Пайвандҳои дастрасӣ

ВАК-и Тоҷикистон фаъолияти як Шӯрои илмиро қатъ кард


Пас аз рад шудани се рисолаи илмӣ аз фанни таърих, Комиссияи олии аттестатсионӣ (ВАК)-и Тоҷикистон фаъолияти Шӯрои диссертатсионии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи илмҳоро боздошт.

  • Дар муддати фаъолияти Комиссияи олии аттестатсионии Тоҷикистон бори аввал аст, ки фаъолияти яке аз шӯроҳои илмӣ қатъ карда мешавад.
Ин пойгоҳ номи беш аз 30 номзад ва доктори илмро ба ҳайси нафароне овард, ки дар матни рисолаҳои илмии онҳо плагиат ё нишонаҳои асардуздӣ ошкор шудааст.

Абдуҳаким Розиқзода, раиси Комиссияи олии аттестатсионӣ (ВАК)-и Тоҷикистон рӯзи 7-уми июн дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ин хабарро тасдиқ кард. Ӯ гуфт, "вақте дар шӯро се рисолаи илмиро пайиҳам бармегардонанд, фаъолияти он боздошта мешавад."

Дар қарори Комиссияи олии аттестатсионии Тоҷикистон ҳам гуфта шудааст: "Бинобар сабаби бекор шудани қарори шӯрои диссертатсионӣ дар мавриди дараҷаи илмии номзади илми таърих Нуралӣ Ҳакимов, ба коркарди иловагӣ баргардондани диссертатсияи Давлатёр Шералиев ва, инчунин, пас аз вайрон намудани тартиби таъйини муқарризони расмӣ ба рисолаи илмии Назира Бобоҷонова барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои таърих, фаъолияти шӯрои диссертатсионии 60.К0А - 005-и назди Институти таърихи Академияи илмҳои Тоҷикистон боздошта шуд."

Бинои Академияи илмҳои Тоҷикистон
Бинои Академияи илмҳои Тоҷикистон

Абдуҳаким Розиқзода гуфт, ба хотири ҳифзи эътибори илми тоҷик комиссия ба таври ҷиддӣ фаъолияти шӯроҳоро назорат хоҳад бурд, то дар оянда "рисолаҳои хасакӣ" роҳ наёбанд.

Вай гуфт, ба Шӯрои Институти таърих барои ислоҳи вазъ мӯҳлат дода шудаст. Ва афзуд, факултаи таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон низ дорои Шӯрои илмӣ аст ва муҳаққиқон метавонанд рисолаи илмии худро барои ҳимоят ба ин Шӯро пешниҳод намоянд.

"Ба таври ҷиддӣ ҳолати ҳамаи шӯроҳо мавриди омӯзиш қарор дорад ва боздоштани фаъолияти кадом шӯрои дигар аз имкон дур нахоҳад буд”, - афзуд ӯ.

Аз ин пеш Комиссияи олии аттестатсионии Тоҷикистон рисолаҳои илмии чаҳор унвонҷӯро барои ба талабот ҷавобгӯ набудан рад кард. Дар ин миён рисолаи як унвонҷӯро ба сабаби “аз барномаи антиплагиат нагузаштан” напазируфтанд ва дархосташ барои додани унвони илмиро ҳам рад карданд.

Фошкориҳои "Диссернет" бурхӯрди ҳам Комиссияи олии аттестатсионӣ ба рисолаҳои илмӣ дар дохили кишвар ва ҳам муносибати шӯроҳои илмиро дигаргунатар намуд.

Масъулони Интистути таърих розӣ нестанд

Аммо масъулони Шӯрои диссертатсионии Академияи улуми Тоҷикистон аз чунин бархурди Комиссияи олии аттестатсионӣ розӣ нестанд. Яке аз масъулони Шӯрои диссертатсионӣ рӯзи 7-уми июн дар суҳбати ҳузурӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, "чунин тасмими мақомот шитобзадагӣ аст".

"Фикр намекунем, ки барои вайрон намудани тартиби таъйини муқарризони расмӣ рисолаи илмӣ бекор карда шавад ва фаъолияти Шӯрои илмӣ боздошта шавад", - афзуд мусоҳиби мо.

Онҳо мегӯянд, барои ҳалли масъала ба унвони Озода Раҳмон, раиси Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон нома навиштаанд ва мунтазири посух мебошанд.

Дар ҳамин ҳол, аз тасмими ахири мақомот бархе коршиносон ситоиш карданд. Саидшоҳ Акрамзода, муҳаққиқи риштаи адабиёти классикии тоҷик, гуфт, "агар бархӯрди Комиссияи олии аттестатсионӣ шаффоф аст, муносибатро ба рисолаҳои илмӣ ва марҳилаҳои омодасозии таҳқиқоти илмӣ ҷиддитар хоҳад кард".

Ӯ афзуд, "воқеан, фошкориҳои "Диссернет" бурхӯрди ҳам Комиссияи олии аттестатсионӣ ба рисолаҳои илмӣ дар дохили кишвар ва ҳам муносибати шӯроҳои илмиро дигаргунатар намуд. Чунин бархӯрдҳои ҷиддӣ иҷоза намедиҳад, ҳар нафаре, ки хоҳад, аз пайи кори илмӣ шавад. Агар муносибат аз ду тараф аз рӯи масъулият пеш равад, мешавад аз илми тоҷик чизеро интизор шуд."

Санҷиши рисолаҳои илмӣ дар Тоҷикистон баъди он ҷиддӣ гирифта шуд, ки "Диссернет" – як пойгоҳи хусусӣ дар Русия – рисолаҳои бархе аз муҳаққиқони тоҷикро мавриди шубҳа қарор дод. Ин пойгоҳ номи беш аз 30 номзад ва доктори илмро ба ҳайси нафароне овард, ки дар матни рисолаҳои илмии онҳо плагиат ё нишонаҳои асардуздӣ ошкор шудааст. То имрӯз рисолаҳои илмии ду нафар аз ин гурӯҳ бекор ва онҳо аз унвонҳои илмӣ маҳрум шудаанд.

Бархе донишмандон гуфтанд, чунин ҳодисаҳо ба кору обрӯи муҳаққиқоне соя меафканад, ки бо заҳмати зиёд талош мекунанд ҳарфи наверо дар илми тоҷик бигӯянд.

XS
SM
MD
LG