Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иштироки паҳлавонони тоҷик дар мусобиқоти бози ҷудои Осиё дар Оқтови Қазоқистон


Разми як ҷудокори тоҷикӣ дар олимпиадаи Порис
Разми як ҷудокори тоҷикӣ дар олимпиадаи Порис

Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқоти бози ҷудои Осиё (Aktau Asian Open 2025), ки рӯзҳои 11-12-уми октябр дар шаҳри Оқтови Қазоқистон баргузор мешавад, ширкат меварзанд.

Чунонки сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) хабар додааст, дар мусобиқоти бози ҷудои Осиё дар Оқтов ширкати 251 варзишгар (159 мард ва 92 зан) аз 10 кишвари се қитъаи олам (Беларус, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия (дар ҳайати дастаи IJF - Федератсияи байналмилалии ҷудо), Тоҷикистон, Узбекистон, инчунин Муғулистон, Ҳонконги Чин ва Эрон дар назар аст.

Ба иттилои манбаъ, Тоҷикистонро дар ин мусобиқот даҳ нафар дар сабқати мардон намояндагӣ мекунанд: Акбаралӣ Кенҷаев, Рамзиддин Азизов, ҳарду дар вазни то 60 кило, Умар Шеров, дар вазни то 66 кило, Фазлиддин Садриддинзода, Суннатулло Саидзода, ҳарду дар вазни то 73 кило, Бахтиёр Бозоров, Ҷаҳонгир Юсуфов, ҳарду дар вазни то 81 кило, Абдулаҳад Маҷидов, дар вазни то 90 кило, Акмал Муродов ва Муҳсин Малаев, ҳарду дар вазни то 100 кило.

Дар рӯзи аввали мусобиқот – 11-уми октябр - варзишгарон барои медалҳо дар се вазн миёни занон: -48 кг, -52 кг, -57 кг ва дар чаҳор вазн байни мардон: -60 кг, -66 кг, -73 кг ва -81 кг мубориза мебаранд. Дар рӯзи дуюми мусобиқот – 12-уми октябр – занон дар чаҳор вазн: -63 кг, -70 кг, -78 кг, +78 кг ва мардон дар се вазн: -90кг, -100 кг ва +100 кг рақобат мекунанд.

XS
SM
MD
LG