияҳое донист, ки ҳанӯз тобистон ДИИШ-иҳо тариқи шабакаҳои худ паҳн карда буданд. Он замон онҳо аз ҷонибдорони худ, ки дар кишварҳои пасошӯравӣ бар сар мебаранд, даъват карда буданд, маҳз дар самти зиндонҳо фаъол шаванд”,-таъкид мекунад Серенко.

Ба гуфтаи ӯ, "баъзе аз даъватгарони ДИИШ огоҳона ҷиноятҳои соддае содир мекунанд, то ба зиндон роҳ ёбанд. Дар онҷо корҳои тарғиботиеро, ки тариқи паёмрасонҳои гуногун расонда мешаванд, шуруъ менамоянд."

Коршинос таъкид мекунад, ки маъмулан, ҷиҳодиҳо ба он даст меёбанд, ки аксари зиндонҳо бар пояи қоидаҳои онҳо ба сар мебаранд. Серенко тахмин мезанад, ки чунин ҳаводис на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар кишварҳои дигари минтақа, ки дар зиндонҳо низоми муҳофизат камтар қобили эътимод мебошад, метавонанд такроран рух диҳанд.

Ба гуфти вай, ҳанӯз равишҳои универсалии муқовимат бо муколамаи ҷиҳодиҳо дар зиндонҳо вуҷуд надорад. “Ҳоло ду технологияи кор бо хатари ҷиҳодиҳо, аз ҷумла дар зиндонҳо мавҷуд аст. Якум пешгирӣ, дуюм – муҷозот”, - тавзеҳ медиҳад коршинос.

Шиканҷаҳое, ки каромати инсонро паст мезананд

Вақте мақомот аз шарҳи омилҳои асосии ҳодисаи зиндони Хуҷанд то кунун худдорӣ мекунанд, ба гуфти касоне, ки дар ин муассиса зиндонӣ будаанд, омили ошӯб метавонад рафтори бад ва нақзи ҳуқуқи маҳбусон, ки дар бораи он одатан кам садо баланд мешавад, бошад.

Аз ҷумла, марде, ки як сол пеш аз маҳбас озод шудааст, ба шарти ифшо нашудани ҳувияташ дар суҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ дар мавриди мушкилоти систематаи зиндони рақами 3-и Хуҷанд қисса кард. Ӯ шоҳид будааст, ки чӣ гуна бархе аз зиндониёнро соатҳо дар мазҳари ом бидуни либос нигоҳ медоштаанд. Ин одатан як навъи муҷозоте аст, ки шаъну шарафи инсонро пойин мебарад. Ба гуфтаи ӯ, латту кӯб дар ин маҳбас як таҷрибаи маъмулӣ буд. Ба иқрори ин мард, бархе зиндониён телефонҳои ҳамроҳ доштанд, ки дар маҳбасҳо амалан истифодаи он мамнуъ аст.

Таъйиди дурустии ин суханон ба мо аз манбаъҳои мустақил имконпазир нашуд, аммо бино ба навиштаи расонаҳо, ошӯб баъд аз он сар зад, ки яке аз маҳбусонро урён дар мазҳари ом нигоҳ доштаанд. Мақомоти ин ҷузъиётро ҳеч шарҳ намедиҳанд.

Ойниҳол Бобоназарова
Ойниҳол Бобоназарова

Вакили мудофеъ ва роҳбари созмони “Дурнамо Плюс” Ойниҳол Бобоназарова таъкид мекунад, ки дар Тоҷикистон давлат дар шахси судҳо чандин бор эътироф карда буд, ки дар маҳбасҳо нисбат ба зиндониён шиканҷа раво дида мешавад. “Ҳоло шахсро барои ҳуқуқвайронкунии ҷузъӣ экстремист эълон мекунанду солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон мекунанд. Дар ин гуна одамон ба таври нохудогоҳ аллакай нафрат пайдо мешавад. Мо медонем, ки дар зиндонҳои Тоҷикистон одамҳоро тарбия намекунанд, муҳит он ҷо ба гунае аст, ки агар одам радикал ҳам набошад, имкон медиҳанд, ки чунин шавад”, - мегӯяд Бобоназарова.

Ошӯб дар маҳбаси Хуҷандро ин вакили дифоъ паёми хатарноке барои тамоми низоми ҳукумат медонад ва тавсия медиҳад, ки аз равишҳои саркӯбгарона кор нагиранд, зеро онҳо таъсири баръакс мегузоранд. Бобоназарова муътақид аст, ки тағйироти кадрӣ дар ин самт наметавонад мушкилотро барҳам занад.

“Тамоми низом ба ислоҳот ниёз дорад, аз ин ки як ё даҳҳо нафарро иваз мекунанд, чизе тағйир намеёбад. Ба маҳбусон бояд ҳамчун ба одам муносибат кард, зеро барои содир кардани ҷиноят онҳо ҷазои худро дар намуди маҳрум кардани аз озодӣ гирифтаанд”, - мегӯяд вакили дифоъ.

Моҳи майи имсол Кумитаи ҳуқуқи башари СММ барои Тоҷикистон тавсияҳоеро ироа кард, ки дар онҳо хоста шуда буд шикоятҳо дар мавриди шиканҷаи зиндониён, аз ҷумла шиканҷаи аъзои ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи ҲНИ ва ҳолатҳои марг дар зиндонҳо таҳқиқ карда шаванд.

“Барои тағйироти созанда мувофиқ нестанд”

Рустам Азизӣ
Рустам Азизӣ

Муовини директори Маркази исломшиносии Тоҷикистон Рустам Азизӣ, ки бо чанде аз ҷиҳодиҳо ҳамсуҳбат шудааст, бар ин назар аст, ки ба роҳ андохтани муколама бо ин гуруҳи одамон “тақрибан номумкин аст”, зеро онҳо на ҳукумат, на сохтори давлатӣ ва на маъмурияти маҳбасро эътироф намекунанд. Ба ҷуз ин коршинос муътақид аст, маҳбусоне, ки бештар аз 15 сол, барои солҳои тӯлонӣ зиндонӣ шудаанд, ангезае барои “хуб” нишон додани худ надоранд, ки барои он кадом имтиёзе ба даст биоваранд. “Гузаронидани корҳои тарбиявӣ бо онҳо зарур аст, вале бояд донист, ки ин гуруҳи одамон барои тағйироти созанда мувофиқ нестанд ва ҳангоми фишор овардан дар онҳо “уқдаи шаҳодат” фаъол мешавад. Ин барои онҳое, ки ин корҳоро мекунанд, хатар эҷод мекунад”, - таъкид мекунад Азизӣ.

Ин коршинос барои ҷилавгирӣ аз хушунат ва қурбониёни бешумор тақвияти зарфиятҳои гуруҳҳои тахассусӣ барои назорат ва пахши ошӯбҳои бесилоҳ ва нофармониҳои маданӣ, ба истилоҳ "Anti-riot police forces"-ро пешниҳод мекунад.

Барои маҳдуд кардани нуфузи идеологии ҷиҳодиҳо коршинос пешниҳод мекунад, ки зарур аст чунин гуруҳи маҳбусонро дар як ҷой ҷамъ кунанд ва ба андозаи лозим назорат шаванд.

Мансурҷон Умаров, ки чанде пеш ба мақоми роҳбари Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ таъин шудааст, 26-уми ноябр дар суҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, ки корро аз омӯзиши шароити зиндонҳо дар кишвар оғоз кардааст. Яке аз онҳо зиндони рақами 3-и Хуҷанд мебошад. Умаров ваъда кард, ки тамоми амалҳои ӯ дар доираи қонун “Дар бораи адои ҷазо” сурат хоҳанд гирифт.

Ин ки оё роҳбари нави ин низом дар оянда бо расонаҳо озодона гуфтугӯ мекунад ё на, вақт нишон хоҳад дод, аммо як чиз рӯшан аст, ки баъди рух додани ин ҳодиса дар ҷомеа умедвории зиёде барои тағйирот ҳосил шудааст.

XS
SM
MD
LG