Ширкати ТГЭМ (Тоҷикгидроэлектромонтаж) дар вокуниш ба матлаби Радиои Озодӣ навиштааст, ба як коргари собиқаш, ки дар сохтмони неругоҳи “Роғун” осеб гирифт, даҳҳо ҳазор сомонӣ ҷуброн пардохтааст.
Пайвандони Сабзалии Маҳмадалӣ, сокини ноҳияи Шамсиддин Шоҳин аввали моҳи ноябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, фарзандашон дар маҳалли сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" маъюб шуда, ҳоло бистарист, аммо кумаки зарурӣ намегирад.
Сабзалии Маҳмадалӣ дар "Роғун" корманди ширкати ТГЭМ (Тоҷикгидроэлектромонтаж) будааст. Ин ширкат 10-уми декабр дар вокуниши расмӣ ба Радиои Озодӣ навишт: "баъди ҳодисаи нохуш аз рӯзҳои аввал сар карда, ТГЭМ дастгирии моддии Сабзалии Мадалӣ ва аҳли оилаашро, аз ҷумла бо фарогирии хароҷоти тиббӣ, табобат, ташхис, доруворӣ, офиятбахшӣ ва эҳтиёҷоти маишӣ ба роҳ монд. Ба наздикону пайвандонаш низ барои нигоҳубини ҷабрдида кумаки молӣ расонида шуд. Маблағи умумии кумакҳои расонидашуда, ки расман тасдиқ гардидаанд, 249 ҳазору 197 сомониро ташкил медиҳад. Ширкат дар асоси риояи талаботи қонунгузорӣ ва тавсияҳои муассисаҳои тиббӣ дастгириро минбаъд идома медиҳад”.
Ин дар ҳолест, ки худи Сабзалии Маҳмадалӣ мегӯяд, 249 ҳазор сомонӣ маблағ нагирифтааст. Ин ҷавон дар илова ба суҳбатҳояш дар матлаби пешина, такроран, рӯзи 13-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, танҳо баъди пахш шудани гузориш дар "Озодӣ" дар аввали моҳи ноябри имсол, намояндагони ширкати ТГЭМ ба ӯ 24 ҳазор сомонӣ пардохт карданд. "Ҳамчунин ваъда доданд, ки 17 ҳазор сомонии дигар пардохт мекунанд, ки мумкин рӯзи душанбе гузарад", - афзуд Сабзалии Маҳмадалӣ.
Ширкати ТГЭМ (Тоҷикгидроэлектромонтаж) ба Радиои Озодӣ навиштааст, "вазъи саломатии Сабзалии Мадалиро таҳти назорат гирифта, ҳангоми пайдо шудани зарурат дар асоси талаботи меъёрӣ ва тартиботи дохилӣ дастгирии ҷабрдидаро таъмин хоҳад кард". Аммо Сабзалии Мадалӣ мегӯяд, асосан аз ҳисоби худ ва наздиконаш табобат мегирад.
Ҳоло ба Сабзалии Маҳмадалӣ ҳамчун маош маблағи муайяне аз сӯи идораи сохтмони "Роғун" пардохт мешудааст. Хонаводааш мегӯянд, ин маблағро ҳам баъд аз шикоятҳои зиёд гирифтанд. “Маошашро як-ду моҳ нагузаронданд. Даъво кардем, 3800 сомонӣ доданд. Додари ҷон, ин пул ҳеч чиз намешавад. Доруву коғаз мегирем. Намерасад,” – гуфта буд Гулинор Қурбонова, модари Сабзалии Маҳмадалӣ.
Сабзалии Маҳмадалӣ ним сол пеш ҳангоми парма кардани кӯҳ осеб дид ва аъзои баданаш шикаст. Наздиконаш мегӯянд, ӯ ягона ноновари хона буд.
Ин ягона ҳодисаи нохуш дар неругоҳи барқии "Роғун" нест, ки боиси ҳалокат ва захмӣ шудани коргарон мешавад. Моҳи ноябри соли 2024 низ дар натиҷаи ҳодисаи нохуше дар маҳалли сохтмони неругоҳ се коргар ба ҳалокат расида, як каси дигар маҷруҳ шудааст. Фавтидагон коргарони ширкати "Хокрӯд" буданд. Санъат Асо, сардори Хадамоти назорати бехатарии кор дар саноат аввали имсол гуфта буд, дар пайи ҳалокати се коргар дар неругоҳи “Роғун” нисбати ду нафар парвандаи ҷиноӣ боз шуд. Аммо мақомот баъдан нагуфтанд, ки ин ду нафар чӣ ҷазо гирифтанд.
"Роғун" як сохтмони дорои аҳамияти умумимиллӣ эълон шудааст. Дар гузашта бар асари ҳодисаҳои нохуш дар онҷо чанд нафар маҷруҳ ва бархе ҷон бохтаанд. Ба иттилои расмӣ, дар соли 2020 дар маҳалли сохтмони "Роғун" 3 нафар ба ҳалокат расида, 15 нафар маҷрӯҳ шуданд. Мақомот ин ҳолатҳоро натиҷаи риоя накардани талаботи бехатарӣ медонанд, вале коргарон аз шароити душвори кор шикоят мекунанд.