Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боғча ё калисо? Баҳси дубораи "Сонмин" бо мақомоти тоҷик


Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон ба баррасии қазияи калисои "Сонмин Сунбогим" ва мақомоти тоҷик шуруъ кард. Масъулини калисо аз қарори Додгоҳи иқтисодии вилояти Суғд норозианд, ки бар асоси он бояд ду бинои ибодатгоҳи калисо ба ихтиёри Шуъбаи маорифи Хуҷанд гузарад.

"Дар ҷойи калисо боғча фаъол мешавад"

Ба иттилои Додгоҳи олии иқтисодӣ, рӯзи 15-уми ноябр баҳси калисои "Сонмин" ва вазорати маорифу шаҳрдори Хуҷанд баррасӣ мешавад. Асли даъво бар сари ду бинои кӯдакистони собиқи рақами 39-и шаҳри Хуҷанд аст, ки соли 1998 тибқи қарори раиси шаҳр дар он вақт ба муҳлати 38 сол ба калисо ба иҷора дода шуд. Мақомот даъво доранд, ки қарор нодуруст аст ва бино бояд ба ихтиёри Шуъбаи маорифи Хуҷанд баргардад.

Калисои "Сонмин Сунбогим" аз солҳои 1990-ум дар Тоҷикистон ҳузур дорад ва то замони қабули қонуни нави дин дар соли 2009, бештар ба ҳайси созмони миссионерӣ фаъолият дошт.

Баҳси мақомот бо созмони "Сонмин Сунбогим" дар Хуҷанд чор сол боз идома дорад. Соли 2014 ва ҳамин сол мақомоти шаҳрдории Хуҷанд ва ин навбат Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ду бор баҳси додгоҳиро ба ин созмони кореягӣ бохтанд. Моҳи апрели ҳамин сол Додгоҳи иқтисодии Хуҷанд қарори қаблии Додгоҳи Хуҷандро, ки истифода аз ҷои кӯдакистони собиқро ҳаққи созмони "Сонмин" медонад, бетағйир гузошт ва даъвои донишгоҳро рад кард.

Аммо 30-юми августи соли равон Додгоҳи иқтисодии вилояти Суғд қарор кард, ки бояд ду бинои калисои "Сонмин" ба ихтиёри Шуъбаи маорифи Хуҷанд баргардонда шаванд. Мақомот мегӯянд, дар ҷойи калисо дубора боғчаи бачагона фаъол мешавад.

Донишгоҳи Хуҷанд.
Донишгоҳи Хуҷанд.

Муҳаббат Нозимова, як масъули шуъбаи маорифи Хуҷанд мегӯяд, дар маҳаллаи 12-уми шаҳр, ки калисои "Сонмин" ҷойгир аст талабот ва навбат ба боғчаи бачагона хеле зиёда аст.

Ба ин хотир ба гуфтаи хонум Нозимова, онҳо аз додгоҳ талаб карданд, ки бинои калисо дубора ба тавозуни бахши маориф баргардонда шавад, то онҳо дар онҷо дубора боғча ҷойгир кунанд.

Аммо ин масъули Шуъбаи маорифи Хуҷанд афзуд, ҳалномаи додгоҳ дар бораи ба тавозуни ин ниҳод додани ду бинои калисони "Сонмин" то ҳол эътибори қонунӣ нагирифтааст.

"Ҳама далелҳоро ба додгоҳ пешниҳод кардем"

Феълан дар бинои баҳсӣ пайравони калисони "Сонмин”"ба ибодат машғуланд ва маълум нест, ки тақдири ибодатгоҳашон чӣ мешавад. Гуфта мешавад, созмони "Сонмин Сунбогим" ҳудуди 200 пайрав дорад.

Илёс Икромов, ки дар мурофиаҳои додгоҳӣ аз созмони "Сонмин Сунбонгим" намояндагӣ мекунад, рӯзи 12-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, аз ҳалномаи Додгоҳи иқтисодии Суғд норозианд ва аз болои он ба Додгоҳи олии иқтисодӣ шикоят бурданд.

