Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Илтимоси халқ ҳамин аст, ақалан дар як рӯз як соат об диҳед"


Ба унвонии Радиои Озодӣ аз минтақаҳои мухталифи Тоҷикистон, аз ҷумла аз шаҳри Душанбе шикоятҳо аз камбуд ва ё набуди оби ошомиданӣ мерасад. Яке аз минтақаҳое, ки пайваста аз мушкили беобӣ азият мешавад, шаҳри Кӯлоб аст. Дар инҷо сокинон маҷбуранд ҳамарӯза роҳи дуреро тай карда, об кашанд ё аз мошинҳо об харанд.

Зебонисо Назарова, сокини шаҳри Кӯлоб ҳамарӯза бо хару ароба ба "дари хонаҳои мардум" меравад, то "як қурт об диҳанд."

Рӯзе нест, ки сокинони Кӯлоб аз наомадани оби ошомиданӣ шиква накунанд. Сайидумар Умаров дар маҳаллаи Синои шаҳри Кӯлоб зиндагӣ мекунад. Дар муҳоҷират буд ва ҳафтае як бор барои хариди об ба хона пул мефиристод. Акнун аз Русия ихроҷ шудааст, пул ва тавони хариди обро надорад. Хоҳиши ӯ ҳамин аст, ки оби онҳо таъмин карда шавад.

"27-сол шуд, ки ман дар ҳамин ҷо зиндагӣ мекунам ва бештари умрам дар муҳоҷират гузашт. Дар як моҳ панҷ бор об мехарем ҳазор сомонӣ мешавад,"-мегӯяд Умаров.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Сокинон Кӯлоб бо нархи гарон об мехаранд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:53 0:00

Дар шаҳри Кӯлоб ба воситаи мошинҳои обкаш аз ҳавзҳо об гирифта, онро ба мардум мефурӯшанд. Як мошин об аз 70 то 150 сомонӣ аст. Касе тавонад, мехарад, касе натавонад, маҷбур аст, худаш об кашонад.

Бо гарм шудани ҳаво реҷаи тақсими об барҳам хӯрдааст. Дар ду ё се рӯз як бор ба сокинон об дода мешавад. Онҳо мегӯянд, ки агар ҳаррӯз як соат об дода шавад, мушкилӣ беобӣ кам хоҳад шуд.

"Илтимоси халқ ҳамин аст, ки барои мо об диҳанд. Ду-се рӯз пас не, ақалан дар як рӯз як соат об диҳанд," - мегӯяд Искандар Камолов, сокини маҳаллаи Синои Кӯлоб.

Сокинони маҳаллаҳои беоби Кӯлоб мегӯянд, ки тақсими об дар шаҳр олуда ба фасод аст. Ба гуфтаи онҳо, аз ҳавзҳо бештари об ба мошинҳо фурӯхта мешавад. Онҳо ҳам маҷбуранд, ки ин обро бо нархҳои гуногун бихаранд. Ҳоло хонаводаҳое ҳаст, ки дар як моҳ то даҳ мошин об мехаранд.

Садбарг Икромова, сокини Кӯлоб мегӯяд, "дар як моҳ мо даҳ-дувоздаҳ мошин об мехарем. Нархи ҳар мошини об 100, 110 ва 120 сомонист."

Кӯлоб сеюмин шаҳри калонтарини Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Аҳолияш сол аз сол зиёд мешавад ва шикояти норасоии об низ бештар. Ҳамин норасоии об дар Кӯлоб буд, ки Иттиҳоди Аврупо барои ҳалли он 16 милион евро ҷудо кард. Бо ин пул дар Кӯлоб сохтани даҳҳо обанбор ҷараён дорад. Кормандони идораи Обу корези шаҳр бовар доранд, бо бунёди ин обанборҳо мушкили оби Кӯлоб ҳал хоҳад шуд. Сохтмон бояд охири имсол ба поён расад.

Миралӣ Шарифов, намояндаи идораи Обу корези шаҳри Кӯлоб мегӯяд, "хонаҳои баландошёна дар оянда шабонарӯзӣ бо оби нушокӣ таъмин гардида, маҳаллаҳои навбунёд то 16-соат бо оби нушокӣ таъмин мегарданд."

Аммо сокинон ба ин ваъда чандон бовар надоранд. Сохтмони обанборҳо олуда ба фасод аст. Оҷонсии зидди фасол моҳи май хабар дод, ки зидди пудрачии "барқарорсозии обанборҳои Ҷангалак ва Тебалай"-ро парванда боз кардааст. Гуфта мешавад, аз буҷаи сохтмон 166 ҳазор сомонӣ дуздида шудааст. Дар шаҳрдории Кӯлоб ҳам ҳар сол баҳси таъмини об садо медиҳад. Соли гузашта шикоят шуд, ки мардум ҳатто барои мурдашуйӣ об наёфтаанд. Шаҳрдор ваъда карда буд, ки ин мушкил ҳал мешавад, аммо аз ин ваъда як сол гузашт.

Таъмини сокинон бо оби тоза яке аз мушкилиҳои асосӣ дар минтақаҳои Тоҷикистон гуфта мешавад.

Тибқи иттилои Корхонаи хоҷагии манзилию комуналӣ, танҳо 66 дарсади аҳолии Тоҷикистон бо оби ошомиданӣ таъмин аст.

XS
SM
MD
LG