Бино ба пешбинии Пажӯҳишгоҳи астрофизика, моҳи Рамазон имсол дар Тоҷикистон 29 рӯз давом мекунад.
Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон, рӯзи 24-уми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "чун моҳҳои Раҷаб ва Шаъбон имсол 30 рӯз буд, моҳи Рамазон 29 рӯз аст."
Ӯ афзуд, имсол мусалмонони Тоҷикистон иди Фитрро рӯзи якшанбеи 30-юми март ҷашн мегиранд. Дар назар аст, Шӯрои уламо 27-уми март рӯзи иди Фитрро расман эълон кунад.
Имсол моҳи Рамазон 1-уми март фаро расид. Дар гузашта баъзе аз рӯҳониёни суннатӣ дар Тоҷикистон ба 29 рӯз эълон шудани моҳи Рамазон норозигӣ карда буданд.
Аз ҷумла, Домулло Ҳикматулло соли 2015 гуфта буд, “мардум бояд як рӯзи дигар рӯза гиранд.”
Рамазон моҳи муборак барои мусалмонон аст. Пайравони дини Ислом дар ин моҳ рӯза мегиранд ва талош мекунанд бештар корҳои нек анҷом диҳанд.