Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумат эътироф кард, ки нозирон ҳам барқ медузданд


Мақомоти Тоҷикистон таъриф кардаанд, ки дар муддати кутоҳе ба онҳо муяссар шуд, талафоти беҳудаи нерӯи барқ дар кишварро кам кунанд. Коре, ки солҳои дароз анҷом дода наметавонистанд.

Баръакси солҳои пеш, ки мегуфтанд, мардум ва муассисаҳо пулро дуруст намепардозанд, ҳоло Ҳукумати Тоҷикистон эътироф кардааст, ки дар муассисаҳои тақсими барқ ришвахории зиёд, тасарруфи пули муштариён, дасткории системаҳои биллингии пардохти нерӯи барқ вуҷуд дорад.

Хабаргузории давлатии "Ховар" рузи 18 июл дар як гузориш аз нишасте дар ширкати "Барқи тоҷик", аз Усмоналӣ Усмонзода, муовини нахуствазир чунин нақли қавл кардааст:

"Санҷишҳои прокурорӣ ҳолатҳои зиёди дуздӣ ва талафоти қувваи барқ, тасарруфи таҷҳизот ва маблағҳои соҳа, порагирӣ, ғайриқонунӣ аз эътибор соқит намудани қарздории муштариён, беасос иваз кардани ҳисобкунакҳои барқӣ, ворид кардани тағйирот ба барномаи биллингӣ ва ҳисобкунакҳои барқӣ ва ба ин восита кам пардохт кардани маблағи онро ошкор намуданд".

Муовини Додситони кулли Тоҷикистон дар ин ҷаласа гуфтааст, ки дар ним соли гузашта барои истифодаи ғайриқонунӣ ва ё дуздиву таъхир дар пардохти ҳаққи нерӯи барқ 3800 нафарро ба ҷавобгарии моддиву интизомӣ ва маъмурӣ кашидаанд. Дар саросари Тоҷикистон 190 парвандаи ҷиноӣ боз карда ва ба гуфтаи додситон, бештар аз 270 миллион сомонӣ зиёни расидаро ҷуброн кардаанд.

Ҳукумати Тоҷикистон эътироф кард, ки нозирон ҳам барқ медузданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:54 0:00

Мақомоти Тоҷикистон солҳо боз мардумро гунаҳкор мекарданд, ки ҳаққи истифодаи нерӯи барқро дуруст пардохт намекунанд ва ё онро бидуни ҳисобкунак истифода бурда, ба хазинаи давлат зарар мерасонанд. Сокинон, баръакс мегӯянд, ки ҳар моҳ нозирон пули барқро аз онҳо меситонанд, вагарна бе гармиву рӯшноӣ хоҳанд монд.

Баъди дурудароз идома ёфтани ин моҷароҳо, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 15-уми апрел ба тарҳи қонуне имзо кард, ки барои дуздӣ ё истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ аз 27 ҳазор сомонӣ ҷарима то 10 сол зиндонро пешбинӣ кардааст.

Сипас ба мақомот дастур дод, ки барои пешгирӣ аз талафоти нерӯи барқу дуздии он ва баргардонидани қарзҳои азим, чораҳои фаврӣ биандешанд. Ҳамчунин барои назорати бахши энергетика дар Тоҷикистон ниҳоди наве бо номи Оҷонси назорати давлатии энергетика, таъсис ёфт.

Дар нишасти рӯзи 18-уми июл дар Душанбе бо ҳузури муовини сарвазир, мақомоти расмӣ таъриф кардаанд, ки дар ним соли гузашта талафоти нерӯи барқро наздик ба 18 дарсад поин оварданд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2024 тақрибан 3 дарсад камтар аст. Соли гузашта 24 дарсади нерӯи барқи истеҳсолшуда дар Тоҷикистон талаф меёфтааст, ки рақами бисёр бузург аст.

Муовини нахуствазири Тоҷикистон гуфтааст, талафоти нерӯи барқ дар шаҳри Душанбе то ду соли қабл аз 35 то 40 дарсад мерасид ва дар натиҷаи тадбирҳое, ки "давоми се моҳи охир иҷро шудаанд", талафоти нерӯи барқ дар пойтахти Тоҷикистон то ба марзи 9 дарсад поин оварда шудааст. Ба қавли муовини нахуствазир, аз ин бармеояд, ки "25 фоизи барқ дар пойтахт дуздӣ будааст".

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG