- Ҳукумати Тоҷикистон ва Иттиҳоди нерӯҳои мухолифони тоҷик рӯзи 27-уми июни соли 1997 дар Маскав созишномаи сулҳро имзо карданд. Ин созиш ба ҷанги панҷсолаи шаҳрвандӣ хотима гузошт.
- Курсиҳои ҳокимият бо таносуби 70 бар 30 тақсим шуданд. Иттиҳоди нерӯҳои мухолифони тоҷик аз Ҳизби наҳзати исломӣ, Ҳизби демократ ва созмони “Лаъли Бадахшон” иборат буд. Русия, Эрон, Афғонистон, Узбекистон, Қазоқистон, Покистон, Қирғизистон ва Туркманистон кишварҳои кафили сулҳи тоҷикон буданд.
- Иҷрои шартҳои сулҳ аз соли 1997 то 2000 идома кард. Ҳанӯз то поёни он аз саҳми 30-дарсадии мухолифон дар ҳукумат мақоме намонд. ҲНИ дар соли 2015 ҳизби мамнуъ ва террористӣ эълон шуд. Беш аз 200 узви ҳизб зиндонӣ ва қисме аз кишвар фирор карданд.
- Расонаҳои давлатӣ президент Эмомалӣ Раҳмонро поягузори сулҳ меноманд. Мухолифон мегӯянд, як ҷониб ба танҳоӣ наметавонист сулҳ кунад. Дар Тоҷикистон 27-уми июн ҳамчун рӯзи Ваҳдати миллӣ таҷлил мешавад ва рӯзи истироҳат аст. Мухолифон мегӯянд, баъд ах манъи фаъолияти ҲНИ ин ид моҳияти худро аз даст дод.
- Дар 5 соли ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, бино бар омори расмӣ, 150 ҳазор кас кушта, 1 миллион нафар гуреза, 55 ҳазор кӯдак ятим ва 25 ҳазор зан бесаробон монданд. Бино ба ҳисобҳои расмӣ, ҷанг ба иқтисоди кишвар беш аз 10 миллиард доллар зиён расонд ва рушди мамлакатро як даҳсола ба ақиб андохт.
Навор аз бойгонии Радиои Озодӣ:
Аксҳоро дар инҷо бинед: