Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истиқболи меҳмонони баландпоя - манбаи даромади моделҳои тоҷик


Рамазон Раҳимзода ва Владимир Колоколтсев. Саҳнаи пешвози вазири дохилаи Русия дар фурудгоҳи Душанбе. Акс аз вебсайти ВКД Тоҷикистон
Рамазон Раҳимзода ва Владимир Колоколтсев. Саҳнаи пешвози вазири дохилаи Русия дар фурудгоҳи Душанбе. Акс аз вебсайти ВКД Тоҷикистон

Пешвози президентҳо ва дигар меҳмонҳои баландпояи дохиливу хориҷӣ дар Тоҷикистон яке аз манбаъҳои даромади моделҳои тоҷик шудааст.

Дар Тоҷикистон расм аст, ки ҳангоми пешвози давлатмардони хориҷӣ ё сафарҳои раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба манотиқи кишвар, зимни ифтитоҳи корхонаву муассисаҳои нав духтарони хушқаду қомат бо табақи нону намак президентро пешвоз мегиранд. Дар бархе ҳолатҳо пешвозгирандагон аз ҳисоби духтарони зебо ва хушқаду қомати маҳаллӣ

Албатта духтароне интихоб мешаванд, ки қадашон аз 170 сантиметр баландтар аст. Симояшон низ бояд симои зебои тоҷикона бошад

интихоб мешаванд.

Аммо дар ҳолатҳое, ки сафари раисҷумҳур ба таври таъҷилӣ таҳрезӣ мешавад ва мақомот барои интихоби пешвозгирандагони зебову муносиб вақт надошта бошанд, ширкатҳое ҳастанд, ки моделҳои худро барои пешвози раисҷумҳур пешниҳод мекунанд.

Ин ширкатҳо ҳамеша омодаи истиқболи раисҷумҳур ҳастанд.

Моделҳои касбии истиқболи меҳмони баландпоя

Яке аз ин чунин ширкатҳо студияи моделҳои “Новая эра” аст, ки дар Тоҷикистон хадамоти нав - пешвози меҳмони олиқадр, аз ҷумла раисҷумҳурро роҳандозӣ кардааст. Моделҳои ин студия тибқи дархости корафтодагон метавонанд бо нону намак ва либосҳои зебову шинами тоҷикӣ меҳмонони баландпояи дохиливу хориҷиро пешвоз гиранд. Ниссо Қаюмова, яке аз масъулони студияи моделҳои “Новая эра” дар суҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 18-уми сентябр гуфт, “айни замон дар студияи “Новая эра” чор моделе ҳаст, ки ҳама вақт омодаи пешвозгирӣ аз меҳмонони олиқадр аз ҷумла, раҳбарони давлатҳо ҳастанд”.

Пешвози президент Раҳмон дар Дарвоз
Пешвози президент Раҳмон дар Дарвоз

Ахиран ду модели ин ширкат президенти Тоҷикистонро дар сафараш ба ноҳияи Дарвоз ва боздид аз як намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ бо нону намак пешвоз гирифтанд. “Новая эра” эътироф мекунад, ки ин кор ҳаққи заҳмат талаб мекунад, вале аз фош кардани нархи хизмати кормандонаш худдорӣ кард.

170 см, лоғар ва чеҳраи тоҷикӣ

Ширкат мегӯяд, ҳаққи пешвоз аз президентро на ҳар зебосанам ба даст меорад. Моделҳои тоҷик барои ширкат дар истиқболи меҳмонҳои баландпоя аз давраҳои махсуси тамрин мегузаранд, ки дар онҳо на танҳо маҳорати либоспӯшӣ, балки қоидаҳои рафтору гуфтор ҳам таълим дода мешавад. Вайс, яке аз масъулони “Новая Эра” дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, барои пешвози меҳмонони баландпоя духтароне роҳ меёбанд, ки аз омӯзишҳои махсус гузашта соҳиби сертификат шудаанд.

Ӯ гуфт: “Барои пешвози меҳмонони баландпоя, хусусан президенту раҳбарони давлат дар интихоби духтарон якчанд талабот вуҷуд дорад. Албатта духтароне интихоб мешаванд, ки қадашон аз 170 сантиметр баландтар аст. Симояшон низ бояд симои зебои тоҷикона бошад. Албатта муҳим аст, ки фарбеҳ набошанд ва қомати зебову нозук дошта бошанд. Яъне қаду баст бояд ба талаботҳои модел мувофиқ бошад”.

