Темур Раҳимов дар феҳристи ҷаҳонӣ миёни мардон дар вазни беш аз 100 кило бо 5380 имтиёз дар ҷойи сеюм қарор дорад. Дар ин феҳрист дар вазни сангинтарин варзишгари фаронсавӣ Тедди Ринер бо 6800 имтиёз мақоми аввалро азони худ кардааст.
Эмомалӣ Нуралӣ дар радабандии ҷаҳонӣ дар вазни то 66 кило бо 4141 имтиёз дар ҷойи сеюм аст. Дар ин вазн Виллиан Лима аз Бразилия бо 5165 имтиёз дар радабандии ҷаҳонӣ мақоми аввалро касб намудааст.
Бояд гуфт, ки Темур Раҳимов ва Эмомалӣ Нуралӣ дар байни варзишгарони тоҷик натиҷаи беҳтаринро ба даст оварда, пешсаф мебошанд.
Сомон Маҳмадбеков дар радабандии ҷаҳонӣ дар вазни то 81 кило бо 4540 имтиёз дар ҷойи шашум аст. Ин натиҷа дар байни варзишгарони тоҷик дуюм мебошад. Дар вазни то 81 кило Тато Григалашвилии гурҷӣ бо 6435 имтиёз дар ҷойи аввал қарор дорад.
Обид Ҷебов дар радабандии ҷаҳонӣ дар вазни то 66 кило бо 3698 имтиёз мақоми шашумро соҳиб шудааст. Бо ин натиҷа ӯ дар байни варзишгарони тоҷик ҷойи сеюмро мегирад.
Беҳрӯзи Хоҷазода дар феҳристи ҷаҳонӣ дар вазни то 73 кило бо 2560 имтиёз ҷойи 17-умро ишғол кардааст. Ӯ дар миёни варзишгарони тоҷик дар зинаи чаҳорум қарор дорад. Дар феҳристи ҷаҳонӣ дар вазни то 73 кило варзишгари озарбойҷонӣ Ҳидоят Ҳайдаров бо 8004 имтиёз мақоми аввалро соҳиб шудааст..
Абубакр Шеров дар феҳристи ҷаҳонӣ дар вазни то 73 кило бо 2515 имтиёз ҷойи 18-ум азони худ кардааст. Натиҷаи ӯ дар байни варзишгарони тоҷик панҷум аст.
Дар феҳристи ҷаҳонии ҷудо, инчунин Ҷаҳонгир Маджидов (-100 кг) бо 2190 имтиёз дар ҷойи 25-ум, Комроншоҳ Устопириён (-90 кг), ки фаъолияти варзишиаш хотима ёфт, бо 2079 имтиёз дар ҷойи 28-ум, Муҳаммадсолеҳ Қувватов (-60 кг) бо 1948 имтиёз дар ҷойи 30-юм, Меҳрзод Сӯфиев (-60 кг) бо 835 имтиёз дар ҷойи 52-юм, Шодмон Ризоев (-81 кг) бо 570 имтиёз дар ҷойи 70-ум ва Ҳақдод Гулов (-60 кг) бо 540 имтиёз дар ҷойи 72-юм қарор доранд.
Духтарони гуштигири тоҷик низ ба феҳристи ҷаҳонии ҷудо дохил шудаанд. Аҳлия Муъминова (-52 кг) бо 396 имтиёз дар ҷойи 75-ум, Виктория Киселёва (+78 кг) бо 116 имтиёз дар ҷойи 102-юм ва Мадина Қурбонзода (-52 кг) бо 182 имтиёз дар ҷойи 104-ум мебошанд.
Бояд зикр намуд, ду медали варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XXXIII тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Пориси Фаронса натиҷаи беҳтарин дар риштаи ҷудо дар соли 2024 аст. Дар Олимпиадаи Порис-2024 Сомон Маҳмадбеков (-81 кг) ва Темур Раҳимов (+100 кг) бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гаштанд.
Ҳамчунин соли гузашта Сомон Маҳмадбеков дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон дар вазни то 81 кило дар шаҳри Абузабии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ барандаи медали биринҷӣ гардид. Дарвоқеъ, ин дуюмин медал дар таърихи ҷудои тоҷик дар қаҳрамонии ҷаҳон ба шумор меравад. Аввалин медалро дар ин мусобиқот Расул Боқиев соли 2007 дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия ба даст овардааст. Вай дар вазни то 73 кило бо медали биринҷӣ сарфароз шуда буд.