Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси ҷумҳури Фаронса гуфт, Фаластинро ба расмият мешиносанд


Эмануэл Макрон, дар авҷи хашми ҷаҳонӣ аз вуқӯи қаҳтӣ дар навори Ғазза, мегӯяд, Фаронса кишвари Фаластинро ба расмият хоҳад шинохт. Исроил ин тасмими Фаронсаро маҳкум кард.

Раисҷумҳури Фаронса рӯзи 24 июл бо нашри паёме дар шабкаи Х, гуфт, ки тасмими худро дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар моҳи сентябр, расмӣ хоҳад кард. Ӯ навишт, "авлавияти фаврии имрӯз, поёни ҷанг дар Ғазза ва наҷоти ғайринизомиён аст".

Раисҷумҳури Фаронса пас аз ҳамлаҳои 7-уми октябри соли 2023 аз Исроил ҳимоят кард ва ҳамеша аз яҳудиситезӣ сухан гуфтааст. Аммо дар моҳҳои ахир нисбат ба иқдомҳои ҷангии Исроил дар Ғазза, норизоятӣ кардааст.

Макрон дар паёми худ навишт, "бо таваҷҷуҳ ба ӯҳдадориҳои таърихии Фаронса ба сулҳе одилона ва пойдор дар Ховари Миёна, тасмим гирифтаам, ки Фаронса кишвари Фаластинро ба расмият бишиносад. Сулҳ мумкин аст".

Ӯ ҳамчунин номаеро, ки дар ин замина барои Маҳмуд Аббос, раиси Ташкилоти худгардони фаластинӣ фиристод, дар ин паёми худ замима кардааст. Фаронса калонтарин ва қудратмандтарин кишвари аврупоӣ аст, ки Фаластинро ба расмият мешиносад. Беш аз 140 кишвар то кунун кишвари Фаластинро ба расмият шинохтаанд, аз ҷумла, беш аз 12 кишвари аврупоӣ.

Ба гузориши "Асссошиэйтед пресс", Фаронса дорои бештарин аҳолии яҳудӣ дар Аврупо аст. Дар кишварҳои Аврупо ғарбӣ мусалмонон аз ҳама бештар дар Фаронса зиндагӣ мекунанд.

Нахуствазири Исроил тасмими раисҷумҳури Фаронсаро маҳкум кард ва гуфт, чунин иқдоме "ба терроризм подош медиҳад ва хатари эҷоди як нерӯи ҳампаймони дигар барои Эронро дар пай дорад".

Бенямин Нетаняҳу дар паёме дар шабакаи Х навишт, "як кишвари фаластинӣ таҳти ин шароит нерӯе барои нобудии Исроил хоҳад буд, на барои зиндагии сулҳомез дар канори он. Биёед ошкор бигӯем, фаластиниҳо ба дунболи кишваре дар канори Исроил нестанд, балки хоҳони кишваре ба ҷойи Исроил ҳастанд".

Исроил Катс, вазири дифои Исроил ва дигар сиёсатмадорони ин кишвар низ аз ин тасмими ҳукумати Фаронса интиқод кардаанд.

Хабаргузории "Рейтерз" мегӯяд, ин тасмим илова бар Исроил, эҳтимолан боиси хашми ҳукумати Амрико хоҳад шуд. Амрико моҳи гузашта дар як ёддошти дипломатӣ эълон кард, ки ба ҳар гуна иқдоме, ки ба таври якҷониба кишвари Фаластинро ба расмият бишносад, мухолиф аст.

Дар рӯзҳои ахир, мавҷе аз мухолифатҳо бо иқдомҳои Исроил ба роҳ андохта шудааст. Аввалҳои ҳамин ҳафта, Фаронса ва беш аз 25 кишвари асосан аврупоӣ, маҳдудиятҳои Исроилро барои вуруди кӯмакҳои башардӯстона ба Ғазза ва куштори садҳо фаластинӣ, ки дар талош барои расидан ба ғизо буданд, маҳкум карданд.

Фаластиниҳо хостори ташкили як кишвари мустақил дар Каронаи ғарбӣ, Байтулмуқаддас ва Навори Ғазза, ҳастанд. Сарзаминҳое, ки Исроил дар ҷараёни ҷанги соли 1967-и Ховари Миёна, ишғол кард.

Давлати Исроил ва аксари сиёсатмадорони он муддатҳост, ки бо ташкили кишвари Фаластин мухолифанд ва акнун мегӯянд, чунин иқдоме, ба вижа пас аз ҳамлаи 7 октябри соли 2023 подоше барои ниманизомиёни "Ҳамос" ва гурӯҳҳои ҳампаймони он хоҳад буд. Исроил пас аз ҷанги соли 1967 шарқи Байтулмуқаддасро ба сарзамини худ пайваст кард ва онро бахше аз пойтахти худ медонад.

Ин кишвар ҳамчунин дар Каронаи ғарбӣ даҳҳо шаҳраки яҳудинишин бунёд кардааст, ки бархе аз онҳо акнун беш аз 500 ҳазор аҳолӣ доранд. Ҳудуди се миллион фаластинии сокини ин минтақа низ таҳти ҳукумати низомии Исроил зиндагӣ мекунанд. Ташкилоти худгардони Фаластин танҳо дар марказҳои ҷамъиятӣ ихтиёроти андаке дорад.

XS
SM
MD
LG