Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озодии 3 гаравгони исроилӣ ва 90 зиндонии фаластинӣ дар рӯзи аввали оташбас


Ниманизомиёни "Ҳамос" се гаравгони исроилиро ба Салиби Сурх супурданд. Рӯзи 19-уми январи соли 2025
Ниманизомиёни "Ҳамос" се гаравгони исроилиро ба Салиби Сурх супурданд. Рӯзи 19-уми январи соли 2025

19-уми январ, дар рӯзи нахустин аз марҳилаи аввали оташбаси Ғазза, се гаравгони исроилӣ ва 90 зиндонии фаластинӣ озод карда шуданд.

Озодӣ ва табодули зиндониён ва гаравгонҳо бар асоси созиши оташбас, ки бо миёнаравии Амрико, Қатар ва Миср ба даст омад, сурат мегирад.

Ин оташбас рӯзи 15-уми январ аз сӯи вазири корҳои хориҷии Қатар дар Давҳа барои 42 рӯз эълон шуд. Қарор аст, ду тарафи муноқиша ва кишварҳои миёнарав барои оташбаси доимӣ гуфтугӯҳоро идома диҳанд.

Гаравгони исроилӣ 24, 28 ва 31-сола ҳастанд. Ин се нафар пас аз он ки Салиби Сурх онҳоро ба артиши Исроил супурд, барои муоинаи пизишкӣ ба як бемористон дар наздикии Телавив интиқол ёфтанд.

Раиси бемористон баъдан эълон кард, ки вазъи саломатии ҳар се нафар хуб аст ва феълан метавонанд ба назди хонаводаҳояшон баргарданд. Яке аз онҳо дар ҷашнвораи мусиқӣ ва дуи дигар аз як шаҳраки яҳудинишин дар ҷануби Исроил рабуда шуда буданд.

Озодии 90 зиндонии фаластинӣ бо таъхир ва дар соатҳои аввали бомдоди рӯзи 20-уми январ сурат гирифт. Ин маҳбусон аз зиндони Авфар дар Каронаи Ғарбӣ, ки дар назорати Исроил аст, озод шуданд. Бинобар гузоришҳо, онҳо шомили 69 зан, як кӯдак, ҳашт писар ва 12 мард мебошанд.

Ҳамчунин, бино ба гузоришҳо, 78 тан аз зиндониҳо ба хонаҳои худ дар Каронаи Ғарбӣ бозгаштанд ва 12 тани дигар аз сокинони Байтулмуқаддаси Шарқӣ буданд, ки ба ин шаҳр интиқол ёфтанд.

Марҳилаи аввали созиши оташбас бо ҳудуди се соат таъхир аз соати 11:15-и якшанбе ба вақти маҳаллӣ оғоз шуд.

Дар ин марҳила, ки ба муддати шаш ҳафта эълон шудааст, нерӯҳои исроилӣ қадам ба қадам аз маркази Ғазза берун мешаванд ва дар умум 33 гаравгони исроилӣ ва садҳо зиндонии фаластинӣ озод хоҳанд шуд.

Ҳамчунин ба асоси созиши бадастомада, қарор аст, рӯзона 600 мошини борбар бо кумакҳои башардӯстона вориди Ғазза шавад.

Ҷанг дар Ғазза ҳудуди як солу чор моҳ давом кард. Дар ҳамлаҳои Исроил ҳудуди 47 ҳазор фаластинӣ кушта ва даҳҳо ҳазори дигар захмӣ шуданд.

Исроил замоне ба Ғазза ҳамла кард, ки рӯзи 7-уми октябри соли 2023 "Ҳамос" дар ҳамлае беш аз 1200 исроилиро кушта ва зиёда аз 200 нафарро ба гарав гирифт. Амрико ва Иттиҳоди Аврупо гурӯҳи "Ҳамос"-ро созмони террористӣ медонанд.

Ғазза, ки то оғози ҷанг беш аз ду миллион фаластинӣ дар онҷо зиндагӣ мекард, ҳоло ба харобазор табдил ёфтааст. Бо вуҷуди созиши оташбас ояндаи фаластиниҳо номаълум аст. Маълум нест, ки то куҷо ин оташбас риоя мешавад ва ҷонибҳо ба аҳди худ амал мекунанд. Бозсозии Ғазза солҳои тӯлониро дар бар хоҳад гирифт.

XS
SM
MD
LG