Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомот аз иҷрои нақшаи даъват ба артиш дар 11 ноҳияи Хатлон гуфтанд, вале на аз ҷалби маҷбурӣ

навшуда

Ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, соли 2021
Ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, соли 2021

Вазорати мудофеаи Тоҷикистон гуфт, дар ду рӯзи аввали моҳи октябр нақшаи даъват ба артиш "55 фоизро ташкил дод". Хабаргузории «Ховар» аз қавли маркази матбуоти вазорат навишт, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нақша 101 фоиз иҷро шуда, инчунин дар ноҳияҳои минтақаи Рашт, ноҳияҳои Вахш, Фархор, Данғара ва Балҷувони вилояти Хатлон, шаҳри Норак, ҷамоатҳои деҳоти Ворух ва Чоркӯҳи шаҳри Исфара ва дигар шаҳру ноҳияҳо низ даъват пурра ба анҷом расидааст.

Чанд соат пеш аз ин хабар ҳамин манбаъ гуфт, дар минтақаи Хатлони Тоҷикистон 11 ноҳия нақшаи даъват ба хидмат дар артишро дар “як рӯзи аввали моҳи октябр” пурра иҷро карданд. Дар ин бора рӯзи панҷшанбе хабаргузории расмии «Ховар» иттило додааст. Ба навиштаи ин хабар, дар рӯзи аввали даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи артиш ноҳияҳои Фархор, Ховалинг, Балҷувон, Левакант, Бохтар, Вахш, Норак, Хуросон, Данғара, Муъминобод ва Дӯстӣ аз пурра иҷро шудани нақша хабар доданд.

Дар иттилои расмӣ дар бораи ҷалби маҷбурии ҷавонон ба хидмат чизе гуфта намешавад, вале давоми як моҳи охир чандин ҳодисаи бо зӯр ва маҷбурӣ ба хидмат бурдани ҷавонон дар шабакаҳо роҳ ёфт.

Аз ҷумла, дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон таҳқиқи парвандаи як садамае бо иштироки корманди Комиссариати ҳарбӣ дар рӯзи 22 сентябр шурӯъ шудааст, ки се нафарро куштаву чор касро маҷрӯҳ бар ҷой гузошт. Фоҷеа ҳангоме рух дод, ки корманди Комиссариати ҳарбӣ як ҷавони синни даъватро бо зур ба мошин савор карда, бо суръат ронд ва ба мошини самти муқобил бархурд.

Моҳи сентябр гуруҳе аз сокинони шаҳри Исфара шикоят карданд, ки мақомот барқи деҳаро қатъ карда талаб кардаанд, ки фарзандонашонро ба артиш фиристанд.

Эътироф мекунанд, вале...

Мақомот ҳодисаҳои қонуншиканӣ ба ҳангоми даъват ба артишро эътироф мекунанд, вале аз ин ҳодисаҳо решакан намешаванд. Масалан, моҳи марти имсол Фирдавс Ҳаётзода, додситони ҳарбии Тоҷикистон ба хатми шеваҳои ғайриқонунии ҷалби сарбозон ба артиш даъват намуд. Ҳаётзода дар ҷаласае бо ҳузури муовини сарвазир ва раиси Кумисюни даъват Дилрабо Мансурӣ ва вазири мудофиа Эмомалӣ Собирзода, аз ҷумла, гуфт: "Пешгирӣ аз роҳҳои ғайриқонунии даъват, коҳиши сатҳи ҳама гуна ҷиноят ва диққати аввалиндараҷа ба сифати даъвати шаҳрвандон" зарур аст.

Дар хабари “Ховар” ҳам рӯзи 2 октябр таъкид шудааст, ки “Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон... омили асосии нигаҳдории давлатдории миллӣ” буда, “сол аз сол шароити хизмат барои сарбозон дар ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳ беҳтар мегардад”.

Ҳомиёни ҳуқуқ ҳам дар Тоҷикистон беҳтар шудани шароити хидмат ва ҷои зисту хӯроки сарбозонро тасдиқ мекунанд, вале айни замон, мушкили бадрафторӣ дар артиш, меҳтарсолорӣ ва вуҷуди муносибатҳои ғайрионномавиро сабаби аксар ҳодисаҳои хушунат ва ҳам марги сарбозон дар артиш меноманд. Ин омилҳо, ба бовари онҳо, боиси камтарафдор будани таҷрибаи хидмат дар артиш дар чашми ҷавонони тоҷик сабаб мешавад.

Гузориши Департаменти давлатии ИМА оид ба вазъи мубориза бо қочоқи инсон дар Тоҷикистон дар соли 2025 сарбозшикорро чун ҳолати маҷбурии ба артиш бурдани шаҳрвандон ба унвони як навъи дигари ҳодисаҳои марбут ба "хариду фурӯши инсон" интиқод кардааст.

Ба иттилои ваколатдори ҳуқуқи инсон дар соли 2023 дар артиши Тоҷикистон 40 сарбоз ҷон додааст. Аз ин шумора, ба эътирофи Омбудсмен, 8 маврид худкушӣ буда, "6 нафар аз беморӣ фавтиданд".

Фармони президент дар бораи даъвати тирамоҳӣ ба артиш рӯзи 29 август имзо шуд ва бар асоси он мақомот вазифадоранд моҳҳои октябр-ноябри соли 2025 ҷавонписарони аз 18 то 27-соларо ба сафи нерӯҳои мусаллаҳ ҷалб кунанд.



Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG