Юлия Навалная, ҳамсари яке аз раҳбарони норозиёни Русия Алексей Навалний гуфт, ташхисҳои лабораторӣ дар хориҷ аз Русия нишон медиҳанд, ки шавҳарашро дар зиндони Арктикии Русия заҳр додаанд. Алексей Навалний моҳи феврали соли 2024 дар ҳамин маҳбас ба гунаи мармуз даргузашт.
Навалная дар як изҳороти видеоие, ки рӯзи 17 сентябр дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, гуфт, ки ҷонибдорони шавҳари марҳумаш аз ӯ намунаҳои биологӣ гирифта, барои ташхис аз Русия берун бурдаанд.
Озмоишгоҳҳои кимиёӣ дар ду кишвар ин намунаҳоро мустақилона таҳлил карданд ва "ба як хулоса омаданд: Алексей кушта шуд, дақиқтараш, заҳр дода шуд", гуфт ӯ.
Навалная аз ин озмоишгоҳҳо ном набурд ва аз натиҷаи ташхиси онҳо тафсилот надод ва аз онҳо даъват кард, ки натиҷаҳоро ба таври оммавӣ нашр кунанд.
Шикоят аз дарди пой
Изҳороти ӯ ба таҳқиқоти пешинаи The Insider, як расонаи масъалаҳои Русия, ҳамхон аст, ки дар он бо такия ба ҳуҷҷатҳо гуфта мешуд, ки Навалний, муборизи зидди фасод, ки барои ғаниматҳои ғайриқонунии президент Владимир Путин ва атрофиёни ӯ ҳабс шудааст, амдан заҳролуд карда шудааст.
Навалний, ки барои адои ҳукми 19 соли зиндон бо айбномае, ки умдатан сиёсӣ хонда мешуд, ба гуфтаи Навалная, бо нақшаи муайяне ба маҳбаси “Гурги Қутбӣ” интиқол дода шуд. Аммо барои тасдиқи ин гуфта худи Навалная ягон далели устуворе дар миён нагузошт.
Аммо вай иддао кард, ки Аркадий Гостев, раиси Хадамоти федеролии иҷрои ҷазо (FSIN), моҳи апрели соли 2023 ва боз дар моҳи декабр, чанде пеш аз интиқоли Навалний ин муассисаи дурдастро тафтиш кардааст.
"Чаро ин урдугоҳи дурдаст, зиндони пӯшида ва сахтгир ин қадар ҷолиб буд? Шояд аз он сабаб буд, ки ҳеч чиз ва ҳеч касе дар он ҷо монеи анҷоми он кор набуд. Ва онҳо он корро анҷом доданд," гуфт Навалная дар нашри русии изҳороти худ дар Ютуб.
Вай гуфт, бино бар баёноти панҷ корманди маҳбас, саломатии Навалний дар ҳафтаҳои ахири умраш босуръат бад шудааст.
Рӯзи 3 феврал ӯ аз дарди пой шикоят кард ва дар утоқи тиббии маҳбас муоина шуд ва дар онҷо танҳо фишори хун ва ҳарорати ӯро чен карданд. Ӯ хоҳиш кард, ки пизишки асабро бинад, аммо чунин мутахассис он ҷо набуд. Навалний баъдан дар як нома навишт, ки идораи тиббии зиндон шабеҳи "саҳнасозӣ" аст ва табибони воқеӣ намерасанд.
Бе ёрии касбии тиббӣ
Рӯзи 14 феврал Навалний аз ҳуҷраи 19 ба ҳуҷраи якнафараи муҷозотии 16 гузаронда шуд.
Пас аз ду рӯз ӯ боз аз дарди пой шиква кард. Ҳангоми сайругашт дар ҳавои кушод ба посбонон гуфт, ки худро бад ҳис мекунад.
Дар баёноти шоҳидон, ки Навалная нақли қавл мекунад, омадааст, ки Навалний рост истода наметавонист ва мегуфт, бемор аст. Дар ниҳояти кор ӯро бе расондани ёрии тиббӣ ба ҳуҷрааш баргардондаанд. Гуфта мешавад, ки ӯ пеш аз он ки дар ҳуҷра танҳо монад, дарди қафаси сина ва меъда, табларза дошт ва қай кардааст.
Навалная гуфт, ки шавҳарашро дар ҳоле ба бахши тиббӣ бурдаанд, ки аз ҳуш рафта буд. То соати якуними шаб мошини ёрии таъҷилии маҳбас даъват нашудааст. Яъне зиёда аз 40 дақиқа пас аз шикоятҳои аввалинаш. Он гоҳ бо вуҷуди талошҳои нафасдармонӣ аз марги Навалний хабар дода шуд.
Дар изҳороти расмии идораи зиндонҳо дар ноҳияи худмухтори Ямалу Ненетс гуфта мешавад, ки Навалний "пас аз сайру гашт худро бад ҳис кард, қариб дарҳол аз ҳуш рафт ва бо вуҷуди талошҳои эҳё ҷон бохт".
Ҷасади ӯ як ҳафта аз модараш пинҳон дошта шуд, ки дар байни пайравонаш гумонҳои найрангбозиро ангехт.
"Путин қотили шавҳари ман аст"
"Ман изҳор медорам, ки Владимир Путин дар куштори шавҳарам Алексей Навалний гунаҳкор аст", гуфт Навалная. Барои чунин изҳорот вай далел наовард.
"Ман хадамоти амниятии Русияро дар таҳияи силоҳи кимиёӣ ва биологии мамнӯъ гунаҳкор мекунам. Аз озмоишгоҳҳое, ки таҳқиқот анҷом додаанд, талаб мекунам, ки натиҷаҳои худро нашр кунанд. Бозӣ бо Путинро тибқи баъзе мулоҳизаҳои баланд қатъ кунанд."
Расонаҳо, аз ҷумла The Wall Street Journal ва Aсошиейтед Пресс ба нақл аз ниҳодҳои истихборотии Амрико гузориш додаанд, ки эҳтимолан Путин ба куштани Навалний дастур надодааст.
Сухангӯи Кремл Дмитрий Песков рӯзи 17 сентябр гуфт, ки аз иддаои нави Навалная хабар надорад.
Навальная лабораторияҳоеро, ки озмоишҳоро анҷом додаанд ва кишварҳое, ки онҳо дар онҷо ҷойгиранд, ном набурд. Вай ба назар чунин менамуд, ки нашри натиҷаҳо бо сабабҳои сиёсие боздошта мешавад, аммо мушаххас накард, ки кӣ метавонад ба нашри озодонаи онҳо монеъ гардад.
Заҳролудии аввал
Марги Навалнийро дар сатҳи байналмилалӣ маҳкум карданд ва ҳукуматҳои ғарбӣ Кремлро дар зиндонӣ кардани ӯ ва бадрафторӣ нисбаташ гунаҳкор медонанд.
Раҳбари солҳои дароз машҳури мухолифони Русия Навалний аз заҳролудшавӣ бо заҳри мавриди истифодаи ҳарбӣ дар Сибир дар соли 2020 базӯр наҷот ёфт, ки дар ин ҳодиса вай Путин ва Хадамоти федеролии амниятии Русияро гунаҳкор мекард.
Вақте ки ӯ пас аз муолиҷа дар Олмон дар моҳи январи соли 2021 ба Русия баргашт, расидан замон боздошт шуд ва то маргаш паси милаҳои зиндон монд.
Гуфтугӯ