Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Мактабу донишгоҳҳо мадраса шудаанд". Тарси паноҳҷӯён аз мактабҳои Толибон


Шогирдони як мактаби паноҳандагони афғонистонӣ, ки дар наздикиҳои шаҳри Пешавари Покистон амал мекунад, ҳамарӯза аз он нигарон ҳастанд, ки агар мақомот онҳоро ба Афғонистон баргардонанд, ояндаашон чӣ мешавад. Хабарнигори Радиои Машъал – бахши покистонии Радиои Озодӣ ба қароргоҳи паноҳандагон рафт.

Урдугоҳи паноҳандагони "Хазона" аслан охири солҳои 70-уми асри гузашта чун сарпаноҳе барои паноҳҷӯёни низоъҳои онвақта дар Афғонистон таъсис шуда буд. Ҳоло ин ҷо насли нави афғонистониҳои мардуми ташнаи зиндагии амну осуда ба сар мебаранд. Онҳоро мисли дигар паноҳҷӯён мақомоти Покистон огоҳ карда буданд, ки дар сурати то 31 август тарк накардани ин муассиса, маҷбуран ба ватанашон баргардонида мешаванд.

Салмон Хон, як мактабхон дар ҳамин урдугоҳ таваллуд шудааст. Ӯ дар сӯҳбат бо хабарнигори Радоии Озодӣ гуфт: “Ба ин урдугоҳ бобоям муҳоҷират карда буд. Ман дар "Хазона" таваллуд шудаам. Ҳоло дар синфи панҷум мехонам”.

Салмон Хон таҳсилро дар мактаб дӯст медорад ва аввалин нигарониаш ин аст, ки дар сурати қатъи зиндагиву таҳсил дар ин ҷо, дар Афғонистон бо бесарнавиштӣ рӯбарӯ мешавад. “Кӯчидан ба Афғонистон дар ҳамин марҳила ба ҷараёни таълими ман осеб мерасонад. Инчунин имкони якбора ба як мактаби дигаре шомил шудан дар Афғонистон вуҷуд надорад”.

Салмон Хон дар бораи бемактабии паноҳандагони баргардонидашуда аз нақлҳои воқеии дигарҳо медонад – онҳое, ки баргаштанду ҳоло сарсону бетаҳсил мондаанд. Ба гуфтаи ӯ, бисёр хонаводаҳои паноҳҷӯёни афғонистонии баргашта аз Покистон мегӯянд, ки натавонистаанд фарзандони худро ба мактабҳо шомил кунанд, чун барои сабтиноми онҳо санадҳои зарурӣ намерасад.

Ин нигарониҳо бепоя нест. Ҳукумати Толибон дар чор соли баъди бозгашташ сари қудрат дар Афғонистон тамоми намудҳои дарсҳои дунявиро дар мактабу донишгоҳҳои ин кишвар масдуд карданд. Ҳоло барномаҳои дарсии аксар мактабҳои миёна, донишгоҳҳои давлатӣ, марказҳои таълими касбу ҳунар ба мадрасаву мактабҳои динӣ табдил шудаанд. Шумори мадрасаҳо дар Афғонистон якбора афзудааст.

Дарсҳое, ки дар ин мадрасаҳо ба роҳ монда шудаанд, аз рӯи таълимоти ифротӣ таҳия шуда хатари тарбияи насли нави ифротгаро дар Афғонистонро ба вуҷуд овардаанд.

Шокил Аршад, муаллиме, ки дар мактаби паноҳҷӯёни "Хазона" барои кӯдакон дарс медиҳад, мегӯяд, дилаш барои шогирдонаш месӯзад. Ӯ, ки ба бачаҳо аз илмҳои дақиқи мисли риёзиёт дарс медиҳад, мегӯяд, “барномаи таълиме, ки мо дар ин ҷо эҷод кардаем, барои ин донишомӯзон дар Афғонистон мушкилоти хеле ҷиддӣ эҷод мекунанд. Ҳукумати Толибон бояд як роҳҳале биёбад, масалан, бояд муассисаҳои таълимии иловагӣ барои онҳо бисозанд, то ки онҳо як соли таҳсилашонро аз даст надиҳанд”.

Тибқи омори СММ, аз соли 2023 - замони шурӯи саркӯби паноҳҷӯёни афғонистонӣ дар Покистон, 1,2 миллион нафар ба Афғонистон баргаштааст. Дар дохили Покистон ҳам вазъи онҳо амн нест, чун полис ва дигар ниҳодҳои ҳукуматӣ алайҳи муҳоҷирон рейд ташкил кардаву бадрафторӣ мекунанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG