Ба иттилои манбаъ, Ҳамадонӣ Камолов ҳамчун бозигари озод бо бошгоҳи “Гулгуҳар”, ки намояндаи шаҳри Сирҷони Эрон аст, барои ду мавсим қарордод бастааст. Дар ҳамин ҳол бошгоҳи нави футболбози тоҷик дар ҷадвали мусобиқоти қаҳрамонии Эрон дар ҷойи панҷум қарор дорад.
Ҳамадонӣ Камолов, ки 16-уми январ 22-сола мешавад, аз дастаи “Истиқлол”-и Душанбе ба тими “Гулгуҳар” гузашт, қаблан дар дастаи "Локомотив-Помир"-и Душанбе ва бошгоҳҳои испаниягии "Райо Махадаонда" ва "Паракуэллос Антамира" ҳунарнамоӣ кардааст.
Камолов дар ҳайати тими миллии Тоҷикистон 16-уми ноябри соли 2023 дар бозии даври интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 бо тими миллии Урдун (1:1) аввалин бор ба майдон баромадааст. Вай дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон 9 бозӣ карда, ду гол задааст.
Дар ҳамин ҳол боз як узви тими миллии Тоҷикистон, ҳимоятгар Ваҳдат Ҳанонови 24-сола дар бошгоҳи “Сипоҳон”-и Эрон бозӣ мекунад.