Ҳаққи заҳмати пешвози меҳмони баланд

Вале дар сӯҳбати бидуни микрофон як моделе, ки дар пешвози меҳмонҳои баландпоя аз Русия ширкат кардааст, гуфт, ҳаққи хизмати ӯ барои ширкат дар пешвози меҳмон аз 200 доллар шурӯъ мешавад. Масъулияти ин модел соатҳои дароз мунтазир шудани омадани меҳмон дар фурудгоҳ ва ё сафар ба минтақаи дур барои пешвози меҳмон аст. Дар сурати зарурӣ ӯ бояд тавонад ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ бо меҳмон сӯҳбати мухтасари дипломатӣ ҳам анҷом дода ба ӯро хушомадед гӯяд.

Парвина Саидова яке аз моделщои шинохтаи тоҷик ба овозхонӣ ҳам шурӯъ кардааст
Парвина Саидова яке аз моделщои шинохтаи тоҷик ба овозхонӣ ҳам шурӯъ кардааст

Аз ӯ пурсидем, то куҷо кор дар ин арса барояш хатар дорад ва оё ҳолатҳое пеш меояд, ки зебоиву ҷаззобияташ боиси бо чашми ҳавас нигоҳ кардани мардон мешавад? Ин модел гуфт, ингуна ҳолатҳо кам нест. Вале талош мекунад тарзе рафтор кунад, ки боиси эҷоди нофаҳмӣ ва нороҳатӣ нашавад.

Вай гуфт, гоҳо мардум мегӯянд, кораш ҷиддӣ нест ва бештар худнамоӣ аст. Вале ин модел гуфт: "Ман бо ин корам ифтихор мекунам. Ба фарқ аз бисёриҳо ман шонси дидани чеҳраҳои баландпояро дорам. Вақте акс ё навори пешвози ман дар телевизиону интернет пахш мешавад, дар баробари президенту мақомдорони калон маро ҳам ҳама мебинад. Ин як ифтихор аст, чунки ман як намояндаи Тоҷикистон ҳастам".

Зимнан, муовини нахуствазири Русия Дмитрий Рогозин 20 маи соли 2016 дар ҷараёни боздидаш аз Душанбе дар чаҳорчӯби нишасти СПАД дар Твиттераш ба таври ҷудогона навишт: "Дар остонаи нишаст ширкатдорони ҷаласаро духтарон бо либоси миллӣ ва даст болои сина ба манзури эҳтироми меҳмон пешвоз гирифтанд". Зоҳиран барои ин сиёсатмадори рус дидани чеҳраҳои духтарони тоҷик писанд омадааст.

Рекламаву тафреҳ даромади зиёд надорад

Зимнан дар Тоҷикистон бизнеси моделҳо маҳдуд аст. Даромади онҳо аз кор дар бозори рекламаву тафреҳ чандон баланд нест. Ҳамчунон дар Тоҷикистон маҷаллаҳои махсуси таблиғкунандаи зебоиву мӯд нашр намешаванд, ки дар кишварҳои дигар як мояи даромади моделу ширкатҳои мухталиф мебошанд.

Хуршед Сатторов, тарроҳи тоҷик, ки бо либосҳои дӯхтаи ӯ чанде аз моделҳои тоҷик дар озмунҳои хориҷӣ ҷойҳои ифтихориро касб карданд гуфт, то ҳанӯз ягон ширкат ва ё маҷаллаи маъруфи хориҷӣ бо моделҳои тоҷик шартномаи корӣ набастанд. Ӯ гуфт: “Мутаассифона, то ба ҳол ягон ширкати хориҷӣ бо нафаре аз моделҳои тоҷик шартномаи корӣ набастаанд. Шонси духтарони мо низ барои ғолиб шудан дар озмунҳои зебоии ҷаҳонӣ чандон баланд нест. Мо духтарони зебову соҳибҷамол зиёд дорем, аммо мутаассифона, қади онҳо паст аст. Бинобар ин дар озмунҳои ҷаҳонӣ онҳо бинобар кутоҳии қадашон ғолиб намешаванд”.

Дар миёни комёбиҳои моделҳои тоҷик дар озмунҳои байналмиллалӣ пирӯзии Парвина Саидова дар озмуни “Маликаи зебоии ҷаҳон” (Miss World Beauty) дар шаҳри Остонаи Қазоқистон дар моҳи ноябри соли гузашта чашмрас аст. Вале зоҳиран ин модари панҷ фарзанд баъди арӯсӣ фаъолиятҳои моделии худро бо Тоҷикистон маҳдуд кардааст.

XS
SM
MD
LG