Пайвандҳои дастрасӣ

Барои дарёфти Малика ва Сабина экстрасенс Турсуной ҷалб мешавад


Умед ба кӯмаки Турсуной Зокирова дар ҳолест, ки ҳеҷ аломати дилгармкунандаи ёфт шудани духтаракон мушоҳида намешавад.

Улуғбек Аралов, падари Сабина, 4 апрел ба радиои «Озодӣ» гуфт, ки бо гузашти 10 рӯз аз бедарак гум шудани пайвандонаш то ҳанӯз ҷустуҷӯи кӯдакон натиҷае надодааст ва аз ин рӯ, онҳо баъди машварат бо менеҷери экстрасенс Турсуной Зокирова ба хулосае омадаанд, ки хонум Зокироваро ҳам ба ин кор ҷалб кунанд.

Улуғбек Аралов афзуд, онҳо умед доранд, ки шояд бо кумаки экстрасенс нишоне аз духтаракони гумшудаашон пайдо мекунанд. Ба нақли Улуғбек, дар ҳоли ҳозир менеҷери экстрасенс бо Турсуной Зокирова машварат дорад ва баъди ҳосил натиҷаи дилхоҳ хонум Зокирова ба Душанбе хоҳад омад.

Турсуной Зокирова
Турсуной Зокирова
Хонум Турсуной Зокирова, ки бо қобилияти фавқулодаи ғайббиниву ғайбдониаш маъруф аст, зодаи Тоҷикистон буда, таи чанд соли ахир дар Русия ба сар мебарад. Номбурда соли 2008 дар барномаи "Битва экстрасенсов" ("Муҳорибаи экстрасенсҳо") аз шабакаи телевизионии ТНТ-и Русия ғолибият ба даст оварда буд.

Бародарзодаҳо Маликаи 5-сола ва Сабинаи 4-сола, тақрибан соатҳои 16-и 25-уми марти соли 2013 дар назди манзили худ дар хиёбони Айнии пойтахт ба ҳангоми бозӣ нопадид шуданд. Феълан ҳеҷ фарзияи нопадидшавии онҳо маълум нест.

Дар ҳамин ҳол, созмонҳои ҷамъиятии мудофеи ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон тавассути шабакаи иҷтимоии Фейсбук тарҳи муроҷиатномаи худ ба президент Эмомалӣ Раҳмонро пахш кардаанд. Дар ин нома, ки то ин лаҳзаҳо зераш “Маркази ҳуқуқи инсон” ва “Маркази ҳуқуқи кӯдак” имзо гузоштаанд, аз президенти Тоҷикистон даъват мешавад, ки парвандаи ҷустуҷӯи кӯдакони гумшударо зери назорати худ бигирад. Дар ин нома аз афзоиши ҳодисаҳои нопадидшавии кӯдакон дар Тоҷикистон нигаронӣ мешавад. Дар нома бо истинод ба сайти интернетии Вазорати умури дохила гуфта мешавад, ки танҳо дар нимаи дуюми моҳи март дар қаламрави Тоҷикистон 10 муроҷиати волидон аз гумном шудани кӯдакони ноболиғашон ба қайд гирифта шудааст. Дар матни муроҷиатнома бо изҳори ташаккур аз талошҳои органҳои тафтишотӣ ва ихтиёриёни ҷамъиятӣ дар ҷустуҷӯи атфол, таъкид мешавад, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон “механизми аниқи алоқаи мутақобиларо бо шаҳрвандоне, ки ихтиёран мехоҳанд ба хешу табори шахсони гумшуда ва тафтишот кӯмак расонанд, надоранд”. Муаллифони муроҷиатнома аз президент даъват кардаанд, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ба ҳамкории наздик бо аҳли ҷомеа ва созмонҳои ҷамъиятии ёрирасон дар амалиёти ҷустуҷӯи кӯдакон водор кунанд. Нависандагони ин нома аз созмонҳои ҷамъиятии дигари Тоҷикистон даъват кардаанд, ки зери ин муроҷиатнома имзо гузоранд, то ки баъдан он ба номи президент фиристода шавад.


Амакбачаҳо Малика ва Нигина Араловаҳо рӯзи 25-уми март дар назди манзили худ нопадид шуданд. Ҳоло органҳои тафтишотӣ тамоми фарзияҳои марбут ба ин қазияро рӯи даст доранд. Бар асоси фармони Рамазон Раҳимов, вазири корҳои дохилӣ, гурӯҳи махсуси ҷустуҷӯӣ таъсис дода шуд ва он аллакай дар нуқтаҳои мухталифи шаҳр ва атрофи пойтахт ҷустуҷӯи Сабина ва Малика Араловаҳоро оғоз кардааст. Гурӯҳи мазкур аз ҳисоби кормандони ботаҷриба ва мутахассисони варзидаи соҳа созмон ёфта, ҳама фарзияҳо оид ба гум шудани ноболиғон Малика ва Сабинаро мавриди санҷиш ва тафтиши ҷиддӣ қарор медиҳад ва тамоми чораҳои дахлдорро барои дарёфти онҳо меандешад.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ҳамчунин, барои иттилои дақиқ дар мавриди пайдо кардани кӯдакони гумшуда - Сабина ва Малика Араловаҳо мукофоти пулӣ низ ваъда кардааст.

Дар ҳамин ҳол, ба мушоҳидаи рӯзноманигорон ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, хабари нопадидшавии кӯдакон дар ҷомеа нигарониву воҳимаи зиёдро эҷод кардааст. Гоҳе миёни корбарони Фейсбук хабарҳое пахш мешаванд, ки роҷеъ ба кӯшиши рабуда шудани атфоли нав дар хиёбонҳои Душанбе нақл мекунанд. Вале мақомоти интизомӣ афзоиши мавридҳои кӯдакрабоӣ дар Тоҷикистонро рад мекунанд ва талош мекунанд, ҷомеаро ором кунанд, ки ба воҳимаву ҳангома дода нашаванд.
XS
SM
MD
LG