Дастаи мунтахаби футболи наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё-2025 шаби 14-уми апрел бо тими Кореяи Ҷанубӣ рақобат мекунад.
Бозии даври чорякниҳоӣ миёни дастаҳои мунтахаби наврасони Тоҷикистону Кореяи Ҷанубӣ 14-уми апрел дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ, дар варзишгоҳи “Шоҳзода Абдуллоҳ Ал-Файсал”, соати 20:15 бо вақти маҳаллӣ (соати 22:15 бо вақти Душанбе) оғоз меёбад.
Сармураббии дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) Марко Раҷини, мутахассиси итолиёӣ, натиҷаи марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2025-ро шарҳ дода, гуфт, "дар як ҳафта мо бо дастаҳои мунтахаби Уммон (2:1), Кореяи Шимолӣ (0:3) ва Эрон (3:1) се бозии душвор гузаронидем, ки нерӯи зиёдро талаб кард. Мо ба даври чорякниҳоӣ баромадем. Мақсад доштем, ки ба қаҳрамонии ҷаҳон роҳхат гирем ва ба ин ҳадафи худ расидем, аммо намехоҳем бо ин қаноат кунем. Акнун моро муқобили дастаи Кореяи Ҷанубӣ бозии душвор интизор аст. Рақибро меомӯзем ва ба бозӣ хуб омодагӣ мебинем".
Пеш аз бозии Тоҷикистону Кореяи Ҷанубӣ, дар бозии сеюми даври чорякниҳоӣ 14-уми апрел дар Ҷидда, дар варзишгоҳи “Шоҳ Абдуллоҳ Спортс Сити Холл”, бозӣ миёни дастаҳои наврасони Индонезия ва Кореяи Шимолӣ соати 17:00 бо вақти маҳаллӣ (соати 19:00 бо вақти Душанбе) шуруъ мешавад.
Ду бозии аввали даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё-2025 рӯзи якшанбеи 13-уми апрел доир гардид. Дастаи наврасони Узбекистон бар тими Имороти Муттаҳидаи Арабӣ бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуд.
Замони асосии бозӣ миёни дастаҳои мунтахаби Ҷопон ва Арабистони Саудӣ бо ҳисоби мусовӣӣ 2:2 хотима ёфт. Аз рӯи силсилазарбаҳои 11-метрӣ ё пеналти футболбозони навраси Саудӣ бо ҳисоби 3:2 ғолиб гардиданд.
Ба ин тартиб, дастаҳои мунтахаби наврасони Узбекистон ва Арабистони Саудӣ ба нимфинал баромаданд. Дар даври ниманиҳоӣ Узбекистон бо ғолиби ҷуфти чоркфиналӣ Индонезия/Кореяи Шимолӣ ва Арабистони Саудӣ бо ғолиби ҷуфти чоркфиналӣ Тоҷикистон/Кореяи Ҷанубӣ рақобат мекунанд.
Бояд зикр намуд, ки дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бори сеюм дар таърихи худ ба қисми ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон роҳ ёфт. Қаблан наврасони тоҷик дар қаҳрамонии ҷаҳон дар Кореяи Ҷанубӣ (соли 2007) ва Бразилия (соли 2019) ширкат карда буданд.