Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз дидори Путину Обама чиро метавон интизор дошт?


Имкон дорад мавзӯи Украинаю Сурия дар меҳвари гуфтугӯҳои ин ду раҳбар қарор гирифта, вале бо эҳтимоли яқин бо эъломи баёнияи каммӯҳтавое анҷом шавад.

Рӯзи душанбеи 28 сентябр дар ҳошияи Маҷмаъаи Умумии СММ мулоқоти Барак Обама ва Владимир Путин баргузор хоҳад шуд. Бори ахир Обама дар моҳи июли соли ҷорӣ, пас аз дастёбӣ ба тавофуқи барномаи ҳастаии Эрон тавассути телефон бо Путин сӯҳбат карда буд.

Аз дидори феълӣ чиро интизор шуд? Дар ҳафтаи гузашта расонаҳои маъруфи ҷаҳонӣ барои ёфтани посух ба ин суол талош карданд. Ҳоло шарҳи фишурдаи Андрей Колесников, коршиноси Хазинаи Корнегии Маскав ба Настояшая Время манзуратон мешавад.

1. Дар ИМА муътациданд, ки мавзӯи аслии гуфтугӯҳои Обама ва Путин раванди иҷрои созишномаи Минск дар мавриди Украина аз ҷониби Русия хоҳад буд.

Бар асоси баёнияҳои мақомоти расмии Русия дар ин мулоқот сӯҳбат дар атрофи ҳаводиси Сурия сурат хоҳад гирифт. Ин ду мавзӯъ ба ҳам рабте доранд?

Дипломатҳои омрикоӣ ба зарурати гуфтугӯҳо бо Путин дар мавриди Украина ишора кардаанд, ки дар остонаи интихоботи маҳаллии рӯзи 25 октябр муҳим талақӣ мешавад.

Селеста Волландер, коршиноси аршади Шӯрои амнияти миллӣ дар умури Русия ба ҳангоми конфаронси матбуотии телефонӣ гуфт: “Ҳоло рӯшан нест, ки оё Русия ӯҳдадориҳои худ дар чорчӯби созишномаи Минскро иҷро мекунад ё хайр. Яъне, ба пуштибонии Русия аз интихоботи маҳаллӣ тибқи қавонини Украина ва таҳти назорати созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла, Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо ва бюрои ин созмон дар умури институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсон рабт мегирад”.

Дар шароити ҳозира бидуни баррасии вазъияти Украина миёни Русия ва Ғарб ҳеч гуна муросое нахоҳад шуд. Тасарруфи Қрим ва ҳимояти ҷудоихоҳон дар шарқи Украина аз сӯи Русия мухолифати ҷиддии дипломатиро пас аз даврони ҷанги сард ба миён овард. Рӯзномаи “Вашингтон пост” ба суханони Эндрю Вайс ишора кардааст, ки мегӯяд: “Ба чизе ки Путин мегӯяд ва ё коре, ки ӯ мекунад, дар Ғарб бовар надоранд”.

Аз ин лиҳоз, Путин талош хоҳад кард, то домани гуфтугӯр аз Украина ба Сурия кашонад, ки барои ҳалли ин мушкил Ғарб ба ҳамкории Русия ниёз дорад.

Агар ба талошҳои дипломатии раҳбарони Русия аз нигоҳи шаҳрвандони ин кишвар нигарем, мавзӯоти Украина ва Сурия марбути ҳамдигаранд. Андрей Колесников, коршиноси Хазинаи Корнегӣ мегӯяд: “Сурия ин давоми мантиқии Донбасс аст, ҷанги печидаи бӯҳрони иқтисодӣ дар пӯшиши низомию сиёсӣ, ки аҳамияти сафарбаркунӣ дорад”.

2. Интизориҳо аз дидори Путин бо раиси ҷумҳури Омрико

Ахиран Русия ба ҳузури худ дар Сурия шиддат бахшидаст. Марк Урбан, таҳлилгари Би-би-сӣ менависад: “Ҳоло Амрико мутмаин нест, ки дар Сурия бояд чӣ кор кунад. Дар Омрико дар мавриди муассирии ҳамлаҳои ҳавоӣ алайҳи неруҳои ба истилоҳ “Давлати исломӣ” баҳсҳое идома доранд”.

Раиси ҷумҳури Амрико барои сиёсати “ғайримуассир”дар қиболи Сурия доимо мавриди интиқод қарор мегирад. Мавҷи муҳоҷирон аз Сурия, ки тобистони соли ҷорӣ ба Аврупо сарозер шуданд, вазъиятро шадидтар кардааст. Ба гуфтаи як дипломати баландпояи ғарбӣ дар Маскав ба “Вашингтон пост”: “Новобаста ба он, ки дар оянда дар Сурия чӣ мегузарад, Русия ногузир иштирокчии ин раванд хоҳад буд”.

Ба андешаи Андрей Колесников, музокирот бо Русия дар қиболи ҳаводиси Сурия зарур аст, аммо дар Амрико аз мулоқоти феълӣ дар ин замина натоиҷи муҳимро интизор нестанд: “Раиси ҷумҳури Амрико дар ин росто пешрафти ҷиддӣ ва коҳиши шиддат дар сиёсати хориҷиро интизор нест. Шояд дар самти коҳиши шиддат дар равобит ва ҳалли бахе аз масоили фаннӣ дар мушкили Сурия пешрафте шавад.”

Зимнан, тақрибан дар ҳамин шакл музокироти Путин бо Бенёмин Натанёҳу, нахуствазири Исроил анҷом шуда ва онҳо дар мавриди ҷилавгирӣ аз “ҳусни тафоҳуми низомӣ”миёни ин ду кишвар дар ҳудуди Сурия тавофуқ карданд.

3. Путин чӣ мехоҳад?

Раиси ҷумҳури Русия, ки дар иртибот ба фаъолияти Русия дар Украина бо мухолифати ҷиддии Ғарб рӯбарӯ шудааст, бо ҷалби таваҷҷӯҳ ба Сурия ба азсаргирии гуфтугӯҳо бо Ғарб умед дорад. Коршинос Георгий Мирский менависад: “Қоидаи ҷанги нави сарди шурӯъшуда ба зарурати ҷустуҷӯ ба камбудиҳои рақиб таъкид мекунад. Обама ба Ховари Наздики Бузург, аз Сурияю Ливия то Афғонистон “часпидааст” ва тибқи мантиқи муқовимат дар ин ҷо бояд ҷиддан амал кунад.

Ба навиштаи нашрияҳои Ғарб, Путин Обамаро ба бунбаст бурдааст ва барояш дом омода кардааст”. Ба андешаи Андрей Колесников ҳадафи раиси ҷумҳури Русия чунин аст: “Путин ба ҷудосозии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷалби таваҷҷӯҳи сокинони кишвар бо “пирӯзиҳо”-и худ, ҳамчун шоҳин бо либоси кабӯтари сулҳ зоҳир хоҳад шуд. Табиист, ки ӯ ба беҳбуди равобит ва бекор кардани таҳримҳо умед намебандад”.

4. Аз рӯи кадом нукот эҳтимоли мувофиқати Путину Обама вуҷуд дорад?

Дар ҳоле, ки дар Ғарб аз заковати тактикии Путин ба ваҷҳ омадаанд, аммо камтар касоне ба вуҷуди нақшаи стратегии ӯ дар қиболи Сурия бовар доранд. Дар дидор бо Бенёмин Натанёҳу Путин ҳадафҳои худро дар Сурия шарҳ дод: ба гуфтаи ӯ, ҳадафи аслӣ нигоҳ доштани давлати Сурия аст.

Табиист, ки Сурияи воҳид дигар вуҷуд надорад ва Асад ҳеч гоҳ наметавонад соҳиби давлати пешин шавад. Аммо имкон дорад ӯ бахше аз кишварро ба шумули Димишқ, Ҳимо, Ҳимс ва соҳилҳои Латакиёро таҳти назорат дошта бошад.

