Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хотираҳои Андиҷон. Даҳ соли куштори беҷазо (ВИДЕО)


Дидбони Ҳуқуқи Башар ё Human Rights Watch дар 10-умин солгарди рӯйдодҳои хунини Андиҷон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хост, роҷеъ ба нақзи ҳуқуқи башар дар Узбакистон ошкоро сӯҳбат кунанд.

Созмони Human Rights Watch ё Дидбони Ҳуқуқи Башар, марказаш дар Ню Йорк, дар робита бо 10-солагии рӯйдодҳои Андиҷон -- саркӯби хунини тазоҳуркунандагон дар Узбакистон гузориши наве ба нашр расонд, ки дар он далелҳои нави зиёдаравии нерӯҳои амниятии Узбакистон баррасӣ шудаанд. Ин созмон аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Иттиҳоди Аврупо хост, ки дар робита бо ин солгард роҷеъ ба нақзи ҳуқуқи башар дар Узбакистон ошкоро сӯҳбат кунанд ва ҳукумати ин кишварро водор кунанд, ки масъулияти саркӯби норозиёни Андиҷонро бар дӯш гирад.

Ҳамроҳ бо гузориши нави Дидбони Ҳуқуқи Башар, ки 7 май нашр шуд, наворҳои видеоӣ низ мунташир шуданд, ки дар онҳо шоҳидони ҳодиса ҷараёни рӯйдодҳоро ба ёд меоранд.

13 майи соли 2005 нируҳои давлатии Узбакистон ба сӯи эътирози сулҳомези ҳазорон нафар дар майдони марказии шаҳри Андиҷон тир кушоданд ва мардумро ба хун кашиданд. Ҳадафи эътирозгарони майдон ин буд, ки дар бораи фақру бенавоӣ, бекорӣ ва поймол шудани ҳуқуқи худ аз тарафи ҳукумат фикру андешаҳои хешро бигӯянд. Онҳо умедвор буданд, ки ҷониби давлат ба ин хостҳои онҳо одилона ҷавоб хоҳад дод. Вале бо садои аввалин тир умеди онҳо барбод рафт ва хун рехт.

Ҳукумати Узбакистон ҳамон вақт эълон карда буд, ки дар ин ҳодисаҳо 187 нафар кушта шудаанд, вале ҳомиёни ҳуқуқ ин рақамро то 1000 нафар тахмин мезананд.

Яке аӯ муаллифони гузориш Hugh Williamson ба Радиои Озодӣ гуфт, бо гузашти як даҳа рӯйдодҳои Андиҷон бидуни таҳқиқи мустақитлона ва ифшои гунаҳкорон боқӣ мондаанд: "Даҳ сол ба ин сӯ пажӯҳиши куштори дастаҷамъонаи одамон аз тарафи нерӯҳои амниятии Узбакистон сурат нагирифтааст. Куштори Андиҷон вазъи ҳуқуқи инсонро дар ин кишвар боз ҳам бадтар кард. Шиканҷа ва фишор ба дигарандешон идома дорад. Тарс ҳокими мутлақ шудааст."

Дар мусоҳибае аз Сироҷиддини Ислом, коршиноси умури Узбакистон дар Радиои Озодӣ нахуст аз ӯ пурсидам, оё нашри чунин гузоришҳо ба ҳукумати Узбакистон таъсире дорад, то расидагиҳои мустақил ба ин ҳодиса анҷом бигирад?

