Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Покистон аз узвият дар эътилофи Саудия худдорӣ кард


Ҳафиз Сайид, сарвари ҷамъияти мамнӯи "Ҷамоати Даъват" ба ҳимоят аз ҷанги Саудия дар Яман даъват кард. Исломобод, 9 апрел 2015.
Ҳафиз Сайид, сарвари ҷамъияти мамнӯи "Ҷамоати Даъват" ба ҳимоят аз ҷанги Саудия дар Яман даъват кард. Исломобод, 9 апрел 2015.

Покистон эълом дошт, ки дар муноқишаи Яман бетараф хоҳад буд, аммо эҳтимол меравад, ширкати Исломобод дар эътилофи таҳти сарварии Саудия ба шаклҳои дигаре идома хоҳад кард.

10 апрел порлумони Покистон дар бораи Яман қатъномае ба тасвиб расонд ва аз ҳамаи тарафҳои даргир даъват кард, ки ихтилофотро ба таври сулҳомез ҳал кунанд. Дар ин қатънома гуфта мешавад, ки Покистон нисбат ба муноқишаҳои Яман худро кишвари бетараф эълон мекунад.

Намояндагони порлумони Покистон ин қатъномаро ба иттифоқи оро ба тасвиб расонданд. Дар давоми ин ҳафта намояндагони порлумон зимни суханрониҳои худ бар зидди ширкати низомии Покистон дар муноқишаҳои Яман изҳори ақида мекарданд. Арабистони Саудӣ ба ҳампаймонҳои худ, ба Покистон фишор меовард, ки ба эътилофи зери фармондеҳии Арабистони Саудӣ ҳамроҳ шавад, то ба ҳусиҳои шиъа дар Яман шикаст диҳанд. То ҳол Саудӣ аз Покистон мехост, ки ба Яман киштиву ҳавопаймо ва нирӯ фиристад.

Дар мусоҳибае бо Амин Мудаққиқ, таҳлилгари умури Покистон дар Радиои Озодӣ пурсидам, эълони бетарафии Покистон дар қиболи муноқишаҳои Яман аз куҷо бармеояд?

Амин Мудаққиқ
Амин Мудаққиқ

Мудаққиқ: Ин ҷо ду масъала матраҳ аст. Яке назари шахсии нахуствазир Навоз Шариф ва ҳизбаш аст, чун Навоз Шариф бо Арабистони Саудӣ равобити бисёр хуб дорад. Баъд аз он, ки диктатори собиқ Парвиз Мушарраф вайро дар соли 1999 аз мақом барканор кард, вай дар Саудӣ мезист ва равобити бисёр гарме бо онҳо дорад. Дар тули таърих низ муносиботи ин ду кишвар бо ҳам наздик будааст. Чандин бор, мисли ҷанги Халиҷ ба Саудӣ ниру фиристодааст. Ҳоло ҳам ҳудуди ҳазор тан аз нируҳои покистонӣ дар хоки Арабистони Саудӣ ҳастанд. Аммо далели он, ки чаро ҳоло ниру нафиристод, масъалаи дигар аст. Аз як сӯ Покистон 20 дарсад ақаллияти шиъа дорад. Аз сӯи дигар Покистон дар ҳамсоягии Эрон ҷой гирифтааст ва Эрон ҳам дар моҷарои Яман як тарафи қазия ба шумор меравад ва Покистон мехоҳад, ки равобити иқтисодии худро бо Эрон густариш диҳад. Масъалаи судури гази Эрон ба Покистон матраҳ аст. Масъалаи аз ҳама муҳим ин аст, ки аҳзоби миллатгаро ё натсионалисти Покистон аз мудохила ба ин моҷаро ба шиддат интиқод карданд ва нахостанд кишварашон вориди як ҷанги дигар шавад. Чунки дар айни замон равобиташ бо Эрон хуб нест, дар Афғонистон ҳам ин кишвар дахил аст ва нигарониҳо вуҷуд дорад. Вазъияташ бо Ҳинд ҳам хуб нест. Бинобар ин ба зоҳир Покистон аз пайвастан ба эътилофи зидди ҳусиҳо худдорӣ кард.

Озодӣ: Бо тасвиби ин қатънома Покистон аз кишварҳои минтақа ва аз маҳофили байналмиллалӣ даъват кардааст, ки ин муноқиша аз роҳҳои дипломатӣ ҳал шавад. Ба назари шумо худи Покистон дар ин роҳ ибтикороти дипломатиро рӯи даст хоҳад гирифт?

Мудаққиқ: То ҷое Покистон бо Туркия дар ин маврид дохили музокира шудааст. Як ҳайат ба Туркия рафтааст. Аммо ҳалли дипломатии ин масъала бидуни фишори низомӣ имкон надорад. Ҳусиҳо ва тарафдорони Алӣ Абдулло Солеҳ дар ҳоли пешрафт ҳастанд ва дар тули таърих ва саргузашти ин минтақа мо дарёфтаем, ки нирӯҳои дар ҳоли пешрафт ва ҳоким музокиротро намепазиранд. Аммо агар ба сиёсатҳои Покистон нигоҳ кунем, чӣ дар иртибот бо Афғонистон ва чӣ дар иртибот бо Ҳинд ва ҳоло дар Арабистони Саъудӣ, ҳеҷ гоҳ қавлу амалаш бо ҳам яксон набудааст. Дуруст аст, ки зери фишори дохилӣ ва байналмиллалӣ эълон кард, ки дар ҷанги Яман бетараф мемонад. Аммо фикр намекунам, ки дар паси парда Покистон ин бетарафиро риоят кунад, чун аз ҳоло нируҳои Покистон дар он ҷо ҳастанд. Покистон ба эҳтимоли қавӣ дар ҳадди мушовироти низомӣ, дар ҳадди истихборот, таълимот ва таъминоти ақибгоҳӣ дар ин ҷанг дахил хоҳад буд.

Озодӣ: Дар чунин ҳолат муттаҳидони Покистон роҷеъ ба ин бетарафӣ чӣ бархӯрде нишон хоҳанд дод?

Мудаққиқ: Ман фикр мекунам, ки то ҷое Покистон муттаҳидини байналмиллалии худ, яъне Туркия ва кишварҳои дигари суннии ғайриарабро қаноат додааст, ки наметавонад мустақиман дар ин ҷанг дахолат кунад. Дахолаташ ҳам муассир нест, онҳо забони якдигарро намефаҳманд. Шояд ин қаноатро дода бошад, ки дар паси парда дар масоили таъминоти ақибгоҳӣ кӯмакҳоеро дар ихтиёри эътлофи зери раҳбарии Арабистони Саудӣ хоҳад гузошт. Шояд дар оянда афроди низомии Покистон дар он ҷо бештар шавад.

XS
SM
MD
LG