“Маҳз бандари Тартус, ки киштиҳои Русия аз он истифода мекунанд, дар ин минтақа воқеъ аст. Мумкин аст, Русия дар ин ҷо пойгоҳҳои низомӣ, дарёӣ ва ҳавоӣ таъсис карда ва ба Ғарб нишон диҳад, ки барои хориҷ кардани ин кишвар аз феҳристи абарқудратҳои ҷаҳон, аз ҷумла, абарқудрат дар минтақаи баҳри Миёназамин ҳанӯз барвақт аст”-менависад Георгий Мирский.

Ба гумон аст, аз чунин вазъ хуши Амрико ояд. Аз ин лиҳоз, дар дидори Путину Обама стротегия матраҳ нахоҳад шуд. Андрей Колесников ҳадс задааст, ки Обама аз иқдомоти сулҳомез қонеъ мешавад: “Тавофуқ бар сари он хоҳад буд, ки дастфишорӣ аз занозанӣ беҳтар аст. Масоили фаннии Донбасс ва Сурия бошад ба ҳалл ниёз доранд”.

5. Ҳастанд чизҳое, ки раиси ҷумҳурии Омрикою Русия ҳеч гоҳ тавофуқ нахоҳанд кард?

Нуқтаи аслии сӯи тафоҳум миёни Русия ва Амрико ин сарнавишти баъдии Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия аст. Ғарб ӯро масъули кушта шудани сокинони ғайринизомӣ бар асари бомбаборон медонад ва дар ҳама гуна сенарияи ҳалли мухолифати Сурия барканории Асадро тақозо дорад.

Русия пешниҳод дорад, Башар ҳамчун раиси ҷумҳурӣ боқӣ монда ва сиёсатмадорони мухолифон ба ҳукумати нави Сурия шомил шаванд. Ҳамчунин, Русия исрор мекунад, ин кишвар аз шахси Асад пуштибонӣ накарда, балки ба нақши ҳукумати Сурия дар мубориза алайҳи ДИИШ таъкид дорад.

“Нахуст, мо Сурияро дар мубориза алайҳи “Давлати исломӣ” пуштибонӣ мекунем. Мо барои ҷилавгирӣ аз фалокати бузург дар минтақа талош мекунем. Вазифаи аслии мо на ҳимояти режим ё шахсият, балки пуштибонӣ аз давлати Сурия дар муқовиматаш дар баробари “Давлати исломӣ” аст. Ин созмони террористие, ки ба амнияти миллии Русия хатар эҷод мекунад”- гуфтааст Мария Захарова, намояндаи расмии Вазорати хориҷаи Русия.

Бо ин вуҷуд, ба эътиқоди Георгий Мирский, дурнамои ҳамкории ҳукумати феълии Сурия бо эътилофи байналмилалӣ алаҳи ДИИШ ғайривоқеӣ ба назар мерасад: “Варианти барканории марҳала ба марҳалаи Асад аз мақом ва ҷойгузин кардани шахси нисбатан муътадил чандон муваффақ ба назар намерасад. Афроде, ки дар муддати чор соли ахир ҷангидаанд, хостори барканории комили Асад ҳастанд. Ба ин далел, умед бастан ба талошҳои муштараки Русияву Амрико дар мубориза алайҳи ДИИШ бо шароити қобили қабули тарафайн душвор хоҳад буд”.

Андрей Колесников ҳам назари монанд ба ин дорад: “Муддати раёсати ҷумҳурии Обама поён меёбад, аз ин лиҳоз гумон аст, ки бо Путин дар масоили калидӣ тавофуқ кунад. Идомаи дӯстӣ бо Асад ба хотири мубориза бо террористон Обамаро қонеъ намесозад. Бад ин тартиб, музокироти баъдӣ тақрибан бемаънӣ хоҳад буд”.

Дидори рӯзи душанбеи Путину Обама ҳодисаи аввале нест, ки ҷонибҳо дар роҳи дастёбӣ ба тавофуқ ба мушкил рӯбарӯ шудаанд. Ҳадди ақал ин ду раҳбар шаш мулоқоти номуваффақ доштаанд.

XS
SM
MD
LG