Пайвандҳои дастрасӣ

Баҳона чист? Бӯҳрон


Дар ду соли охир ибораи “таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ” дар лексикони сиёсатмадорони тоҷик аз пуристифодатаринҳо буд.

- Нақшаи пардохтҳои гумрукӣ ба буҷет иҷро нашуд. Таъсири буҳрон

- Қобилияти харидории мардум коҳиш ёфт. Таъсири бӯҳрон

- Воридоти мол ва савдо коҳиш ёфт. Таъсири бӯҳрон

- Бонкҳо касод шуданд. Таъсири бӯҳрон

- Қарзи корхонаҳо аз андоз зиёд шуд. Боз ҳам таъсири бӯҳрон

Шӯҳрат Мирзоев, иқтисоддони тоҷик, рӯзи 2-юми август дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ангушти ишораи мансабдорон дар мушкилоти кишвар бештар “ба омилҳои берунист”, аммо ба қавли ӯ на ҳама вақт сарчашмаи мушкили ҷумҳурӣ аз хориҷа об мехӯрад.

Ҳарчанд дар тасвири мансабдорони тоҷик иқтисоди ҷаҳонӣ гирифтори “бӯҳрон” аст, аммо Сандуқи байналмилалии пул ахиран гузориш дод, ки рушди иқтисоди ҷаҳон ба 3,5 дарсад мерасад.

Ӯ гуфт, "бисёре аз мушкилҳо дар натиҷаи сиёсати бесамар ва кӯтоҳи дохилӣ сар задааст. Барои мисол, бӯҳрони бонкҳои Тоҷикистон. Асоси рӯ задани ин буҳрон ба се омили сирф дохилӣ рабт дошт -- сиёсати заифи монетарӣ, сиёсати сусти танзимгарии Бонки миллӣ аз болои бонкҳои тиҷоратӣ ва билохира мудирияти нодуруст дар худи бонкҳо."

Он чизе, ки давлатмардони тоҷик “таъсири бӯҳрони молиявиӣ ҷаҳонӣ” меноманд, дар асл танҳо коҳиш ёфтани пулҳои интиқолии муҳоҷирон аз Русия ба Тоҷикистон аст. Дар пайи уфти нархи нафт, иқтисоди Русия дучори рукуд шуда, қисме аз муҳоҷирони тоҷик аз ин кишвар ихроҷ шуданд. Ҳаҷми интиқолҳои пулӣ низ аз 4 миллиарди қаблӣ то ба 1 миллиарду 900 миллион доллар поин омад.

Бонки Ҷаҳонӣ ва созмонҳои дигари байналмилалӣ мегӯянд, Тоҷикистон аз пулҳои интиқолии муҳоҷирон ниҳоят вобаста аст ва ба истилоҳ “ҳар атсаи Маскав Душанберо дучори зуком мекунад”.

Ин аст, ки блоки иқтисодии ҳукумати Тоҷикистон ду сол боз барои раҳоии кишвар аз таъсири бӯҳрони, ба ибораи онҳо, “молиявии ҷаҳонӣ” талош дорад. Умури идораи давлат ба реҷаи сарфакорӣ ваё “эконом” гузашт. Дар навбати аввал хариди мошинҳои хидматӣ, мебел ва сафархарҷиҳо аз ҳисоби буҷети давлат манъ шуд. Ҳатто раҳбари яке аз вазоратхонаҳо дар ситоиш аз сарфакории ниҳодаш гуфта буд, ки "кормандон барои сарфаи пули будҷа, аз ҳарду тарафи коғазҳо истифода мекунанд".

Як барномаи зиддибуҳронӣ низ дар ҳоли иҷро аст, ки аз 54 банд иборат мебошад. Тибқи ин барнома, ниҳодҳои блоки иқтисодӣ муваззаф шуданд, аз беқурбшавии пули миллии сомонӣ ҷилавгирӣ карда, инчунин, мизони қарзҳои саривақт пардохтношударо дар системаи бонкӣ кам кунанд.

Бинои Бонки миллии Тоҷикистон.
Бинои Бонки миллии Тоҷикистон.

Дар ин росто Бонки Миллӣ билофосила кулли нуқтаҳои саррофиро аз байн бурд ва гирифтани рубли русиро аз бонкҳо манъ кард. Дар шарҳи чунин тасмимҳояш Бонки Миллӣ, мегуфт аз ин чораҳо “ба хотири муътадил нигоҳ доштани қурби пули миллӣ” кор мегирад. Нуқтаҳои саррофӣ барои “сунъӣ боло бурдани қурби асъори хориҷӣ” ва ба таҳлука андохтани муштариён, гунаҳкор дониста шуда, ҳамагӣ баста гардиданд.

Таҳлилгарон мегӯянд, дар натиҷа беш аз ҳазор сарроф бекор монд, аммо қурби пули миллӣ боз ҳам поин рафт. Саррофон дар Тоҷикистон замоне ҳадаф қарор гирифтанд, ки қурби як доллари амрикоӣ аз 5 сомониву 30 дирам дар соли 2015 то ба 7 сомониву 19 дирам дар соли 2016 боло рафт. Баъди баста шудани нуқтаҳои саррофӣ низ ҷаҳиши қурби доллар дар баробари сомонӣ қатъ нашуд. Айни ҳол қурби як доллар дар сатҳи 8 сомону 80 дирам қарор дорад.

Шамсиддин Ҷалолов, корманди Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва демографияи Академияи улуми Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, сиёсати пулии давлат дар ин давра муваффақомез набуд. Ӯ гуфт, "ба назар мерасад, бо истифода аз вазъият, як гурӯҳ манфиатҳои худро бароварда карда, бозори асъори хориҷиро дар кишвар зери даст дароварданд."

Аммо Бонки Миллӣ гуфт, агар ин чораҳоро намеандешид, қурби пули миллӣ аз ин ҳам поин мерафт.

Ҳарчанд дар тасвири мансабдорони тоҷик иқтисоди ҷаҳонӣ гирифтори “бӯҳрон” аст, аммо Сандуқи байналмилалии пул ахиран гузориш дод, ки рушди иқтисоди ҷаҳон ба 3,5 дарсад мерасад. Иқтисоддонҳои СБП ҳатто пешбинии худро нисбат ба рушди иқтисоди Бритониё, Олмон ва Фаронса бозбинӣ карданд, чунки суръати рушд дар ин кишварҳо аз пешбинии онҳо бештар буд.

Кишварҳои шарики Тоҷикистон ҳам мисли Чин шоҳиди рушди қобили мулоҳиза ҳастанд. Иқтисоди Чин имсол шоҳиди рушди 6,7-дарсадӣ мешавад. Ҳатто иқтисоди Русия дар ин муддат аз ҳоли рукуд берун шуда, гуфта мешавад рушди 1,4-фисадӣ хоҳад дошт.

Дар ҳоле, ки анқариб ҳама иқтисодҳои ҷаҳон ва давру бари Тоҷикистон шоҳиди рушди чашмгире ҳастанд, посухи мансабдорони тоҷик дар робита ба ҳар мушкили кишвар бетағйир аст: таъсири манфии бӯҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ.

XS
SM
MD
LG