Пайвандҳои дастрасӣ

Муовини аввали Аҳмадинажод ба 5,3 сол ҳабс маҳкум шуд


Муҳаммадризо Раҳимӣ (чап) бо Маҳмуди Аҳмадинажод.
Муҳаммадризо Раҳимӣ (чап) бо Маҳмуди Аҳмадинажод.

Муҳаммадризо Раҳимӣ, муовини аввали раиси ҷумҳури пешини Эрон бо ҳукми додгоҳ ба панҷ солу се моҳ зиндон ва баргардонидани ду миллиарду 750 миллион туман, маҳкум шудааст.

Хабаргузориҳои расмии Эрон рӯзи чаҳоршанбе хабар додаанд, ки Додгоҳи олии он кишвар муовини аввали раиси ҷумҳур дар замони Маҳмуди Аҳмадинажодро ба иттиҳоми фасоди молӣ, ба панҷ солу 3 моҳ зиндон ва баргардонидани ду миллиарду 750 миллион туман маҳкум кардааст.

Муҳаммадризо Раҳимӣ баландпоятарин мақоми Ҷумҳурии исломии Эрон аст, ки пас аз инқилоб дар соли 1979 ба таври расмӣ ба иттиҳоми фасоди молӣ муҳокима ва маҳкум ба зиндон шудааст. Пеш аз Муҳаммадризо Раҳимӣ, Ғуломҳусайн Карбосчӣ, шаҳрдори пешини Эрон дар авохири солҳои навади асри гузашта ба иттиҳоми сӯиистифодаи молӣ ба се сол зиндон, маҳкум шуда буд.

Хабаргузории ИСНА мегӯяд, ки Муҳаммадризо Раҳимӣ аз ин пеш бо ҳукми яке аз додгоҳҳо дар вилояти Теҳрон ба 15 сол ҳабс, баргардонидани ду миллиарду 850 миллион туман ва як миллиард туман ҷазои нақдӣ маҳкум шуда буд, аммо дар пайи эътирози вакили дифои ӯ, Додгоҳи олии он кишвар 10 сол аз ҷазои ҳабси муовини аввали раиси ҷумҳури пешини Эронро коҳиш дод.

Дар гузоришҳои хабаргузориҳои Эрон ишорае ба ҷузъиёти иттиҳомҳо алайҳи муовини аввали президенти пешини Эрон нашудааст. Ҳукми содиршуда аз сӯи Додгоҳи олии Эрон қатъӣ ва иҷрои он ҳатмӣ ва лозимӣ аст.

Муҳаммадризо Раҳимӣ дар ҳоле ба зиндон маҳкум шуд, ки дар соли 2012 нишони "Дараҷаи яки хизмат" аз Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури вақти Эрон гирифта буд ва Раёсати ситоди мубориза бо фасоди иқтисодиро ба ӯҳда дошт.

Иттиҳоми даст доштани Муҳаммадризо Раҳимӣ дар фасоди молӣ ба сурати ошкор тавассути вакилони усулгарои парлумони Эрон дар авҷи ихтилофоти Маҷлиси исломӣ(парлумон) бо давлати Маҳмуди Аҳмадинажод матраҳ шуда буд. Номи ӯ ҳамчунин ба сӯистифодаҳои пулӣ ва парвандаи фасоди ширкатҳои бима (суғурта) рабт дода мешавад.

Ғулом Муҳсини Ажаӣ, сухангӯи қувваи қазоияи Эрон қабл аз маҳкумияти оқои Раҳимӣ ба "ҳабс ва ҷазои нақдӣ" хабар дода буд. Аммо оқои Раҳимӣ ба судури ҳукми худ ва эълони он аз сӯи сухангӯи қувваи қазоия вокуниш нишон дода ва гуфта буд: "Ман фақат Муҳаммадризо Раҳимӣ нестам, ман муовини аввали ин низом ҳастам. Банда 34 сол собиқаи хизмат дар Ҷумҳурии исломии Эронро дорам. Бинобар ин набояд ба ин содагӣ ба ин қазия нигоҳ кард."

Симмати муовини аввали раиси ҷумҳур дар Эрон ба манзалаи мақоми нахуствазирӣ дар дигар кишварҳо аст ва Теҳронро ғолибан дар нишастҳои сарвазирони дигар кишварҳо, муовини аввали раиси ҷумҳур намояндагӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG