Пайвандони ҷавоне, ки дар Қазоқистон ба мӯҳлати 16 сол зиндонӣ шудааст, мегӯянд, ки фарзандашон бе ягон гуноҳ ранҷи маҳбас мекашад. Ба гуфтаи онҳо, писарашон Файзулло Туйчиев дар куштори як зан гунаҳкор эълон шудааст, вале ба бовари онҳо, ин ҳукм далелу исбот надорад. Аз ин рӯ хоҳиш мекунанд, мақомоти Тоҷикистон як комиссияи вижа таъсис дода, ҳақиқатро рӯйи об бароранд.
Сайдулло Туйчиев, падари Файзулло Туйчиеви 31-сола иддао дорад, ки фарзандашро мақомоти қудратии Ҷумҳурии Қазоқистон як сол аст бегуноҳ дар боздоштгоҳи шаҳри Тироз нигаҳ медоранд. Падару писар ҳамроҳи арӯси хонавода соли 2024 баъди ихроҷ шудани Файзулло Туйчиев аз Русия дар ҷустуҷӯи кору даромад ба ин шаҳр рафта буданд.
Сайдулло Туйчиев, падари Файзулло Туйчиев, сокини Хуҷанд аст. Ӯ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Кори мо аз кафшергарӣ иборат буд. Ман мизу курсиву дар мечаспондам. 182 дона мизу курсӣ сохтем. Бачам тахта бурида ҳамвор мекард ва ранг медод”.
Онҳо тақрибан панҷ моҳ дар коргоҳи як шаҳрванди Қазоқистон заҳмат кашидаанд, вале ба гуфтаи Сайдулло Туйчиев, музди корашонро гирифта натавонистаанд. Бар сари 7,5 ҳазор доллари амрикоӣ байнашон баҳс сар мезанад ва шаҳрвандони Тоҷикистон дигар кор бо ин корхонаро бас мекунанд. Сайдулло Туйчиев мегӯяд, вақте писару келинаш дар Узбекистон кор ёфтанду он ҷо рафтанд, баъди чанд муддат се корманди мақомоти тафтишотии Қазоқистон онҳоро бо зӯр ҳамроҳашон бурдаанд ва он гоҳ қазияи куштори як пиразани ҳамсояи корфармояшон рӯ зад.
Ба гуфтаи Сайдулло Туйчиев, полис гуноҳро ба гардани Файзулло бор кардааст, дар ҳоле, ки, ба бовари падар, ӯ ин ҷиноятро содир накардааст.
“15 рӯз дар (боздоштгоҳи) Сариоғош доштанд. Бачам гуфт, ки дар инҷо маро назаданд. Баъд ба Шимкент гирифта бурданд. Ман рафтам, ки дидан намонданд. Адвокат гирифтам. Баъд фаҳмидам, ки баъди як моҳ ба Тироз гирифта бурдаанд. Даромада бинам лабҳои бачаам варам кардагӣ аст. Се дандони писарамро зада шикаста, фақат гуфтаанд, ки «гуноҳро ба гардан гир, 8 ё 6 сол ҳукм медиҳанд, мо туро дар як сол халос карда мебарорем. Зиёнатро медиҳем гуфтаанд»”.
Боздошти Файзулло Туйчиев аввали октябри соли 2024 рух додааст. Ҳукми Додгоҳи шаҳри Тироз 9-уми июли соли 2025 содир гаштааст. Як нусхаи ҳукм низ дастраси Радиои Озодӣ гардид ва дар он гуфта шудааст, ки Файзулло барои куштори зани нафақахӯр бо номи Зая Ярмотс 16 сол зиндонӣ мешавад. Падараш мегӯяд, фарзандаш бо эътироз аз беадолатии додгоҳ ва шиканҷа дар боздоштгоҳ борҳо даст ба худкушӣ задааст.
Сайдулло Туйчиев мехоҳад, барои тантанаи адолат дастгоҳи президенти Тоҷикистон ба ҳимояти писараш баланд шавад. Ӯ гуфт, Файзулло аз маҳбаси Қазоқистон “ба Ҷаноби Олӣ, Генпрокурори Тоҷикистон ва ба Қазоқистон муроҷиат карда истодааст, ки як комиссия фиристода, ҳақро исбот кунед. Кӣ куштагӣ бошад маълум кунад. На ташхис, на изи даст, ягон хел далел нест”.
Хонаводаи Тӯйчиевҳо аз болои ҳукми Додгоҳи шаҳри Тироз ба зинаи болоӣ шикоят бурдаанд. Қаблан ин хонавода ба Сафорати Тоҷикистон дар Қазоқистон низ муроҷиат кардааст, вале ба қавли Сайдулло Туйчиев, ҳеч посух нагирифтаанд.
Пештар низ чандин шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар ин кишвар зиндонӣ шудаанд, бо ҳамин мазмун ба Радиои Озодӣ муроҷиат карданд ва хоҳони дахолати мақомоти Тоҷикистон ба сарнавишти онҳо гардиданд. Қазоқистон баъди Русия дуюмин кишварест, ки дар он муҳоҷирони кории тоҷик зиёданд ва мушкилоти будубошу кору фаъолияти онҳо низ борҳо расонаӣ гардидааст. Гуруҳе аз зиндониён хостаанд, ки барои адои ҷазо ба Тоҷикистон интиқол дода шаванд.
Гуфтугӯ