Дар Қирғизистон, мавзӯи меҳтарсолорӣ ё "дедовшина" дубора пурбаҳс шуд. Ин бор як изҳороти вазири нави дифои ин кишвар Руслан Мукамбетов, масъаларо доғ кард.
Вай гуфтааст, бадрафторӣ дар артиш ҳоло чандон мавзӯи доғу муҳим нест ва таъкид кардааст, ки тарбияи сарбозон бояд ҳанӯз аз кӯдакистону мактаб оғоз шавад.
Ин изҳороти мансабдор дар пасманзари чанд мавриди расонаӣ шудани латукӯби наваскарон дар Қирғизистон, сару садои зиёде ба по кардааст. Чанд ҳодисаи ахири озору азияти сарбозон дар қисмҳои ҳарбӣ, сокинони зиёдеро нигарон сохт.
Ҳафтаи гузашта, президент Содир Ҷабборов дар ниҳодҳои қудратӣ тағйироти кадрӣ анҷом дод. Вай вазири дифоъ, Бахтибек Бекболотовро дабири Шӯрои амнияти Қирғизистон таъин кард. Иҷрокунандаи вазири дифоъ Руслан Мукамбектов эълон шуд. Вай пештар дар ин ниҳод муовини вазир буд.
Номзадии ӯро дар ин мақом ахиран аъзои як кумитаи порлумон баррасӣ карданд. Нахуст аз ӯ дар бораи "дедовшина" ё "меҳтарсолорӣ" дар артиш пурсиданд. Суол шуд, ки чӣ тавр бо ин мубориза хоҳад бурд?
Руслан Мукамбетов дар посух гуфт, "ман намегӯям, ки мавзӯи меҳтарсолорӣ доғ аст, вале мо баъзе лоиҳаҳо дорем ва бо Вазорати маориф ба ин масъала шурӯъ кардем. Мо фикр мекунем тарбияи даъватшавандаҳоро набояд аз артиш сар кард. Ин тарбия бояд аз кӯдакистон оғоз шавад ва бояд волидон ва мактабҳо ба ин кор машғул бошанд".
Бинобар ин, ба гуфтаи Мукамбетов ба наздикӣ афсарони мустаъфӣ ба мактабҳо рафта, бо хонандагони синфҳои болоӣ, барои омодагӣ ба даъват сӯҳбатҳо мегузаронанд.
Вазири нав мехоҳад, барои мутобиқшавии даъватшавандаҳо ба ҳайёти низомӣ дар артиш, барномаи наве роҳандозӣ кунад.
Видеоро инҷо бинед:
Аммо таҳлилгарон бо ин роҳ аз байн бурдани зӯроварӣ дар артишро дар гумон медонанд. Мурод Бейшенов, муовини пешини вазири дифоъ изҳори назари вазирро, ки гуфт масъалаи меҳтарсолориро доғ намедонад, тааҷубовар мехонад.
Мурат Бейшенов афзуд, "яке аз масъалаҳои доғтарин ин "дедовшина" аст. Шумо метавонед маҷмӯи С-300 ё С-400 ё ҳар чизи дигар дошта бошед, вале як сарбоз ба нигаҳбон тир парронад, тамом. Ҳама чӣ тамом мешавад. Касе артишро эҳтиром нахоҳад кард. Чун ман фикр мекунам, муносибати ғайриоинномавӣ доғ аст, айнан мисли омодагии ҳарбӣ, тамринҳои ҷангӣ ва тартибу интизом ин се чиз сутунест, ки артиш ба он такя мекунад”
Дар қисмҳои ҳарбии Қирғизистон, ҳодисаҳои бадрафторӣ бо сарбозони навомада кам нестанд. Ҳарчанд мақомоти дифоъ аз решакан шудани меҳтарсолорӣ хабар медиҳанд, аммо пайваста хабарҳо дар бораи то мурдан латукӯб шудани наваскар ё худкушии сарбозе расонаӣ мешавад.
Ҳодисаи охир дар яке аз қисмҳои ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода қирғизистониҳоро такон дод. Ҳафтае пеш ба шабакаҳо наворе роҳ ёфт, ки дар он афсаре наваскаронро таҳқир ва маҷбур мекард, ки мисли шутурмурғ истанд.
Ҳодиса моҳи феврал сар задааст ва афсарони гунаҳкорро танҳо пас аз он ҷазо доданд, ки навор ба интернет роҳ ёфту вокуниши ҷаомеаро ба миён овард.
Он замон президент вазири дифоъро ҳушдор дода, раиси қисми ҳарбӣ ва чанд афсарро барканор кард. Нафари озордиҳандаи сарбозонро Додситонии низомӣ боздошт кард.
«Дедовшина», меҳтарсолорӣ ё худ зӯроварии кӯҳансарбозон нисбат ба сарбозони нав ба ақидаи аксари сокинон аз замони Шӯравӣ мерос мондааст. Ин мушкил ба ҷуз дар Қирғизистон дар дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ, азҷумла Тоҷикистон ҳам дида мешавад.