Чунонки тribuna.com бо истинод ба бошгоҳи футболи “Шахтёр”-и Донетск хабар додааст, сабаби тасмим ин буд, ки тоҷикон қаблан бо русҳо бозӣ карда будаанд. Соли 2023 мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи Ҷоми рушд дар Мински Беларус ширкат варзида, бо тими наврасони то 16-солаи Русия рӯбарӯ шудааст.
Дастаи мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон (U-17) дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2025 дар аввалин бозии санҷишӣ дар Анталияи Туркия 15-уми январ бар тими мунтахаби ҷавонони «Манавгат Беледиеспор»-и Туркия (U-19) бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуда буд. Аммо футболбозони навраси тоҷик 18-уми январ дар бозии дуюми санҷишӣ аз тими «Спартак»-и Суботитса, ки намояндаи Суперлигаи Сербия мебошад, бо ҳисоби 1:5 шикаст хӯрданд.
Ҳамакнун мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Анталия бо ҳамсолони худ аз Кувайт (21-уми январ) ва бо дастаи Академияи «Краснодар»-и Русия (23-юми январ) бозиҳои санҷишӣ баргузор хоҳанд кард.
Сармураббии дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) Марко Раҷини, мутахассиси итолиёӣ, ба ҷамъомади таълимию тамринӣ дар Туркия 26 бозигар – 3 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 12 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагарро даъват кардааст.
Ҳайати дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар ҷамъомади таълимию тамринӣ дар Анталияи Туркия:
Дарвозабонҳо: Абубакр Раҳмонқулов («Сарҳадчӣ»), Муҳаммадраҳим Раҳмонов (МҶМОВ), Анушервон Қурбонзода («Душанбе»);
Ҳимоятгарон: Мустфао Ҳасанбеков, Аҳмадҷон Шоев, Самиаллоҳ Давлатов, Мубориз Мискиншоев (ҳама аз «Истиқлол»), Садриддин Сатторов, Меҳроҷиддин Розиқов, Абдусамад Меликмуродов (ҳама аз «Душанбе»);
Нимҳимоятгарон: Умед Ҷафоев (ССКА, Русия), Идрис Давлатзода («Ленинградетс», Русия), Парвиз Бобоназаров, Рамазон Бахталиев, Меҳрубон Одилзода (ҳама аз «Истиқлол»), Ҳайдаршо Худойдодов, Зариф Зарифзода, Баҳодур Назарзода, Абдулло Иброҳимзода, Фурқон Раҳимзода, Тоҳирҷон Аҳлиддин (ҳама аз «Душанбе»), Давид Мақсудов («Моҳир»);
Ҳамлагарон: Муҳаммад Назриев, Фирӯзҷон Шарипов (ҳарду аз «Истиқлол»), Назрулло Ашурализода («Душанбе»), Муҳаммадҷон Мираҳмадов («Равшан»).
Сармураббӣ – Марко Раҷини (Сан-Марино).
Бозиҳои санҷишӣ дар Анталияи Туркия:
15-уми январ (чоршанбе)
Мунтахаби Тоҷикистон (U-17) - «Манавгат Беледиеспор» U-19 (Туркия) – 1:0
18-уми январ (шанбе)
Мунтахаби Тоҷикистон (U-17) - «Спартак» (Суботитса, Сербия) – 1:5
21-уми январ (сешанбе)
Мунтахаби Тоҷикистон (U-17) – Мунтахаби Кувайт (U-17)
23-юми январ (панҷшанбе)
Мунтахаби Тоҷикистон (U-17) - Академияи «Краснодар» (U-17, Русия)
Бояд гуфт, ки қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2025 аз 3-юм то 20-уми апрел дар Арабистони Саудӣ баргузор хоҳад шуд. Рақибони дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар гурӯҳ 23-юми январ дар қуръакашии мусобиқот маълум мешаванд.
Футболбозони навраси тоҷик пеш аз иштирок дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2025 дар мусобиқаи «Ҷоми рушд-2025», ки аз 15-ум то 21-уми феврал дар шаҳри Мински Беларус баргузор мегардад, ширкат меварзанд.
Дар ин мусобиқаи анъанавии байналмилалӣ иштироки дастаҳои мунтахаби наврасони то 17-солаи Беларус, Қазоқистон, Озарбойҷон, Русия, Тоҷикистон, Узбекистон ва Эрон дар назар аст.