Пайвандҳои дастрасӣ

Бозори сӯзишворӣ. Гаронӣ аз Қазоқистон аст ё ширкатҳои худӣ? ВИДЕО


Хадамоти зиддинҳисории Тоҷикистон сабаби аслии боло рафтани нархи сӯзишвории гази моеъро шарҳ дод.

Ин хадамот мегӯяд, ҷаҳиши нархи газ бинобар боло рафтани нархи он дар Қазоқистон ба амал омад. Ширкатҳои қазоқистонӣ нархи як тонна гази моеъро, ба қавли онҳо, аз 384 доллари қаблӣ то ба 587 доллар боло бурдаанд.

Носир Акмалзода, сардори раёсати Хадамоти зиддинҳисории Тоҷикистон дар вилояти Суғд, ки бахши аъзами гази моеъ аз тариқи ин минтақа ба кишвар ворид мешавад, рӯзи 22-уми июн дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ду сабаб боиси гарон шудани нархи гази моеъ шуд.

Мо дар бозори Душанбе асосан ду ширкатро мебинем – «Газпромнефт»-и Тоҷикистон ва «Фароз». Аммо ман миёни ин ду ширкат рақобатро намебинам, мисли фарзандони як падар ҳастанд

Ӯ гуфт: “Бештари гази моеъ ба Тоҷикистон аз Қазоқистон ворид мешавад. Аввал ин ки нархи гази моеъ дар ин кившар қиммат шуддаст ва дуввум, воридоти гази моеъ ба кишвар кам шуд. Ҳарду ин омил боиси гарон шудани нархи гази моеъ

дар Тоҷикистон шуд”.

Акмалзода гуфт, ду ширкати қазоқистонӣ ба Тоҷикистон газ мефурӯхтанд ва онҳо нархи як тонна гази моеъро аз 384 доллари қаблӣ то ба 587 доллар боло бурдаанд.

“Яке аз ин ширкати қазоқистонӣ ҳамин хел нарх гузошта мегӯяд, ки агар харед, нарх ҳамин нахоҳед, не”, мегӯяд Акмалзода.

Ин масъули Хадамоти зиддинҳисории Тоҷикистон гуфт, бинобар зуд-зуд тағйир ёфтани нархи гази моеъ ширкатҳои маҳаллӣ ҳам аз эҳтиёт кор гирифта воридоти онро коҳиш додаанд.

Дар ҳамин ҳол, нархи гази моеъ, ки беш аз 60 дарсади нақлиёт дар Тоҷикистон аз он истифода мекунад, дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар шаҳри Душанбе ба 4 сомониву 30-60 дирам расидааст. Дар минтақаҳои кишвар, аз ҷумла дар шаҳри Кӯлоб, нархи он ба 5 сомонӣ расидааст.

Чаро нархи газ дар Тоҷикистон боз боло рафт?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:17 0:00

Таъсири гаронии газро аллакай сокинони оддӣ бо гарон шудани нархи роҳкиро эҳсос карданд. Барои мисол, нархи истифода за таксиҳои маъруфи «сесомонӣ» дар Душанбе то 4-5 сомонӣ боло рафтааст.

Ҳамин тавр, нархи таксиҳо ба минтақаҳои кишвар, аз ҷумла ба самти Кулобу Рашт аз 30-35 сомонии қаблӣ то ба 45-50 сомонӣ расидааст.

«Бозори сӯзишворӣ дар инҳисори ду ширкат аст»

Дар ҳоле, ки Хадамоти алоқа иллати якбора гарон шудани нархи газро ба омилҳои беруна рабт медиҳад, бархе нозирон ва фаъолони шабакаҳои ҷамъиятӣ мегӯянд, амалан дар бозор ду ширкати фаъолро мебинанд, ки бозорро байни ҳам тақсим кардаанд.

Абдуқодир Талбаков, журналист, раиси китобхонаи Лоҳутӣ дар шаҳри Душанбе ва як корбари фаъоли Фейсбук мегӯяд, ширкатҳои воридкунандаи сӯзишворӣ бо боло бурдани нархи он амалан талошҳои 15 дарсад боло бурдани маоши мардумро ночиз мекунанд.

Чун бо гарон шудани сӯзишворӣ нархи ҳама гуна маҳсулот ва хадамоти дигар гарон мешавад. Ӯ гуфт:

“Аз нигоҳи ман, дар миёни ширкатҳои таъминкунандаи сӯзишворӣ дар бозор рақобати озод вуҷуд надорад. Мо дар бозори Душанбе асосан ду ширкатро мебинем – «Газпромнефт»-и Тоҷикистон ва «Фароз». Аммо ман миёни ин ду ширкат рақобатро намебинам, мисли фарзандони як падар ҳастанд. Шояд бо маслиҳат онҳо бозоро тақсим карданд?”.

Абдуқодир Талбаков гуфт, бо боз шудани марзҳои Узбекистон ҳазорон шаҳрванди Тоҷикистон ба ин кишвар сафар карда, аз ҷумла аз нархи арзони газ дар ҳайрат мемонанд.

“Ҳама савол мегузоранд, ки чаро дар кишвари ҳамсоя нархи газ аз мо дида чанд баробар арзон аст?”, гуфт Талбаков.

«Фароз» ва «Газпромнефт»-и Тоҷикистон ба дархости Радиои Озодӣ дар мавриди сабаби болоравии нархи газ ва иддаоҳо дар мавриди зери даст даровардани бозори сӯзишворӣ посух нагуфтанд. Масъулони ширкати «Газмпромнефт»-и Тоҷикистон рӯзи 22-уми июн монеи наворбардории нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ ва тоблуҳои нарх шуданд.

Хадамоти зиддинҳисорӣ: «Дар бозори газ монополист нест»

Вале дар ин замина Хадамоти зидди инҳисории Тоҷикистон мегӯяд, дар бозори фурӯши гази моеъ дар кишвар «ҳеҷ ширкате монополист нест», яъне мавқеи ҳукмфароморо доро намебошад.

Ба гуфтаи онҳо, дар соли 2017 дар Тоҷикистон 66 ширкат ба воридоти гази моеъ машғул буд ва ҳеҷ як аз ин ширкатҳо дар бозор мавқеи ҳукмрон ва ё доминантро ишғол намекунанд.

Ба иттилои Хадамоти зиддиинҳисорӣ, ширкатҳои аз ҳама бузурги воридкунадаи гази моеъ дар Тоҷикистон “Фароз» (12,1 фоизи бозорро дар ихтиёр дорад), «Алфа газ», «Газпромнефт»-и Тоҷикистон ва ширкати “Коир Ко» мебошанд.

XS
SM
MD
LG