Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муфтии Тоҷикистон гуфтааст, нафаре, ки ба ӯ ҳамла кард, ҷазои сахт гирифт


Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон
Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон

Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон рӯзи 7-уми феврал дар намози ҷумъа гуфтааст, нафаре, ки бо корд ба ӯ ҳамла кард, 26 сол зиндонӣ шудааст.

Рӯзи 11-уми сентябри соли гузашта ҷавоне дар масҷиди марказӣ ба Саидмукаррам Абдулқодирзода бо корд ҳамла ва пешонии ӯро захмӣ кард. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон он замон ҳодисаро “авбошӣ” номид, вале баъдан худи муфтӣ онро кори дасти “гурӯҳҳои ифротӣ” хонд.

Хабаргузории “Азия-Плюс” рӯзи 10-уми феврал навиштааст, ки 26 сол ҳукми зиндон гирифтани ҷавони ҳамлагарро муфтӣ дар намози ҷумъа эълон кард, вале баъдан аз додани ҷузъиёт худдорӣ кард.

Дар пайванд ба ҳодисаи ҳамла ба муфтии Тоҷикистон се нафар боздошт шуда буд. Дафтари матбуоти Додгоҳи олӣ рӯзи 31-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки ҳукм нисбат ба онҳо содир шудааст, аммо ба далели қувваи қонунӣ пайдо накардан тафсилот намедиҳанд.

Мақомот ному насаб ва маҳали зисти афроди маҳкумшударо ошкор накардаанд. Гуфта мешавад, ҷавони ҳамлагар 21 сола ва сокини шаҳри Норак аст.

Хабаргузории “Азия-плюс” аз қавли Саидмукаррам Абдулқодирзода гуфтааст, ки он ҷавонро “гумроҳ карданд” ва “нафаҳмид, ки чӣ кор кард”.

“Омад, дар паси мо намоз хонд, баъди намоз дар ҳаққи ҳамаи ҷамоат, ки вай ҳам шомил буд, дуои хайр кардам. Аммо берун баромаду ба ман ҳамла кард. Хеле даҳшатнок аст. Гуфтам, Худо ҳидояташ кунад”, - гуфтааст ӯ.

Ҳамла ба Абдулқодирзода замоне рух дод, ки шарҳу паёмҳои ситезаҷӯёнаи зидди ӯ, махсусан пас аз ҳимояташ аз фишори мақомот ба ҳиҷоби исломӣ, ба авҷ расида буд.

Абдулқодирзода 61 сол дорад ва 14 соли охир раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ, ягона ниҳоди содиркунандаи фатво дар Тоҷикистон, аст.

Ӯ дар тӯли кораш дар ин мақом, ки зоҳиран ҷамъиятӣ, вале зери назорату итоати дастгоҳҳои давлатист, борҳо аз минбари масҷид алайҳи гурӯҳҳои ифротӣ сухан ва ба ҳимоят аз ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон даъват кардааст.

Мухолифон ӯ ва ниҳоди зери раҳбарияшро барои сукут дар баробари мушкили диндорон, аз ҷумла ташкили масҷидҳову пӯшиши мазҳабӣ ва гузоштани ришу аз минбарҳо дур кардани рӯҳониёни шинохта танқид карда, баъзе аз гурӯҳҳои ифротгаро ба воситаи интернет ба ӯ таҳдид намуда буданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG