Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон дари беш аз 20 дандонпизишкиро бастанд


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон фаъолияти 22 дандонпизишкии кишварро қатъ кардааст. Моликони ин муассисаҳо, ки баъзе хусусӣ ва бархеи дигар давлатӣ ҳастанд, барои риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ айбдор мешаванд.

“Назорат ҷиддӣ шудааст”

Насим Олимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон, рӯзи 9-уми феврал дар як нишасти матбуотӣ гуфт, баъди онки муассисаҳои хусусии дандонпизишкӣ зиёд шуд, назорат болои ин муассисаҳо ҷиддӣ гардид.

Насим Олимзода, вазири тандурустии Тоҷикистон.
Насим Олимзода, вазири тандурустии Тоҷикистон.

“Баъд аз чунин ҳолатҳо фаъолияти ҳар кадомашон дар вазорат баррасӣ мешавад. То ин замон ҳам назорат буд, албатта. Фаъолияти ин муассисаҳо ҳамеша назорат мешавад, зеро муассисаҳои дандонпизишкӣ, ба вижа, хусусӣ зиёд шудааст”, - афзуд Олимзода.

Дар Тоҷикистон дандонпизишкӣ яке аз касбҳои обрӯманд ва ба таъбире “равғанӣ” маҳсуб мешавад. Аммо айни замон, ба гуфтаи мутахассисон, кори дандонпизишк дар муқоиса бо табибони дигар сангинтар аст.

Талаби маълумотнома дар бораи гепатит

Соли гузашта бархе аз сокинони кишвар аз талаби ҳатмии маълумотнома дар бораи бемории г(ҳ)епатит дар муассисаҳои тиббии Тоҷикистон, ба хусус дандопизишкиҳо нигарон карда буд. Онҳо мегуфтанд, ҳангоми муроҷиат ба духтури дандон ба ҷойи табобат ба гирифтани маълумотнома дар бораи бемории “гепатит” маҷбур мешаванд.

Дар Маркази саломатии шаҳрии Душанбе ба Радиои Озодӣ тақозои санади озмоиши гепатитро таъйид карда гуфтанд, бар асоси қарори Вазорати тандурустӣ ва бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз густариши марзизии сироятии гепатити навъҳои Б ва С ин корро анҷом медиҳанд. Табибон мегӯянд, озмоиши хун ба хотири муолиҷаи дандон дар ниҳоят ба фоидаи худи бемор меанҷомад, чунки ӯ дар бораи вазъи сиҳатии худ, аз ҷумла вуҷуди вирусҳои хатарноке ба мисли гепатит ё ҳатто СПИД сари вақт огаҳ мешавад.

“Корашон хуб аст”

Аъзамшоҳи Ширговадӣ, сокини пойтахт, рӯзи 10-уми феврал гуфт, “сатҳи хидматрасонии дандонпизишкӣ дар кишвари мо дар муқоиса ба бахшҳои дигар хеле беҳтар аст. Инро ҳам аз таҷрибаи худ мегӯям ва борҳо аз намояндагони кишварҳои дигар низ шунидаам.”

Ба қавли ӯ, аммо чанд сол пеш ҳодисаҳои аз саҳлангорӣ ва бо як асбоб даво кардани якчанд бемор боис ба гузаштани амрози сироятӣ ба мардуми комилан солим мушоҳида шудааст. “Дар баробари ин, яке аз мушкилоте, ки бисёре аз муроҷиаткунандагон ёдовар мешаванд, қимати баланди хидматрасонӣ аст”, - афзуд ӯ.

“Кадрҳои Шӯравӣ беҳтаранд”

​Вале дар баробари муштариҳои розӣ аз кори дандозпизишкиҳо, онҳое ҳам кам нестанд, ки аз кори ин соҳа интиқод мекунанд. Хонум Дилрабо тӯли 10-15 соли ахир муштарии доимии дандонпизишкиҳост. Ӯ гуфт, аксар дандонҳои табиии ӯ рехтаанд ва маҷбур шудааст барои худ протез ё дандони сунъӣ кунад.

“Аммо ҷараёни таҳияи ин кор ҳеч гоҳ осон набуд”, - гуфт ӯ ва афзуд, “масъала дар ин аст, ки дар Тоҷикистон техник ё мутахассисони хуби гузоштани дандонҳои сунъӣ кам ҳастанд. Баъди ин қадар солҳо таҷрибаву сарсониҳо ман давоми панҷ соли охир танҳо ба як дармонгоҳе меравам, ки духтури он ҳанӯз даврони Шӯравӣ таҳсил кардааст. Ӯ аз назокати кори худ огоҳ аст ва ҳеч гоҳ нархи осмонӣ ҳам талаб намекунад”.

Хонум Дилрабо, ки зиндагиаш аз ҳисоби таъминоти писараш мегузарад, гуфт, нигоҳубини дандон воқеан ҳам пулу таваҷҷӯҳи доимӣ мехоҳад. Вай гуфт, ба хотири муолиҷаи босифат ва ҳам боварӣ ба кори духтур ба собиқадорҳо ва таҳсилкардаҳои мактабҳои шӯравӣ муроҷиат мекунад, на ҷавонҳои камтаҷриба.

Тағйирот дар кори дандонпизишкҳо

Дандонпизишкони тоҷик мегӯянд, бо гузашти вақт дар кори онҳо ҳам тағйироте пеш меояд. Ҳоло назар ба даврони шӯравӣ, сокинон зарурати ҳифзи саломатии дандони худро дарк мекунанд. Дар ҳолати маҳрум шудан аз дандон қишри доранда талош мекунад дандони сунъии наздик ба табиӣ, яъне садафро гузорад. Дар ҳоле ки дар даврони Шӯравӣ бархе талош мекарданд дандони тилло ё нуқра дошта бошанд.

Табибе дар яке аз дандозпизишкиҳои Душанбе рӯзи 10-уми феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, як донаи ин навъи дандон вобаста ба сифат аз 50 то 80 доллари амрикоӣ қимат дорад ва мизоҷон вобаста ба имконияти худ аз ин навъ дандонҳо насб мекунанд.

Ин мусоҳиби Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳоло ҳатто мардум дандонҳои тиллои худро ба ин навъи дандонҳои садафӣ иваз мекунанд. Ба гуфтаи вай, навъи дигари маъмул дандони нуқрагӣ аст. Аммо ба қавли пизишкон, аксарияти кулли муштариён мехоҳанд дандонҳои арзони пластикӣ монанд, чунки пули зиёд надоранд.

XS
SM
MD
LG