Афшин Муқим, сухангӯи Кумитаи дини Тоҷикистон рӯзи 12 сентябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар ҳодисаи фалокатбори рӯзи ҷумъа дар Макка, ки ба марги даҳҳо тан аз зоирон анҷомид, ягон нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон осеб надидаанд.
Оқои Муқим гуфт, ҳоло ҳама зоирони Тоҷикистон, ки аз самтҳои Душанбе ва Хуҷанд ба самти Мадинаи мунаввара парвоз анҷом дода буданд, ҳамагӣ дар Маккаи мукаррама қарор доранд ва парвозҳои боқимонда низ аз самти Душанбе ба самти Ҷиддаи Арабистони Саудӣ роҳандозӣ мешаванд. Ба гуфтаи мақомоти Кумитаи дин, қарор аст беш аз 6 ҳазор нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон имсол барои зиёрати Каъба ба Арабистони Саудӣ мусофират намоянд.
Мақомоти Арабистони Саудӣ аз кушта шудани 107 зоир ва захмӣ шудани 238 тани дигар бар асари сарозер шуда крани сохтмонӣ дар дохили Масҷид-ал-Ҳаром дар Макка хабар доданд. Ҳувияти қурбониён то ба ҳол ба таври расмӣ эълон нашудааст. Мақомоти Саудӣ қаблан шумораи кушташудагонро 87 ва теъдоди захмиёнро 184 эълон карда буданд.
Ба иттилои шабакаи телевизионии "Ал-Арабия", Аҳмад ибни Муҳаммад Ал-Мансурӣ, сухангӯи расмии умури Масҷид-ул -Ҳаром ва Масҷиди Мадинаи Мунаввара дар шарҳи ин ҳодиса гуфтааст, ки дар соати панҷу даҳ дақиқаи асри рӯзи ҷумъа, бар асари вазидани боди сахт ва боридани борони шадид як крани сохтмонӣ дар Масҷид-ал-Ҳаром сарозер шуд.
То ба ҳол ҳувияти кушташудагони ин ҳодиса ба таври расмӣ эълон нашудааст, вале гуфта мешавад, ки аксарияи кушташудагон ва маҷрӯҳон зоирони ҳиндӣ ва покистонӣ будаанд. Як зоири эронӣ низ дар миёни кушташудагон будааст.
Ин ҳодиса дар ҳоле рух дод, ки ҳазорон мусалмон аз саросари олам барои анҷоми фаризаи ҳаҷҷ дар шаҳри Макка қарор доранд. Ба гузориши хабаргузориҳои расмии Арабистони Саудӣ, то ба ҳол 800 ҳазор нафар барои анҷоми ҳаҷҷ вориди хоки ин кишвар шудаанд.
Масҷид-ул-Ҳаром маъмулан дар рӯзҳои ҷумъа бинобар баргузории намози ҷумъа боз ҳам серодам мешавад. Каъба дар ин масҷид қарор дорад ва қиблаи мусалмонони саросари ҷаҳон аст. Хабаргузории "Ал-ҷазира" пас аз ин ҳодиса хабар дод, ки шоҳзода Холид Ал-Файсал, амири Макка хостори таҳқиқот дар ин замина шудааст.
Макка муқаддастарин шаҳр барои мусалмонони ҷаҳон аст ва солҳои ахир шоҳиди бунёди сохтмонҳои зиёде будааст. Аксҳои нашршуда аз атрофи Каъба нишон медиҳад, ки кранҳои зиёди сохтмонӣ дар атрофи Масҷид-ал-Ҳаром ҷобаҷо шуданд. Бо амалӣ кардани тарҳҳои сохтмонӣ дар атрофи ин масҷид, қарор аст, ки масоҳати он ба 400 ҳазор метри мураббаъ бирасад, ки тавони қабули ду миллион ва 200 ҳазор зоирро хоҳад дошт.