Пайвандҳои дастрасӣ

Кумитаи андоз мегӯяд, ки даромади ширкатҳои мобилӣ коҳиш ёфтааст


Кумитаи андози Тоҷикистон тасдиқ кард, ки даромади ширкатҳои мухобиротӣ коҳиш ёфтааст. Ширкатҳои мухобиротӣ аз андозсупорандагони умда номбар мешуданд, вале баъди ҷорӣ шудани аксизҳои иловагӣ ба хадамоти онҳо, истифодаи иҷборӣ аз "мӯрии ягона"-и мухобиротӣ, андозҳои баланд, даъвоҳои додгоҳӣ ва ҷаримаҳои ҳангуфт даромади ширкатҳо камтар шудааст.

"Нақшаи 8 ноҳия иҷро нашуд"

Коҳиши даромади ширкатҳои мобилӣ дар Тоҷикистон яке аз се омили иҷро нашудани нақшаи будҷа дар 8 шаҳру ноҳия номбар мешавад ва дар ҷумлаи инҳо се ноҳияи Душанбе низ шомил ҳастанд. Ба будҷаи Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли равон бинобар коҳиши даромадҳо, аз ҷумла аз кам шудани фоидаи шикратҳои мобилӣ, 115 миллион сомонӣ маблағи камтар ворид шудааст.

Солҳои қабл ширкатҳои мобилӣ ба буҷаи давлат солона то 1 миллард сомонӣ андоз месупориданд. Ширкати Тселл, яке аз ширкатҳои бузург ду дафъа аз тарафи Кумитаи андоз беҳтарин андозсупорандаи ҷумҳурӣ эътироф шуда буд. Аммо ҳоло ин андозсупорандаҳои беҳтарин солҳои ахир бо Кумитаи андоз мушкил доранд ва додгоҳ амр додааст, ки ширкатҳо ба ин кумита миллионҳо сомонӣ ҷарима супоранд.

"NGN баста, сим корт маҳдуд аксиз ва..."

Масъулини ширкатҳои мобилӣ мегӯянд, даромади онҳо ду сол аст, ки пайиҳам коҳиш меёбад. Масъули як ширкати мобилӣ, ки нахост номаш зикр шавад, ба Радиои Озодӣ гуфт, маҳдудиятҳои зиёд ва талошҳо барои зери даст гирифтани бозори алоқа, ин соҳаро аз рушд боздошт.

Ба қавли ҳамсӯҳбати мо, дахолати мақомоти давлатӣ, аз ҷумла Хадамоти алоқа, аз қабили маҳдуд кардани фурӯши симкортҳо, бастани NGN ва ғайра боис шуд, ки ширкатҳо қисми даромадашонро аз даст диҳанд. Ӯ гуфт, ки болоравии андоз, ҷорӣ кардани аксиз, ҷаримаҳои ҳадафмандона ҳам боис шуданд, ки ширкатҳои мобилӣ аз андозсупорандаи беҳтарин ба калонтарин қарздорҳо табдил ёбанд.

"Ҳамаи ин боиси он шуд, ки арзиши зангҳои байналхалқӣ, зангҳои дохилӣ ва ҳатто смс/ммс паёмакҳо боло бурда шаванд. Гарониҳо пеш аз ҳама ба дӯши муштариён афтид ва онҳо маҷбур шуданд, ки роҳҳои нави алтернативии алоқаро ҷустуҷӯ кунанд. Кор то ҷое расид, ки муштариёни наздисарҳадӣ ҳатто аз алоқаи ватанӣ, бинобар гарон буданаш, ба алоқаи ширкатҳои мобилии ҳамсоякишварҳо, аз ҷумла Қирғизистон рӯ оварданд. Ҳамаи ин албатта ба кам шудани даромади ширкат оварда мерасонад",-афзуд ин ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ.

Ин масъули ширкати мобилӣ мегӯяд, агар вазъ чунин идома ёбад, солҳои наздик пешравиеро дар соҳа интизор шудан душвор аст.

"Ба соҳа озодӣ бидиҳед он худаш рушд мекунад"

Агарчӣ Кумитаи андози Тоҷикистон тоза аз коҳиши даромади ширкатҳои мухобиротӣ хабар медиҳад, коршиносон ду соли ахир аз эҳтимоли таназзули соҳаи мухобирот бонги изтироб мезаданд. Рустам Гулов, таҳлилгари умури алоқа мегӯяд, набуди рақобат боис шудааст, ки соҳа аз рушд бозмонанд ва даромади ширкатҳо низ коҳиш ёбад. Ба қавли ӯ, коҳиши даромади ширкатҳои мобилӣ пеш аз ҳама ба буҷети Тоҷикистон таъсири манфӣ хоҳанд расонд.

Рустам Гулов.
Рустам Гулов.

Ба назари Рустам Гулов, агар мақомот воқеан мехоҳанд, алоқа дар Тоҷикистон рушд ва ҳамин тавр даромади ширкатҳо зиёд шавад бояд ба ширкатҳо озодӣ бидиҳанд. "Ширкатҳо бояд худашон озодона интихоб кунанд, ки Интернетро аз куҷо бихаранд ва ба кӣ фурӯшанд. Нархномаҳои худро худашон бе дахолати мақомоти давлатӣ интихоб кунанд. Танҳо бо роҳи сохтани бозори рақобатнок, ки ҳамаи ширкатҳои мухобиротӣ бо рақобати муайян фаъолияти худро ба роҳ монда тавонанд, мо метавонем даромадро боло барем", -афзуд Рустам Гулов.

Изҳори назари мақомоти тоҷик дар бораи коҳиши даромади ширкатҳои мобилӣ дар ҳоле садо медиҳад, ки ахиран “ТК Мобайл”, яке аз ширкатҳои мобилии Тоҷикистон эълон кард, ки фаъолияташро қатъ мекунад. Инчунин ширкати “VEON”, молики ширкати “Билайн Тоҷикистон” низ эълон кард, ки аз Тоҷикистон меравад.

Қимати алоқаи мобилӣ ва ҳам Интернет дар як соли ахир дар Тоҷикистон боло рафт. Қимати Интернети ҳармоҳа барои афроди алоҳида аз 250 то 1500 ва барои корхонаҳо аз 500-600 то 20 000 сомониро ташкил медиҳад.

Соҳаи мухобироти Тоҷикистон то чанд соли пеш аз бахшҳои рушдкунандаи иқтисод ба шумор меомад, вале дар ду соли ахир се ширкат – "Тселл", "Мегафон" ва "Билайн" аз ҷониби сохторҳои андоз барои мушкил дар пардохти молиёт ҷарима шуданд.

Аз ҷумла, ширкати "Билайн" 151,3 миллион сомонӣ, "Мегафон" - 155 миллион сомонӣ ва "Тселл" - 155 миллион сомонӣ ҷарима шуданд. Ду ширкати аввал дар баҳсҳои додгоҳӣ мағлуб шуданд.

Феълан дар Тоҷикистон чор ширкат “Вавилон,” “Тселл,” “Мегафон” ва “Билайн” ба аҳолӣ хадамоти мобилиро пешниҳод мекунанд. Қаблан ширкатҳои мобилӣ чандин маротиба тариқи сафоратхонаҳо ва намояндагиҳои созмонҳои байналхалқӣ дар Душанбе аз гаронии андоз шикоят карда буданд.

XS
SM
MD
LG