Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозии санҷишии фтболбозони ҷавони турку тоҷик 15-уми январ дар шаҳри Анталия доир гардид. Голи ягонаро Фирӯзҷон Шарифов ба самар расонд.
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми санҷишии худро дар доираи ҷамъомади таълимию тамринӣ дар Туркия 17-уми январ муқобили тими ҷавонони «Шахтёр»-и Украина (U-19) анҷом медиҳад.
Инчунин футболбозони навраси тоҷик дар Анталия бо ҳамсолони худ аз Кувайт (21-уми январ) ва бо дастаи Академияи «Краснодар»-и Русия (23-юми январ) нерӯсанҷӣ хоҳанд кард.
Сармураббии дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) Марко Раҷини, мутахассиси итолиёӣ, ба ҷамъомади таълимию тамринӣ дар Туркия 26 бозигар – 3 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 12 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагарро даъват кардааст.
Ҳайати дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар ҷамъомади таълимию тамринӣ дар Туркия:
Дарвозабонҳо: Абубакр Раҳмонқулов («Сарҳадчӣ»), Муҳаммадраҳим Раҳмонов (МҶМОВ), Анушервон Қурбонзода («Душанбе»);
Ҳимоятгарон: Мустафо Ҳасанбеков, Аҳмадҷон Шоев, Самиаллоҳ Давлатов, Мубориз Мискиншоев (ҳама аз «Истиқлол»), Садриддин Сатторов, Меҳроҷиддин Розиқов, Абдусамад Меликмуродов (ҳама аз «Душанбе»);
Нимҳимоятгарон: Умед Ҷафоев (ССКА, Русия), Идрис Давлатзода («Ленинградетс», Русия), Парвиз Бобоназаров, Рамазон Бахталиев, Меҳрубон Одилзода (ҳама аз «Истиқлол»), Ҳайдаршо Худойдодов, Зариф Зарифзода, Баҳодур Назарзода, Абдулло Иброҳимзода, Фурқон Раҳимзода, Тоҳирҷон Аҳлиддин (ҳама аз «Душанбе»), Давид Мақсудов («Моҳир»);
Ҳамлагарон: Муҳаммад Назриев, Фирӯзҷон Шарипов (ҳарду аз «Истиқлол»), Назрулло Ашурализода («Душанбе»), Муҳаммадҷон Мираҳмадов («Равшан»).
Сармураббӣ – Марко Раҷини (Сан-Марино).
Бояд гуфт, ки қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2025 аз 3-юм то 20-уми апрел дар Арабистони Саудӣ баргузор хоҳад шуд. Рақибони дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар гурӯҳ 23-юми январ дар қуръакашии мусобиқот маълум мешаванд.
Футболбозони навраси тоҷик пеш аз иштирок дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2025 дар мусобиқаи «Ҷоми рушд-2025», ки аз 15-ум то 21-уми феврал дар шаҳри Мински Беларус баргузор мегардад, ширкат меварзанд.
Дар ин мусобиқаи анъанавии байналмилалӣ иштироки дастаҳои мунтахаби наврасони то 17-солаи Беларус, Қазоқистон, Озарбойҷон, Русия, Тоҷикистон, Узбекистон ва Эрон дар назар аст.