Расонаҳо ва мутахассисони ғарбӣ ӯро "марди Русия дар ҷануби Сурия" меноманд. Бархе ҳам "таҳдиди билқувва" барои Аҳмад Шаръ (Абумуҳаммади Ҷулонӣ), ҳокими нави Сурия, мепиндоранд. Номаш Аҳмад ал-Авда аст.
Ӯ пеш аз он ки мавқеашро тағйир диҳад ва ҳамкори Русия шавад, аз нахустин солҳои ҷанги дохилии Сурия (2011) фармондеҳи шӯришиёни мухолифи Башор Асад дар вилояти Даръо (ҷануби Сурия) буд.
Ҳама чиз дар моҳи ноябри соли 2024 тағйир кард. Замоне ки гурӯҳи "Таҳрир аш-Шом" ва муттаҳидонаш ҳамлаҳои худро алайҳи ҳукумати Башор Асад, раисҷумҳури барканоршудаи Сурия, аз шимол оғоз карданд, Авда ва ҷангҷӯёнаш аз ҷануб ба самти Димишқ ба роҳ баромаданд. Иёлоти Муттаҳида "Таҳрир аш-Шом"-ро созмони террористӣ медонад.
Робин Ёсин Қассоб, яке аз муfллифони китоби "Сурия дар инқилоб ва ҷанг", мегӯяд, Авда як бозигари фурсатталаб ё закӣ ва амалгаро аст.
Шӯришӣ дар ҷануб
Дар мавриди солҳои аввали зиндагии Аҳмад ал-Авда ҷузъиёт дар даст нест. Дар гузоришҳо ба нақл аз шахсони наздик ба ӯ омадааст, ки Авда пеш аз оғози ҷанги дохилии Сурия ва пас аз поёни хидмати иҷборӣ дар артиши он кишвар, ба Имороти Муттаҳидаи Арабӣ рафт.
Бино ба гузоришҳо, Авда, ки ба ҷуз аз хидмати иҷборӣ дар артиш ҳеч таҷрибаи низомӣ надошт, дар соли 2012 ба Даръо бозгашт. Дар соли 2014 ба "Артиши Озоди Сурия", эътилофи бузурги нерӯҳои шӯришии мухолифи Асад, пайваст.
Ба гуфтаи шахсони наздик ба Авда, ӯ бо васфи ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои шӯришии исломгаро монанди "Ҷабҳат-ун-нусра" ҳаргиз робитаи наздик бо онҳо барқарор накард. Ин ҷабҳа аз тарафи Аҳмад Шаръ таъсис шуда буд. Шаръ дар он замон ба номи Абумуҳаммади Ҷулонӣ шуҳрат дошт.
Авда ҳаргиз ба гунаи ошкор майли худро барои ҳукуматдорӣ бар асоси шариат иброз накардааст. Пас аз он ки нерӯҳои ҳукумати Сурия дар соли 2018 барои бозпасгирии ҷануб аз шӯришиён ҳамлаи бузургеро ба роҳ монданд, вай бо Русия ба созиш расид. Бар асоси ин тавофуқ, шӯришиён бо ҳукумати Башор Асад "оштӣ" карданду силоҳҳои сангини худро супурданд ва дар ҷануби Сурия монданд.
Ба бовари Робин Ёсин Қассоб, Авда ба сатҳи пойини худмухторӣ даст ёфт ва ҷангсолори маҳаллӣ шуд. Ӯ пас аз ҳамла ба раҳбарии "Таҳрир аш-Шом" алайҳи режими Башор Асад дар моҳи ноябри 2024 як бори дигар ба тағйири байъат даст зад. Бино бар гузоришҳо, ӯ бо Русия қатъи робита карду ҳамкориро бо "Таҳрир аш-Шом" оғоз бахшид ва ба сӯйи Димишқ ҳаракат кард.
Пеш аз даромадани Шаръ, Авда ва нерӯҳояш дар рӯзи 8-уми декабри соли 2024 дар Димишқ дида шуданд, аммо дар зарфи чанд соат онҷоро тарк карданд. Дар ҳоле ки ӯ ба таври ошкор барои ба чолиш кашидани Аҳмад Шаръ майле нишон надодааст, гузоришҳо баёнгари онанд, ки ӯ мехоҳад худмухторияшро дар ҷануб ҳифз кунад.
Таҳдиди роҳбарӣ?
Кишварҳои қудратманди арабӣ ба монанди Миср, Арабистони Саудӣ ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ба хотири пайомадҳои минтақаии ба қудрат расидани исломгароён дар Сурия нигаронанд.
Ин нигарониҳо дар ҳоле матраҳ мешавад, ки Иёлоти Муттаҳида дар ҳоли дур кардани баъзе аз маҳдудиятҳои зидди Сурия аст. Бар асоси санаде, ки Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ дид, Иттиҳоди Аврупо низ дар мавриди рафъи таҳримҳои нафт, газ ва нақлиёт бар Сурия тасмим мегирад.
Колин Кларк, мудири сиёсат ва таҳқиқот дар гурӯҳи “Soufan" дар Ню-Йорк, гуфт, агар ҳокимони нави Сурия тавонанд, кишварро ба таври муассир идора кунанд, "ин таҳрики воқеӣ барои гурӯҳҳои исломгаро хоҳад буд". Кларк меафзояд, раҳбарияти Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Арабистони Саудӣ аз он ташвиш доранд, ки назорати гурӯҳи "Таҳрир аш-Шом" бар Сурия ба исломгароён дар ин кишварҳо нерӯ мебахшад.
Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Арабистони Саудӣ ҷунбишҳои исломгароро таҳдиде барои низомҳои салтанатӣ ва сиёсии худ медонанд. Ва дар инҷо касе мисли Авда бо номи ошно ва равобит бо Имороти Муттаҳидаи Арабӣ метавонад шахси муносиб бошад.
Бархе нозирони минтақа гуфтаанд, ки Авда "Халифа Ҳафтар"-и Сурия шуда метавонад. Марди қудратманде, ки аз ҷониби Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Миср ҳимоят мешавад ва ҳукумати ваҳдати миллии Либияро ба чолиш кашидааст. Созмони Милал аз ин ҳукумат ҳимоят мекунад.
Ёсин Қассоб мегӯяд, "мутмаинам, ки агар як шӯришгарӣ дар Сурия оғоз шавад, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Абдулфаттоҳ Сисӣ, раисҷумҳури Миср аз он ҳимоят хоҳанд кард. Ин бастагӣ ба он дорад, ки идораи нави Сурия чӣ гуна ба шакли муассир ва босуръат низом ва иқтидорро дар он кишвар барқарор мекунад."