Сироҷиддини Ислом: Аз ҳаводиси Андиҷон даҳ сол мегузаорад ва ҳар сол созмонҳои байналмиллалии ҳуқуқи башар, аз ҷумла Human Rights Watch, Афви Байнулмилал ва дигар созмонҳо баёнияҳову гузоришҳо пахш мекунанд. Дар ин баёнияҳо аз ҳукумати Узбакистон тақозо мекунанд, ки дубора ин масъала матраҳ шавад, ба он расидагӣ сурат бигирад ва ба ин тартиб ба пажӯҳиши ин ҳодисаҳо нуқта гузоранд. Вале ҳукумати Узбакистон то имрӯз ба ин дархосту тақозоҳо ҷавоби охири худро надодааст, чун ба гуфтаи кормандони давлатии Узбакистон ҳодисаи Андиҷон барои онҳо баста шудааст. Дар ин бора Акмал Саидов, яке аз намояндагони ҳукумати Узбакистон чанд сол пеш дар СММ гуфта буд, ки парвандаи Андиҷон барои онҳо баста шудааст ва ҳукумати Узбакистон дигар ба ин масъала барнамегардад.

Озодӣ: Бубинед, оё ҳамин масъалаи Андиҷон ба эътибори Узбакистон, ки ба пешниҳодҳои созмонҳои байналмиллалии ҳуқуқи башар гӯш намедиҳад, дар арсаи байналмиллалӣ таъсири манфӣ нахоҳад дошт?

Сироҷиддини Ислом
Сироҷиддини Ислом

Сироҷиддини Ислом: Пас аз ин ҳодисаҳои Андиҷон Узбакистон амалан шаш сол зери таҳримҳои иқтисодии Ғарб қарор дошт ва кормандони давлатии он, аз ҷумла 10 мақоми баландпояи давлатӣ наметавонистанд ба давлатҳои Аврупо сафар кунанд. Намегузоштанд, ки Каримов ба давлатҳои Аврупо сафар кунад, дар Ғарб ё дар арсаи байналмиллалӣ озодона сухани худро бигӯяд. Аз лиҳози иқтисодӣ низ ин таҳримҳои Амрико ва Иттиҳоди Аврупо таъсири манфии худро гузошта буд. Аммо пас аз шаш соли ҳодисаҳои Андиҷон, яъне дар соли 2011 Иттиҳоди Аврупо тасмим гирифт, ки таҳримҳоро аз байн бардорад ва ҳамкорӣ бо Узбакистон дубора шуруъ шавад. Чунин ба назар мерасад, ки ҳоло Узбакистон матраҳ кардани ҳодисаҳои Андиҷонро ба нафъи худ намедонад. Ҳамаи ин нишон медиҳад, ки мавзеъгирии Узбакистон дар ин масъала дигар намешавад. Ҳамон гуна, ки дар соли 2005 буд, ҳамон тавр хоҳад монд.

Озодӣ: Дар рӯзҳои ҳодисаи Андиҷон ҳазорон нафар аз Узбакистон фирор карданд. Сарнавишти онҳо ба куҷо расидааст, оё онҳо ба Узбакистон баргаштанд ва ё иҷозаи бозгашт доранд?

Сироҷиддини Ислом: СММ тирамоҳи соли 2005 як барномаи кӯч додани овораҳоро анҷом дод ва беш аз ду ҳазор нафар андиҷонӣ, ки баъд аз ҳодисаҳо ба ҷануби Қирғизистон фирор карда буданд, ба кишварҳои севвум, яъне ба кишварҳои аврупоӣ, ба Амрико, Канада ва Австралия кӯч дода шуданд. Аксари онҳо то ҳол дар ин кишварҳо зиндагӣ доранд. Шуморе аз онҳо ба Узбакистон баргаштанд. Онҳое, ки баргаштанд, баъзеҳояшонро муттаҳам карданд ва ба зиндон андохтанд. Вале онҳое, ки дар хориҷ зандагӣ мекунанд, хеле мехоҳанд, ки ба Узбакистон баргарданд, зеро аксари онҳо занону кӯдакон ва мардони солманд буданд. Ҳукумати Узбакистон бар рӯи онҳо дарҳоро бастааст ва онҳо умед ба оянда доранд, ба рӯзу рӯзгороне, ки тавонанд, ба ватани худ баргарданд.

XS
SM
MD
LG