Ҷаноби Икромов афзуд, тамоми далелҳои худро ба Додгоҳи олии иқтисодӣ пешниҳод карданд ва мунтазиранд, ки додгоҳ ба он баҳои қонунӣ бидиҳад. Аммо Икромов аз ин зиёд шарҳ надод ва гуфт баъди ҳал шудани қазия аз сӯи Додгоҳи олии иқтисодӣ дар ин бора бештар суҳбат мекунад.

"Пайравони "Сонмин" бе ҷойи пой мемонанд?"

Даромадгоҳи "Сонмин".
Даромадгоҳи "Сонмин".

Баҳси "Сонмин Сунбогим", ки аз он ҳамчун як маркази миссионерӣ ном бурда мешавад, бо Донишгоҳи давлатии Хуҷанд зоҳиран моҷарои молӣ ба назар мерасад. Вале ҳабси роҳиби ин созмон Баҳром Холматов ба 3 соли зиндон дар соли гузашта бо ҷурми "барангехтани кинаву адовати динӣ", баҳсҳоеро ҳам ба дунбол овардааст. Бархе афроди наздик ба созмон бар онанд, ки мақомот бо ин роҳ талош доранд ин созмони таблиғотии диниро аз ҷои пой маҳрум ва фаъолияташро маҳдуд кунанд.

Бархе дигар қазияро ба таври дигар шарҳ медиҳанд ва мегӯянд, мақомоти имрӯзаи Хуҷанд барои ба асли худ баргардонидани кӯдакистонҳо талош доранд. Дар солҳои 1990-ум бидуни барпо кардани ауксиону зоҳиран бар ивази ришва, бархе муассисаҳои иҷтимоӣ, бахусус кӯдакистонҳоро афроди мансабдор ва сармоядор аз худ карданд.

"Сонмин" чӣ гуна ба Тоҷикистон омад?

Калисои "Сонмин Сунбогим" аз солҳои 1990-ум дар Тоҷикистон ҳузур дорад ва то замони қабули қонуни нави дин дар соли 2009, бештар ба ҳайси созмони миссионерӣ ё мубаллиғӣ фаъолият дошт. Маркази байналмилалии "Сонмин Сунбогим" дар Сеул бо номи "Йоидо Сунбогим" фаъолият мебарад. Соли 1992 таҳти ин ном намояндагии ин марказ дар шаҳри Ваҳдат ва соле баъд дар Душанбе бо номи "Грейс Сонмин" боз гардид.

Соли 1994 шаҳрванди он вақт 60-солаи Кореяи Ҷанубӣ Ли Ҷон Бун намояндагии маркази ин созмони масеҳӣ дар Хуҷандро ифтитоҳ кард. Хонум Бун соли 2000 дар шаҳри Бӯстон (Чкалови собиқ) Маркази хусусии тиббӣ таъсис дод ва соҳибмулки мактаби хусусии "Файз" ва меҳмонхонаи "Херсон" дар Хуҷанд шуд, ки ҳоло низ фаъоланд.

Чанд мавриди қонуншиканиҳои "Сонмин"

Шаҳри Бӯстон (собиқ Чкалов).
Шаҳри Бӯстон (собиқ Чкалов).

Мақомоти тоҷик ин раҳбари маркази "Сонмин Сунбогим" дар Хуҷандро ду бор ба иттиҳомоти "сӯистифода аз ному вазифа", "тақаллуби асноди расмӣ" ва "додани пора ба корманди мақомоти ҳукуматӣ", ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашиданд. Ба қавли мақомот, қаблан дар муассисаҳои раҳбари созмони мазкур дар масъалаи андоз қонуншиканиҳо ба қайд гирифта шудаанд.

Моҳи январи соли 2014 Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон иттилое пахш кард, ки Ли Ҷон Бун ҷиҳати рӯйпӯш кардани камбудиҳои корхонааш вақти додани пора ба як корманди раёсати ин ниҳод дар вилояти Суғд ба маблағи 20 ҳазор доллар аз сӯи кормандони раёсати амният ва додситонии Хуҷанд боздошт гардид.

Пас аз ин мақомот ба тафтиши фаъолияти созмони "Сонмимн сунбогим" пардохтанд ва дар ниҳоят раҳбари калисои ин созмон Баҳром Холматов бо ҷурми "барангехтани кинаву адовати динӣ" барои 3 сол паси панҷара рафт.

XS
SM
MD
LG