"Forum 18" дар як гузориш мақомоти Тоҷикистонро танқид кардааст, ки монеи баргузории маросими исмоилиён дар шаҳрҳои Хоруғ ва Душанбе шудаанд. Ин пойгоҳ вазъи озодиҳои диниро дар ҷаҳон бозтоб медиҳад. Гузориш рӯзи 19-уми март нашр шуд.
Муаллифон навиштаанд, ки маросим дар моҳи феврали имсол дар пайванд ба даргузашти Шоҳзода Карим Оқохони чор ва эълони раҳбари нави исмоилиён, як шохаи мазҳаби шиа, баргузор шуд. Оқохони чор шаби 4-уми феврал даргузашт.
Садҳо кас рӯзи 5-уми феврал дар Маркази исмоилия дар Хоруғ ҷамъ омада, ба хотири даргузашти ӯ азо гирифтанд. "Вале афсарони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва мансабдорони дигари маҳаллӣ баландгӯйҳоро бардоштанд, то садои дохили биноро касе нашунавад," – шикоят кардааст яке аз пайравони исмоилия.
Дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ бо вуҷуди сардии ҳаво мардуми зиёде ҷамъ омада буд ва на ҳама дар дохили бино ҷой гирифт. Ин сокини Хоруғ афзудааст, "вақте мардум талаб карданд, ки баландгӯйҳо дубора дар ҷояшон гузошта шаванд, мақомот бо ҷазо таҳдид карданд." Шарҳи расмӣ дастрас нест.
Ҳолати ба ҳамин монанд рӯзи 11-уми феврал дар пойтахти Тоҷикистон иттифоқ уфтодааст. Замоне ки гурӯҳе дар Маркази исмоилия дар Душанбе ҷамъ омада буданд, то маросими ба тахт нишасти пешвои нави исмоилиён Шоҳзода Раҳим ал-Ҳусайнӣ Оқохони панҷро ба таври онлайн бубинанд.
“Мақомоти Душанбе нерӯи барқро дар Маркази исмоилия хомӯш карданд. Коргарон хостанд, ки генераторро ба кор дароранд, аммо маъмурони пулис огоҳӣ доданд, ки ин корро накунанд, вагарна ҷазо хоҳанд гирифт,” – гуфтааст яке аз шоҳидони ҳодиса. Номи ҳамсуҳбатон ба далели амниятӣ навишта намешавад.
Ба нигоштаи муаллифон, “бисёриҳо ба ин назаранд, ки ин амали барқасдона аз ҷониби мақомот барои халалдор кардани маросими мазҳабӣ ва саркӯби боварҳои исмоилӣ буд.”
Як масъули Раёсати умури дин дар шаҳри Душанбе ба “Forum 18” гуфтааст, дар бораи қатъи барқ ва фаъол нашудани генератор дар Маркази исмоилия хабар надорад. “Шояд бо сабабҳои техникӣ шудааст,” -- афзудааст ӯ, вале номашро фош накардааст.
Ваколатдори ҳуқуқи инсон ё Омбудсмен дар Тоҷикистон Умед Бобозода, ки аз ҷониби ҳукумат таъйин шудааст, ба суолҳои “Forum 18” дар бораи поймоли ҳуқуқи исмоилиҳо посух надодааст.
Муаллифони гузориш гуфтаанд, дар умум ҳукумати Тоҷикистон чанд сол боз бо пайравони исмоилия муносибати хуб надорад. Аз ҷумла, намояндагони мақомот халифа ё пешвоёни мустақили мазҳабиро ба истеъфо маҷбур карда, бархеро боздошту бозпурсӣ кардаанд.
Фирқаи исмоилия дар саросари ҷаҳон ҳудуди 15 миллион пайрав дорад. Пайравони ин равия асосан дар Афғонистон, Покистон, Тоҷикистон, Эрон, Ҳинд ва бахшҳое аз Африқо зиндагӣ мекунанд. Бештари сокинони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшони Тоҷикистон ҳам исмоилӣ ҳастанд.
Оқохони чорум, раҳбари пешини исмоилиён, борҳо бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон омада, чанде аз иншоот, аз ҷумла пули пайвандгари Тоҷикистону Афғонистонро бар фарози дарёи Ому ба истифода додааст.
Сафари охирини ӯ ба Тоҷикистон дар моҳи апрели соли 2012 сурат гирифт. Дар соли 2022 ду бор дар пайванд ба ҳодисаҳои Бадахшон изҳорот дода, ибрози нигаронии худро баён дошта буд.
Шабакаи Рушди Оқохон беш аз сӣ сол боз дар Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамсояаш тарҳҳои зиёди иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиро амалӣ мекунад. Саҳмияи ширкати мобилии “Tcell”, Бонки сармоягузорӣ ва қарзӣ ва меҳмонхонаи “Серена” дар Душанбе ба он марбут дониста мешавад.
Вале Бунёди Оқохон пас аз саркӯби хунини норозиён дар Хоруғу Рӯшон дар соли 2022, аз чанд бинои худ дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон маҳрум гашт. Аз ҷумла, Литсейи Оқохон, замини Донишгоҳи вобаста ба Шабакаи Оқохон, меҳмонхонаи “Серена” ва боғи марказии фароғатии шаҳри Хоруғ.
Ҳоло Шоҳзода Раҳим ал-Ҳусайнӣ Оқохони панҷ имоми 50-уми исмоилиёни ҷаҳон аст. Вай ҳеч гоҳ ба Тоҷикистон наомадааст. Соли 2019 Шоҳзода Алӣ Муҳаммад Оқохон, писари хурдии Оқохони чорум, ба Бадахшон омада буд.