Пайвандҳои дастрасӣ

Вазири маориф пешниҳоди Раҳмоновро "ғайриқонунӣ" донист


Нуриддин Саидов.
Нуриддин Саидов.

Вазири маорифи Тоҷикистон пешниҳоди ректори Донишгоҳи омӯзгорӣ дар мавриди ситонидани ҷарима аз донишҷӯёни "дарсгурез"-ро ғайриқонунӣ хонд.

Вазири маорифи Тоҷикистон Нуриддин Саидов рӯзи 19 ноябр гуфт, ки ситонидани маблағ аз донишҷӯён барои ҳозир нашудан дар дарс ғайриқонунӣ аст ва онҳо пеши роҳи инро мегиранд.

Нуриддин Саидов дар сӯҳбат ба хабарнигорон гуфт, ки мувофиқи талаботи мактабҳои олӣ, дар сурати то 36 соат ҳозир нашудан, донишҷӯ хориҷ карда мешавад. Нуриддин Саидов гуфтааст, ки ин пешниҳод ягон ҷанбаи қонунӣ надорад ва онҳо пеши роҳи инро мегиранд.

Ин дар ҳолест, ки Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Садриддин Айнӣ, мехоҳад нисбат ба донишҷӯёне, ки ба дарсҳо ҳозир намешаванд ва ба истилоҳ “нб” мегиранд, дар ҳаҷми 25 сомонӣ, муодили ҳудуди 5 доллари амрикоӣ ҷарима таъин кунад.

Абдуҷаббор Раҳмонов, раиси Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ду рӯз қабл ба Радиои Озодӣ гуфт, ки “ин лоиҳа дар дасти омӯзиш ва баррасист ва ҳатто аз тариқи овоздиҳӣ миёни омӯзгорону донишҷӯён амалӣ мешавад. Дар сурати ҷонибдори зиёде пайдо кардани ин лоиҳа, донишҷӯе, ки ба дарс ҳозир намешавад ваё ба истилоҳ “нб”мегирад, барои ҳар як “нб”25 сомонӣ ё муодили ҳудуди 5 доллари амрикоӣ ба буҷаи донишгоҳ пардохт мекунад.”

Ба гуфтаи ҷаноби Раҳмонов, тибқи ин лоиҳа, ҳатто нисбат ба устодоне, ки дарсшиканӣ мекунанд, низ пардохти ҷарима пешбинӣ шудааст. Аммо ба гуфтаи раиси донишгоҳ, ин меъёр ба донишҷӯён ва устодоне, ки барои ҳозир нашудан ба дарс узр доранд, рабт надорад ва танҳо барои онҳоест, ки бидуни асос ваё дониста ба дарс намеоянд.

Абдуҷаббор Раҳмонов гуфта буд, чунин тасмимро баъди сафар ба Беларус ва ошноӣ бо вазъи донишгоҳҳои он кишвар ва бо ҳадафи таъмини ширкати донишҷӯёну устодон дар дарсҳо рӯи даст гирфтааст. Ба гуфтаи вай, миқдори ҷарима нисбати донишҷӯёни дарсгурез дар Беларус барои ҳар “нб” то 50 долларро ташкил медиҳад.

Аммо ин лоиҳа аҳли Донишгоҳи омӯзгориро ба ду сангари ҷонибдорон ва мухолифон тақсим кардааст. Иддае аз донишҷӯён аз ин лоиҳа истиқбол карда, мегӯянд, ки ин амр метавонад монеъи дарсгурезии иддае аз донишҷӯён шуда, ба ин васила, онҳоро дар ҷараёни дарсҳо фаъолтар кунад. Аммо иддаи дигар мегӯянд, ки чунин ҷаримабандӣ ба ҷайби бе ин ҳам холии донишҷӯ зарба мезанад.

XS
SM
MD
LG