Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқоти байналмилалии ҷудо - Qingdao Grand Prix 2025, ки рӯзҳои 26-28-уми сентябр дар шаҳри Тсиндаои Чин доир мегардад, ширкат меварзанд.
Ба иттилои Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар Гран-прии Тсиндао иштироки 205 варзишгар (119 мард ва 86 зан) аз 26 кишвари 5 қора дар назар аст.
Тоҷикистонро дар ин мусобиқот ҳафт гуштигир дар рақобатҳо байни мардон ва ду нафар миёни занон намояндагӣ хоҳанд кард.
Меҳрзод Сӯфиев ва Муҳаммадсолеҳ Қувватов (ҳарду дар вазни то 60 кг), Обид Ҷебов дар вазни то 66 кило, Абубакр Шеров ва Масъуди Аҳмадзод, ҳарду дар вазни то 73 кило, Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81 кило ва Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни то 100 кило дар сабқати мардон, инчунин Александра Кан дар вазни то 57 кило ва Виктория Киселёва дар вазни +78 кило дар сабқати занон рақобат мекунанд.
Барномаи мусобиқот:
26-уми сентябр (ҷумъа). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -48 кг, -52 кг, -57 кг миёни занон; -60 кг, -66 кг миёни мардон.
27-уми сентябр (шанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -63 кг, -70 кг миёни занон; -73 кг, -81 кг миёни мардон.
28-уми сентябр (якшанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -78 кг, +78 кг миёни занон; -90 кг, -100 кг, +100 кг миёни мардон.
Ба ҷуз аз медал, ғолибон дар ҳамаи 14 вазн (7 вазн байни мардон ва 7 вазн миёни занон) бо 3000 евро, барандагони медали нуқра бо 2000 евро ва соҳибони медали биринҷӣ бо 1000 евро мукофотонида мешаванд, ки 20 фисади маблағи ҷоизаҳои варзишгарон барои мураббиёнашон муқаррар шудааст.
Инчунин ширкаткунандагони ин мусобиқоти пурнуфузи байналмилалӣ соҳиби имтиёзҳо дар радабандии IJF мегарданд.
Рақобат ниҳоят шадид хоҳад буд: ин мусобиқот аз рӯи анъана гуштигирони зӯртарини ҷаҳонро гирди ҳам меорад ва марҳилаи муҳими омодагӣ ба қаҳрамонии Осиё ва ҷаҳон, инчунин сабқати интихобӣ ба Бозиҳои олимпии соли 2028 дар Лос-Анҷелес мебошад.