Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷузъиёти занозание, ки бо марги варзишгари ҷавони тоҷик анҷомид


Муҳаммадалӣ Саъдуллоев (Исуфов)
Муҳаммадалӣ Саъдуллоев (Исуфов)

Мақомоти тафтишотии Тоҷикистон Сулаймон Одинаев, як сокини 19-солаи шаҳри Кӯлобро ба ҳамла ба Муҳаммадалӣ Саъдуллоев (Исуфов), размикор ва ду ҳамроҳаш гумонбар донистаанд.

Онҳо ба зидди Одинаев бар асоси ду банди Кодекси ҷиноятӣ “Расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки боиси ҳалокати инсон мешавад” ва “авбошӣ” парванда боз кардаанд. Дар сурати исбот шудани иттиҳомот ба Одинаев аз 12 то 20 соли зиндон таҳдид мекунад. Дар занозании гурӯҳии шаби 11-уми январ дар шаҳри Кӯлоб ва кордкашӣ размикори ҷавон кушта ва ду тан захмӣ шуданд.Хабарнигорони Радиои Озодӣ ҷузъиёти ҳодисаро пайдо карданд.

Дар хабарҳои варзишӣ размикори кушташударо Муҳаммадалӣ Саъдуллоевро ном бурда ва соли таваллудаш 2010 зикр кардаанд, вале Радиои Озодӣ бо санадҳои расмӣ шинос шуд, ки онҷо насаби ҷавон Исуфов ва соли таваллудаш 2007 сабт шудааст. Дақиқ нест, ки тафовут дар синну сол ва насаб аз куҷо маншаъ мегирад.

Ҳамсӯҳбатони хабарнигорони Радиои Озодӣ дар мақомоти тафтишотӣ ва сокинони маҳаллаи Шамсиддин Шоҳини Кӯлоб, ки ин ҷавононро мешиносанд, нақл карданд, ки баҳс аз “як телефони мобилӣ сар шудааст”.

Ба иддаои онҳо, гӯиё Муҳаммадалӣ Саъдуллоев, ё Исуфов телефони мобилии Сулаймон Одинаевро барои ба ҷое занг задан гирифта, бозпас надодааст. Тафтишот фарзияи ниҳоӣ дар мавриди занозаниро хулоса накардааст, вале ба гуфтаи Фариза, як хеши Одинаев гӯё размикор бо дӯстонаш Сулаймон Одинаевро азият додааст ва ӯ маҷбур шудааст, ки “худро бо корд муҳофизат кунад.” Наздикони Муҳаммадалӣ гуфтанд, ки ба ин иддао бовар надоранд, чун ӯ як ҷавони беозор буд.

Манобеи Радиои Озодӣ дар мақомоти тафтишотӣ гуфтанд, ки занозанӣ дар Маркази бозиҳои компютерӣ оғоз нашуда, балки яке аз ҷавонон пас аз оғози кашмакаш ба ин марказ паноҳ бурдааст ва муноқиша онҷо идома кардааст.

Дар навори дурбинҳои назоратӣ, ки дастраси Радиои Озодӣ шуданд, дида мешавад, як нафар талош дорад, вориди Маркази бозиҳои компютерӣ шавад, вале каси дигаре ӯро бо мушту лагад мезанад. Дар навори дигар дида мешавад, ки шаш нафар вориди марказ шудаанд ва инҷо яке зоҳиран бо корд ба се нафар ҳамла мекунад.

Як тан аз соҳибони марказ, ки нахост номаш зикр шавад, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ба дарашон мӯҳр зада, корашонро қатъ кардаанд, вале ин ҷавонон муштарии онҳо набуданд ва тасодуфан яке аз онҳо ҳангоми фирор ба бинои онҳо паноҳ бурдааст.

Бар асоси иттилои дарёфтӣ, Сулаймон Одинаев ба се нафар корд задааст. Дар наворҳои дурбинҳои назоратӣ дида мешавад, ки пас аз ҳамла Муҳаммадалӣ қалбашро бо дасташ медорад ва аз бинои марказ берун мешавад. Ба гуфтаи шоҳидон, ӯ тақрибан дусад метр поинтар рафта, баъдан аз пой афтодааст. Ӯро ба бемористон бурдаанд ва пас аз соате ҷон додааст. Ду ҳамроҳи ӯ, яке аз шикам ва дигаре аз даст захм бардоштаанд. Пизишкон вазъи сиҳатии онҳоро “миёна” номида, гуфтаанд, ки ҷонашон дар хатар нест.

Муҳаммадалӣ Саъдуллоев ё Исуфов, варзишгари навъи муҳорибаҳои омехта буда, дар се соли ахир дар чанд мусобиқа дар дохил ва хориҷи кишвар ҷойи аввалро гирифтааст.

Федератсияи размикорони тоҷик дар як баёнияи расмӣ марги ӯро пайомади “кордкашии ваҳшиёна” гуфта, ӯро “қаҳрамон” ва “тарбиятгари бисёре аз варзишгарони ҷавон” номидааст.

Ин ҳодиса дар ҳолест, ки охири соли гузашта мақомоти интизомӣ дар суҳбат бо донишҷӯёни Донишгоҳи Кӯлоб гуфта буданд, ки занозании ҷавонону наврасон ва кордкашӣ дар соли 2025 дар ин шаҳр нисбат ба соли гузашта 50 дарсад коҳиш ёфтааст.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG