Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Мошини замон" ё фолбинии духтарони наврас?


Як донишманди эронӣ иддао дорад, ки "мошини вақт"-ро сохтааст ва метавонад таҳаввулоти 5-8 сол баъдӣ, яъне он чӣ дар соли 2021 мегузарадро пешгӯӣ кунад.

Хабаргузории "Форс" аз қавли донишманди эронӣ Алӣ Розиқӣ гуфтааст, ки ин дастгоҳ дар навбати аввал барои ҳалли масоили муҳими давлатӣ истифода мешавад. Аммо баъдан, вақте истеҳсоли комили он ба роҳ монда мешавад, шаҳрвандони маъмулии Эрон низ бартарии онро хоҳанд дид.

Алӣ Розиқии 27-сола, раҳбари Маркази ихтирокории Эрон аст ва мегӯяд, 10 солро даҳ солро дар бунёди мошини вақт сарф кардааст. Ҳамзамон Розиқӣ муаллифи беш аз 100 навоварии дигар низ будааст, аммо ӯ ихтирои "мошини вақт"-ро аз шоҳкориҳои худ унвон мекунад.

Ба гуфтаи ин донишманди эронӣ, "мошини вақт", ки бо кӯмаки алгоритмҳо фаъолият мекунад аз 5 ио 8 сол зиндагии инсонро бо дурустии 98 дар сад пешгӯӣ мекунад. Барои дарёфти маълумот дар бораи таҳаввулоти 5-8 соли оянда танҳо кофӣ аст, ки одам ангушти худро рӯи мошин муъҷизакор гузорад.

Алӣ Розиқӣ, муаллифи "мошини вақт" мегӯяд, дастгоҳи ӯ аз он чӣ дар филмҳои фантастикии мисли "Бозгашт ба оянда" фарқ мекунад. "Ин дастгоҳи баробар ба як компютери хусусӣ шуморо ба оянда намебарад, балки ояндаро ба дасти шумо меорад"- гуфтааст Алӣ Розиқӣ. Ба гуфти донишманд, мошини ихтирокардаи ӯ романтик нест ва натиҷаи ташхиси худро бо рамзҳо ва ё кодҳо пешниҳод мекунад.

Розиқӣ фоидаи мошини вақтро барои Эрон муҳим мешуморад. Дар навбати аввал, мегӯяд ӯ, Эрон метавонад сиёсатии хориҷии худро 8 сол пеш мушаххас кунад. Ҳамчунин меафзояд Розиқӣ, ин мошин ба Эрон имкон медиҳад, ки болову поён шудани қиммати нафтро пеш аз пеш бидонад.

Аммо дӯстони наздики Алӣ Розиқӣ аз натиҷаи кори ӯ хушнуд нестанд. Аммо ин бештар ба ҷамбаи мазҳабии ихтироъ рабт дорад на ба сифати дастгоҳ. Розиқӣ мегӯяд" онҳо маро муттаҳм мекунанд ки нақши Худоро гирифтаам ва бо сарнавишт бозӣ мекунам."

Аммо ба гуфтаи Розиқӣ, мунақидон иштибоҳ мекунанд, зеро "мошини вақт" ҳеҷ рабте ба мазҳаб надорад. "Амрикоиҳо миллионҳо долларро дар кӯшишҳои дастрасӣ ба ин гуна мошин сарф кардаанд, мошини вақтро ки ман ихтироъ кардаам, омода аст."- гуфтааст. Розиқӣ.

Ҳамзамон хабарнигорон низ иддаои донишманди эрониро ҷиддӣ нагирифтанд. Сомонаи интернетии Newsru.com аз қавли баъзе нашрияҳои ғарбӣ навиштааст, ки "ихтироъ" -и донишманди эронӣ ба фолбинии дутарҳои наврас монанд аст.
XS
SM
MD
LG