Пайвандҳои дастрасӣ

Собиқ Артур ва ҳоло Самира: "Аз аввал рӯҳан духтар будам..." (ВИДЕО)


Собиқ Артур Гулкоров, ҳоло Самира Мозел
Собиқ Артур Гулкоров, ҳоло Самира Мозел

Собиқ Артур Гулкоров ва ҳоло Самира Мозел мегӯяд, аз аввал рӯҳан духтар буд, аммо ин ҳақиқати зиндагияшро натавонист барвақттар ифшо кунад. "Шояд он вақт маро мезаданд,"-мегӯяд ӯ.

Самира Мозел, ки собиқ Артур Гулкоров – писари Малика Қаландарова – раққосаи маъруфи тоҷик ва ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравист, мегӯяд, аз рӯзи аввал рӯҳан духтар буд, аммо ин ҳақиқатро натавонист барвақттар ба хонаводааш бигӯяд.

Сарнавишти собиқ Артур ва ҳоло Самира шоми 23 апрел дар барномаи "Пусть говорят"-и Шабакаи аввали телевизиони Русия баррасӣ шуд, ки ҷинси худро аз писар ба духтар иваз кардааст. Ӯ гуфт, "ман дар Тоҷикистон, дар хонаводаи одамони машҳур бузург шудаам. Ҳама маро мешинохтанд. Барои ҳамин, намедонистам ин мавзӯъро чӣ гуна матраҳ кунам."

Фарзанди Малика Қаландарова мегӯяд, ҳақиқатро пинҳон карда намешавад ва он рӯзе ошкор хоҳад шуд, аммо ба қавли ӯ ҳақиқати зиндагияш хеле дертар ифшо гардид: "Агар барвақт ин хабар мешуд, мумкин маро маҷбуран зан медоданд. Ё шояд мезаданд. Даҳонамро мебастанд. Ҷое, ки ман бузург шудааму модарам зистааст, Осиёи Миёна аст. Мардуми он ҷо ба зиндагӣ фақат бо як нигоҳ менигаранд. Вақте гуфтам, оиладор намешавам, ҳама фикр карданд, девона шудаам."

Собиқ Артур ва ҳоло Самира афзуд, "модарам фикр мекард, шояд ҳамҷинсгароям. Вале рӯҳан духтар будам. Ба модарам гуфтам, ту дар орзуи духтар будӣ ва Худо ба ту дар 60-солагият онро ҳадя кард. Вай хеле гиря кард, дар ҳолати парешонӣ буд."

Малика Қаландарова, ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ низ дар ин барнома ҳозир шуда, дар бораи писари собиқаш, ки ҳоло ба духтар табдил шудааст, суҳбат кард. Ӯ гуфт, ба ин қарори фарзандаш танҳо

Артур Гулкоров
Артур Гулкоров

баъд аз он розӣ шуд, ки гуфтааст, худкушӣ мекунад: "Вақте гуфт, зистан намехоҳад, худкушӣ хоҳад кард, баъд бо қарори гирифтааш розӣ шудам."

Қаландарова нақл кард, ки Артур дар хурдияш низ ҳеч гоҳ ба кӯча набаромада, бо бачаҳо бозӣ намекард: "Агар ки мебаромад, дар атрофи духтарон мегашт. Ё дар ҳуҷраи ман даромада, ба ороишотам мерасид. Ҳалқаро дар гӯш мекард. Ман ба ӯ мегуфтам, ин ин моли занон аст. Вақте ба саҳна мебаромад, ҳамагӣ мегуфтанд, ту духтар ба дунё овардаӣ. Қаҳрам меомад ва мегуфтам, чаро чунин мегӯед?"

Самира Мозел (Артур Гулкоров) ҳунармандест, ки дар дастаҳои рақсии Тоҷикистон шӯҳрат ёфта, аз соли 1993 дар Ню-Йорк ва Маскав зиндагӣ мекунад. Бори охир ӯ дар Душанбе дар соли 2009 консерт дода буд.

Чанде баъд аз сафари Тоҷикистон дар соли 2009 Артур Гулкоров дар мусоҳиба бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ҳанӯз ҳам издивоҷ накардааст ва ҳаёти худро пурра ба рақс бахшидааст. Модари ӯ, Малика Қаландарова баъд аз кӯч бастан ба Ню Йорк дар соли 1993 дар ин ҷо мактаби рақс ва ансамбли худро таъсис дод, ки барномааш асосан аз рақсҳои тоҷикӣ ва мардумони Иттиҳоди Шӯравӣ иборат аст.

Самира Мозел
Самира Мозел

Дар мусоҳибааш бо Радиои Озодӣ Артур Гулкоров гуфта буд, ки асосан дар тарабхонаву марказҳои дилхушии Маскав кор мекард ва маблағи даромадашро барои сабти суруд ва дӯхтани либосҳои саҳнавӣ сарф мекард.

"Раққосон хеле зиёданд, вале ҳар кас сабки махсуси худро дорад. Аммо сирри муваффақияти ман дар он аст, ки аввалан, ман фарзанди афсонаи зиндаи рақси Шарқ Малика Калонтарова ҳастам. Баъдан, ҳунари ман худододӣ буда, ман бо он зиндагӣ мекунам, рақс барои ман танҳо як мояи даромад ё шуғли дӯстдошта нест, балки ман бо он зиндагӣ мекунам. Барномаи ман гуногун аст, одатан ман, ки дар марказҳои тафреҳӣ ва ё тарабхонаҳо ҳунарнамоӣ мекунам, аз ин рӯ баъзан рақсҳоямро ба хости раҳбарияти он ҷо мувофиқ мекунам. Аммо рақсҳои ман хеле зиёданд, вале бисёри онҳоро на дар ҳама ҷо истифода кардан мумкин аст. Барои мисол, рақси Худои Офтобро дар майдони калон наметавон истифода кард, чун барои мардум ҳаракоти махсус ноайён мемонад. Аммо, дар маҷмӯъ, ҳамаи рақсҳои ман, аввал бо назардошти талаботи саҳнаҳои профессионалӣ таҳия мешаванд. Мутаасифона, ахиран дар Душанбе ман бо рақси кӯҳнаам баромад доштам. Аммо нақша дорам, ки ин навбат ба Душанбе бо барномаи наву васеъи ҳунариам сафар бикунам. Албатта, мардуми тоҷик маро бо гармии зиёд пешвоз мегирад. Ман худам Душанберо дӯст медорам, дар хиёбонҳои Душанбе бароям қадам задан хеле писанд аст. Дар маҷмӯъ, ман ҳамаи саҳнаҳо ва мухлисони тамоми ҷаҳонро дӯст медорам, аммо дар Тоҷикистон мардум ба ман чун ба ҳамватани худ муносибат мекунанд ва ин кишвар бароям азизу мардумаш аз ман аст.”

Дар охирин консерти ӯ дар Душанбе дар соли 2009 модари ӯ Малика Қаландарова, навозанда ва овозхон Стас Калонтаров, мутриб Алберт Норкаллаев ҳамчунин овозхонҳои маъруфи тоҷик Ҷӯрабек Муродов, Давлатманд Холов, Афзалшоҳ Шодиев, Нигина Амонқулова ва гурӯҳи рақсии "Зебо" ширкат ва ҳунарнамойӣ карданд.

Намунае аз рақсҳои Самира Ситора (собиқ Артур Гулкоров)

XS
SM
MD
LG